Маълумоти охирин
Главная / Илм / ПОЛИБУТАДИЕНҲО

ПОЛИБУТАДИЕНҲО

ПОЛИБУТАДИЕНҲО [—СН2—СН=  СН—СН2—], як навъ полимерҳои сиптезианд; маҳсулоти полимеризатсияи бутадиен. Бо ингредиентҳои хока ва моеъ омехта, бо каучукҳои табиӣ ва синтезӣ пайваст, дар бензол ва галогенҳосилаю алкилҳосилаҳои он, галогенҳосилаи карбогидридҳои алифатӣ ҳал мешаванд. Полибутадиенҳо вобаста ба тарзи полимеризатсия ё шароити реаксия (навъи инитсиатор ё катализатори истифодашаванда, ҳарорати реаксия ва ғайра) аз рӯи хосияташон гуногун мешаванд. Дар саноат (ИМА) 1,4 -транс- Полибутадиенҳо бо номи «транс-4» истеҳсол мешавад. Онро барои истеҳсоли тагчарми пойафзол, масолеҳ барои рӯйпӯш кардани фарши хона, прокладка ва дигар маснуоти техникӣ истифода мебаранд.

polibutadieni

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …