Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПОГОРЁЛОВ Алексей Василевич

ПОГОРЁЛОВ Алексей Василевич

pogorelov-a-v

ПОГОРЁЛОВ Алексей Василевич (таваллудаш 3. 3. 1919, шаҳри Короча, ҳозира вилояти Белгород), математики советӣ, акад. АФ СССР (1976; аъзо-корр. 1960), акад АФ РССУ (1961; аъзо- корр. 1951). Академияи ҳарбии ҳавоии- инженерии ба номи Н. Е. Жуковскийро (1945) хатм кардааст. Солҳои 1947—1960 дар Университети Харков, аз 1960 ин ҷониб дар Институти физика ва техникаи ҳароратҳои пасти АФ РССУ кор мекунад. Асарҳои асосии Погонофораҳо ба тартиб додани назарияи тамоми сатҳҳои барҷаста, тадқиқоти қатшавии сатҳҳо, асосҳои геометрия ва ғайра оиданд. Депутати Совети  Олии РССУ (даъвати 8). Лауреати Мукофоти давлатии СССР, (1950), Мукофоти ленинӣ (1962) ва Мукофоти ба номи Н. И. Лобачевский (1959).

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …