Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Ҷазираи ПОЛИНЕЗИЯ

Ҷазираи ПОЛИНЕЗИЯ

ПОЛИНЕЗИЯ (аз поли… ва юнонӣ nesos — ҷазира), ҷазтраҳои Уқёнусия, ки дар қисми марказии уқёнуси Ором воқеъ гаштааст. Полинезия ҷазираҳои Тонга (давлати мустақил аз 1970), ҷазираҳои Гавай (штати ИМА), ҷазираҳои Эллис, Феникс (мулки Британия), Токелау, галаҷазираҳои Кук (мулки Зеландияи Нав), Самоаи Ғарбӣ (давлати мустақил аз 1962), Самоаи Шарқӣ (мулки ИМА), Лайи ё Спорадҳои Полинозияи Марказӣ (мулки Британияи Кабир ва ИМА), Тубуаи, ҷазираҳои Маркиз, ҷазираҳои Ҷамъият, Туамоту (мулки Франсия), Пасха (мулки Чили) ва ғайраро дар бар мегирад. Зеландияи Навро низ ба Полинезия мансуб медонанд. Масоҳати Полинезия ( бе Зеландияи Нав) қариб 26 ҳаор км2. Аҳолиаш қариб 1,2 млн нафар (1974).

polinezii

Пайдоиши ҷазираҳо асосан вулқонӣ ва ё марҷонист. Релефи ҷазираҳои вулқонӣ — кӯҳсор (баландиашон зиёда аз 4000 м, ҷазираҳои Гавай 4205 м) ва ҷазираҳои марҷонӣ — пасту ҳамвор. Дар ҷазираҳои Гавай ва Самоа вулқонҳои амалкунанда мавҷуданд. Аксари ҷазираҳо бо рифҳои марҷонӣ иҳота шудаанд. Иқлими Полинезия экваторӣ ва тропикии пассатӣ.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …