Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ПОЛИТСИЯ

ПОЛИТСИЯ

politsiya

ПОЛИТСИЯ (немисӣ  Polizei аз юнонӣ Politeia — идоракунии давлат, маъмурият), дар давлатҳои истисморгар системаи органҳои махсуси назорату маҷбуркунӣ ва қӯшунҳои ҷазодиҳии хизмати дохилие, ки сохти мавҷудаи ҷамъиятиро ба таври зӯрӣ ошкоро ҳимоя мекунанд. К. Маркс Политсияро яке аз нишонаҳои ибтидоии давлат номидааст. Политсия бештар дар асрҳои миёна, алалхусус, дар давраи мутлақият инкишоф ёфтааст. Буржуазия ҳокимиятро ба даст дароварда, Политсияро нигоҳ дошта, такмил дод ва он минбаъд чун армия ба такягоҳи давлати буржуазӣ табдил ёфт. Политсия яке аз аслиҳаҳои асосии давлат буда, дар ҷамъияти истисморӣ ҳамеша аз халқ ҷудо ва ба халқ зид мебошад. Дар Россия Политсияро чун ташкилоти мустақил аввалин шуда Пётри I (соли 1718) таъсис намудааст. Он ба Пооитсияи умумӣ, Политситемияи нозири тартибот ва Политситемияи сиёсӣ тақсим мешуд. Политситемияи хизмати махсус низ вуҷуд дошт (қасрӣ, бандарӣ, ярмаркагӣ ва ғайра). Ба Политситемия Вазорати корҳои дохилӣ, ки департаменти махсуси политсия дошт, роҳбарӣ мекард. Ба системаи департаменти политсия управленияи шаҳрии политмия бо сардории политсмейстр, қисмҳо ва участкаҳои политсиягӣ, ки онҳоро приставҳои қисм ва участка роҳбарӣ мекарданд, шӯъбаҳои участка ва звеноҳои поёнии постҳои шаҳрӣ дохил мешуданд. Дар шаҳрҳои уездӣ ва уездҳо органҳои Политситемия ба ҳайати управленияи политсия (бо сардори политсияи уезд), ки он тобеи губернатор буд, дохил мешуданд. Ҳамаи ин системаи маротиб ваколатҳои калон дошт. В. И. Ленин қайд карда буд, ки «мутлақияти подшоҳ мутлақияти политсия аст» (Ас., ҷ. 6 саҳ. 375). Дар давлатҳои капиталистии ҳозира Политситемия асосан дар мубориза ба муқобили ҳаракатҳои револютсионӣ, коргарӣ ва қувваҳои прогрессивии демократӣ истифода мешавад. Ду шакли системаи Политситемияи милли: марказонидашуда (Австрия, Франсия ва ғайра) ва ғайри марказонидашуда (Британияи Кабир, РФГ) вуҷуд дорад. Соҳаҳои амалиёти Политситемияро асосан ба чунин шаклҳо ҷудо кардан мумкип аст: Политситемияи идоракунӣ; Политситемияи бехатарӣ; Политситемияи ҷиноятӣ; Политситемияи маъмурӣ (кабинетӣ); Политситемияи сиёсӣ (махфӣ); Политситемияи ҳарбӣ. Дар ИМА  Политситемияи федералӣ аз Бюрои федералии тафтишӣ (БФТ) ва як қатор дигар идораҳои Политситемиягӣ иборат мебошад.

Дар мамлакатҳои буржуазӣ Политситемияи хусусӣ вуҷуд дорад, ки он ҷиноятҳои хусусиро ҷустуҷӯ карда, объектҳои калони саноатӣ, нақлиётӣ, банкӣ ва ғайраро посбонӣ менамонд. Хизмати Политситемиягӣ дар қӯшунҳои хушкигарди қувваҳои ҳарбии баъэе мамлакатҳои хориҷӣ (ИМА, Британияи Кабир, РФГ ва ғайра) ба Политситемияи ҳарбӣ дохил мешавад. Ба ӯҳдаи он назорати роҳ, дастгар кардани дезертирҳо ва хизматчиёни ҳарбии гунаҳкор, посбопони маҳбусони ҳарбӣ, пешгирӣ ва тафтиши ҷиноят, эвакуатсияи асирони ҳарбӣ ва ғайра гузошта мешавад. Гурӯҳ ва қисмҳои Политситемияи ҳарбӣ чун қӯшунҳои хизмати дохилӣ низ истифода мешаванд.

Истилоҳи « Политситемия» дар баъзе давлатҳои сотмиалистӣ низ истифода бурда мешавад. (масалан, Политситемияи халқӣ дар РДГ, ки манфиатҳои меҳнаткашонро ҳимоя мекунад).

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …