Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПОЛИКАРПОВ Николай Николаевич

ПОЛИКАРПОВ Николай Николаевич

polikarpov

ПОЛИКАРПОВ Николай Николаевич (8. 7. 1892, слободаи Георгиевская, ҳозира райони Линини вилояти Орëл—30. 7. 1944, Москва), авиаконструктори советӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1940).

Баъди хатми Институти политехникии Петроград ва курсҳои авиатсия ва ҳавопаймоии назди ин институт (1916) дар заводи Русу Балтика (Петроград) кор карда, дар кори сохтмони самолёти «Иля Мурометс» иштирок намуд. Аз соли 1918 дар Москва ба коркарду сохтани навъҳои гуногуни самолётҳо роҳбари кард. Солт 1923 аввалин самолёти қиркунандаи ватанӣ И-1 (ИЛ- -400), солт 1928 қиркунандаи И-3 ва самолёти таълимии У-2 (По-2)-ро сохт. Солҳои 1933—1938 бо роҳбарии Поликарпов самолётҳои қиркунандаи И-15, И-16 ва И-153 «Чайка» бунёд карда шуданд, ки асоси авиатсияи қиркунандаи советиро дар солҳои пешазҷангӣ ташкил доданд. Дар солҳои 1938—1944 як қатор самолётҳои ҳарбии таҷрибавиро ихтироъ кард. Поликарпов яке аз аввалин конструкторонест, ки лоиҳакашии самолётҳоро ба қисматҳои тахассусӣ ҷудо кард. Аз соли 1943 профессори Институти авиатсионии Москва. Депутати Совети Олии СССР (даъвати 1), лауреати Мукофотҳои давлатни СССР (1941, 1943). Бо 2 ордени Ленин ва ордени Ситораи Сурх мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …