Маълумоти охирин

СИЁСАТ

  СИЁСАТ (арабӣ— идора кардани корҳои халқ, идораи мамлакат, корҳои давлатӣ ва чамъиятӣ). Як соҳаи фаъолияти одамиро гуянд, ки бо муносибати синфҳо, миллатҳо ва дигар гурӯҳҳои иҷтимоӣ алоқаманд буда, ба даст овардан, нигоҳ доштан ва истифодаи ҳокимияти давлатӣ мақсади он аст. Иштирок дар корҳои давлатӣ, муайян намудани шакл ва вазифаҳои он мазмули фаъолияти давлатиро ташкил медиҳад.

  Сиëсат «… сохти ҳокимияти давлатиро дар бар мегирад» (Ленин В. И., Асарҳо, ҷилди 19, саҳифаи 110). Тағйиру инкишофи муносибатҳои сиёсӣ натиҷаи тағиирот ва инкишофи сохти иқтисодии ҷамъият аст. Ин маънои онро надорад, ки Сиëсат унсури дассиви иқтисодиёт бошад. Бо вуҷуди асоси Сиëсатро ташшкил додани иқтисодиёт минбаъд ташкилот ва ғояҳои сиёсӣ ба пешрафти иқтисодиёт таъсири калон мерасонад. В. И. Ленин фаъолии Сиëсатро дар инкишофи иқтисодиёт қайд карда, зарурати аз мавқеи Сиëсат ба ҳамаи масъалаҳои хоҷагӣ, ташкили муносибат карданро таъкид мекард: «Сиёсат ифодаи пурраи иқтисодиёт аст» ва «сиёсат назар ба иқтисодиёт бартарӣ надошта наметавонад» (Асарҳо, ҷилди 32, саҳифаи 78). Ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ бояд ба вазифаи асосӣ — мустаҳкам намудани ҳокимияти сиёсӣ тобеъ бошад, «… ба масъала аз нуқтаи назари сиёсӣ дуруст нигоҳ накарда, синфи муайян ҳукмронии худро нигоҳ доштан наметавонад ва аз ҳамин рӯ вазифаи истеҳсолотии худашро ҳам иҷро карда наметавонад» (Ленин В. И., Асарҳо, ҷилди 32, саҳифаи 79). Ба таври умумӣ вазифаи роҳбарии сиёсӣ аз ҳалли чунин масъалаҳо иборат аст; якум, гузориши масъалаҳои муҳим, равшан муайян намудани мақсадҳои перспективӣ ва наздик, ки бояд дар фосилаи муқарраршудаи вақт ҳал карда шаванд; дуюм, ба вуҷуд овардани метод, восита, шаклҳои фаъолияти ҷамъиятӣ ва ташкилотҳое, ки бо ёрии онҳо вазифаҳои ба миён гузошташуда ба осонӣ ҳал карда мешаванд; сеюм, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳое, ки ба фаҳмидану иҷрои вазифаҳои гузошташуда қодиранд. Ҳар кадоми ин вазифаҳоро дар асоси таҳлили конкретии вазъияти конкретӣ ва интихоби дурусти роҳи самараноку қулаи ҳалли вазифаҳои сиёсӣ ба амал овардан мумкин аст. Сиëсатии давлатӣ ба ду қисм, яъне дохилӣ ва берунӣ тақсим мешавад.

Партия ҳамагуна зуҳуроти аз Сиëсат дур шудан, беамалиётии сиёсиро маҳкум намуда, бар зидди идеологияи буржуазӣ ва ревизионистӣ муборизаи оштинопазир мебарад. Дар шароити имрӯза Сиëсати дохилии Партияи Коммунистӣ ва Давлати Советӣ ба сохтмони васеи коммунизм равона шудааст. Маҳз ҳамин мақсад Сиëсати берунии мамлакати моро муайян мекунад. Аз ин рӯ, фароҳам овардани шароит барои сохтмони коммунизм дар СССР, ҳаматарафа мустаҳкам ва пойдор намудани системаи ҷаҳонии сотсиализм, дастгирӣ намудани муборизаи озодихоҳонаи халқҳо, зарбаи қатъӣ задан ба сиёсати ҷангҷӯёна ва агрессивии мамлакатҳои империалистӣ мақсади асосии Сиëсати берунии давлати моро муайян мекунад. Маҳз барои ҳамин ҳам сиëсати партияҳои коммунистӣ ва давлатҳои сотсиалистӣ аз тарафи аҳли оммаи меҳнаткаши ҷаҳон дастгирӣ карда мешавад. Сиëсат то давраи ба даст овадани ягонагии пурраи иҷтимоии инсоният боқӣ мемонад.

                                          А. Муҳаббатов, Ҳ. Соҳибназаров.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …