Маълумоти охирин
Главная / Биология / ПОЛИАРТРИТ

ПОЛИАРТРИТ

ПОЛИАРТРИТ (аз поли… ва юн. arthron — банд, буғум), якбора ё пасиҳам газак гирифтани якчанд банду буғумҳои одами гирифтори тарбод, грипп ва дардҳои дигар. Ҳангоми Полиартрит банду буғумҳо варам карда, дард мекунанд, серхунии пӯст ба вуҷуд меояд, ҳаракат кардан душвор мегардад ва банду буғумҳо қату каҷ мешаванд.

poliartrit

М у о л и ҷ а: истифодаи антибиотикҳо, воситаҳои антигистаминӣ, иммунодепрессантҳо, воситаҳои рафъи дарду зиддиилтиҳобӣ, физиотерапия. Ниг. низ Артрит.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …