Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПОЛЕВОЙ Борис Николаевич

ПОЛЕВОЙ Борис Николаевич

polevoy-b-n

ПОЛЕВОЙ (тахаллусаш; фамилияаш— К а м п о в) Борис Николаевич (17. 3. 1908, Москва —12, 7. 1981, ҳамон ҷо), нависандаи советии рус, ходими ҷамъиятӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1974).

Аъзои КПСС аз соли 1940. Техникуми саноатии шаҳри Тверро хатм намудааст (1926). Иштирокчии Ҷанги Иттифоқи Советӣ ва Финляндия (1939—1940). Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—1945) мухбири ҳарбии «Правда» буд. Аввалин повести очеркиаш — «Ёддоштҳои шахси шабушдор» (1927). Муаллифи повести «Сехи пурҳарорат» (1939). Дар китоби Полевой «Достони марди ҳақиқӣ» (1946; Мукофоти давлатии ООСР, 1947; тарҷ. тоҷ. 1951) иродаи матин ва мардонагии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ, лётчик

А. П. Маресев тасвир шудааст. Ин асар дар СОСР ва дар хориҷа шӯҳрати калон пайдо намуд. Маҷмӯаи очеркҳо ва ҳикояҳои «Мо одамони советӣ» (1948; Мукофоти давлатии СССР, 1949), романҳои «Тилло» (1949—1950, филми ҳамном, 1970), «Ақибгоҳи дур» (1958), «Дар соҳили бекас…» (1962; филми ҳамном, 1966), «Доктор Вера» (1966; филми ҳамном, 1968) ва ғайра ба мавзӯи қаҳрамонии одамони советӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, барқарор шудани хоҷагии халқ дар солҳои баъди ҷанг оиданд. Дар маҷмӯаҳои очеркҳои «Рӯзномаҳои америкоӣ» (1956; Мукофоти байналхалқии Сулҳ, 1959), «Дар гирди олам» (1958), «30 ҳазор ли дар роҳҳои Хитой» (11057) ва ғайра хотираи сафарҳои хориҷии нависанда гирд оварда шудаанд. Полевой аз соли 1962 сармуҳаррири журнали «Юност», аз соли 1967 котиби Правленияи ИН СССР. Аъзои бюрои Совети Умумиҷаҳонии Сулҳ ва Президиуми Комитети Советии тарафдорони сулҳ, ҷоиб-президенти Ҷамъияти европоии маданият (аз соли 1952) буд. Бо 2 ордени Лении, ордени Револютсияи Октябр, 6 ордени дигар ва инчунин медалҳо, Медали тиллои Сулҳ (1968), орденҳо ва медалҳои хориҷӣ мукофотонида шуда буд. Бисёр асарҳои Полевой ба забонҳои хориҷӣ тарҷума шудаанд.

Ос.: Достони марди ҳакиқӣ. Сталинобод, 1951; Эти четыре года. Из записок военного корреспондента, т. 1—2, М., 1974.

Ад.:       Русские советские писатели —прозаики. Биобиблиографический указатель, т. 3, М.. 1964.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …