Маълумоти охирин
Главная / Илм / ПОЛИУРЕТАНҲО

ПОЛИУРЕТАНҲО

ПОЛИУРЕТАНҲО, як навъ полимерҳои синтезиро гӯянд, ки молекулаашон гурӯҳҳои —NН—СО—О— доранд. Полиуретанҳоро асосан дар натиҷаи таъсири мутақобили ди-ё полиизотсианатҳо бо спиртҳои ду ва сеатома ҳосил менамоянд. Полиуретанҳо моеъ ва сахт мешаванд. Аз таъсири кислота, равғанҳо ва бензин вайрон намешаванд. Полиуретанҳоро дар истеҳсоли пенопласт, каучук, термопласт, нах, лок ва ширешҳои полиуретанӣ истифода мебаранд. Полиуретанҳои пластикӣ асоси резинаҳои фарсуданашавандаанд.

poliuretanho

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …