Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Деҳаи ПОЛИТОТДЕЛ

Деҳаи ПОЛИТОТДЕЛ

ПОЛИТОТДЕЛ, деҳаест дар Совети қишлоқи Иттифоқи райони Куйбишев, вилояти Қӯрғонтеппа. Территорияи колхози «Озарбойҷон». Аз Политотдел то маркази Совети қишлоқ 3 км, то район 4 км; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 1000 нафар (1981), тоҷикон ва ӯзбекҳо. Деҳа кинотеатр, фермаи говпарварӣ ва магазин дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ пахтакорист. Заминҳо аз дарёи Вахш обёрӣ мешаванд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …