Главная / Биология / ПОДЗАҲР

ПОДЗАҲР

pozahr

ПОДЗАҲР, позаҳр, повзаҳр, тарёк, антидотҳо, моддаҳое, ки заҳрро дар бадан безарар гардонида, бодҳои аз заҳролудшавӣ ба вуҷуд омадаро пешгирӣ ё бартараф менамоянд. Аз ҷиҳати сохту таркиб, хосияту таъсири фармакологӣ Подзаҳрҳо гуногун буда, ҳар яки онҳо фақат бар зидди заҳрҳои алоҳида фоидабахшанд. Подзаҳр дар тиб аз қадим истифода мешавад. Асоси Подзаҳрҳои қадимаро доруҳои мураккаб — тарёкҳо ташкил медиҳанд. Ибни Сино таркибу хосият ва усули тайёр кардани зиёда аз 20 хели тарёки гуногунро дар китоби панҷуми «Ал-Қонун» иншо намудааст. Таркиби ҳар яки он хеле мураккаб буда, аз омехтан як қатор қиёмҳо, шакидаи гул, ордаки барг, шираю равғани наботот бо моддаҳои минераливу ҳайвонӣ (махсусан гӯшти мори афъӣ) иборат аст. «Тарёки кабир» (яктарафкунандан марг ва ҳаёт ё дуркунандаи заҳр аз бадан) тарёки маъмултарин ба шумор меравад. Ин тарёк аз 70 ҷузъ таркиб ёфтааст. Дар тибби қадима тарёкҳоро ҳангоми заҳролудшавӣ аз гиёҳҳои заҳрнок, марги муш, симоб ё дигао заҳрҳои минераливу сунъӣ (масалан сулема), газидани мор, каждум ва дигар ҷонварони заҳрнок, инчунин дар вақти ба дараҷаи хеле вазнин расидани бемориҳои ҷигар, гурда, меъда ва махсусан бемориҳои дил васеъ истифода мебурданд. Дар тибби имрӯза як қатор Подзаҳрҳоро барои безарар кардани заҳр якҷоя бо дигар доруҳои устуворкунандаи фаъолияти асаб, дил ва барқароркунандаи узвҳои ҳаётан муҳим ба кор мебаранд.

Аз рӯи тарзи таъсири фармаколотӣ Подзаҳрҳо ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд: Подзаҳрҳое, ки дар дохили меъда заҳрро такшон менамоянд ва Подзаҳрҳое, ки заҳрро бо усули химиявӣ безарар мегардонанд. Ба гурӯҳи якум шир ва сафедаи тухм (бо як қатор заҳрҳо пайвастҳои ҳалнашаванда ҳосил мекунанд), перманганати калий (заҳрҳои органикиро оксидонида, такшон менамояд), таннин (0,5%; як қатор моддаҳои органикиву ғайриоргаликӣ ва алкалоидҳоро такшон мекунад), ангишти фаъолонида (ҳамчун адсорбент моддаҳои органикӣ ва ғайриорганикиро ба худ ҷазб менамояд), оксиди магний (аксарияти кислотаҳоро нейтрализатсия мекунад) дохил мешаванд. Баъди қабули ин Подзаҳрҳо меъдаи заҳролудшударо паи ҳам шустан лозим. Ба гурӯҳи дуюм унитиол ва БАЛ — антилюизити британӣ (заҳрҳои гурӯҳи марги муш, симоб ва ғайраро пайваст намуда, ферментҳои SH-дори бофтаҳоро аэ таъсири заҳрқо эмин медорад), Подзаҳрҳои комплексӣ — тебатсини калсий (ЭДТА), пентатсин, дефероксан, пенитсилламин (моддаҳое, ки дар таркиби хун ба як қатор металлҳои ду ва севалентаи заҳрнок пайваст шуда, пайвастҳои камдиссотсиатсияшаванда ҳосил мекунанд ва онҳо бо пешоб аз бадан хориҷ мешаванд), Подзаҳрҳои зидди моддаҳои заҳрноки органикии фосфор (МЗОФ)- атропин, тропатсин, апрофен, доруҳои дипироксиму изонитрозин ва Подзаҳрҳои диметгемоглобинҳосилкунанда— метилени нилӣ, хромосмон ва ғайра мансубанд. Ниг. низ Заҳрҳо. Токсикология.

Ад.: Аб у а л и ибн С и н а. Канон врачебной науки, кн. 5, Ташкент, 1960; Г о л и к о в С. С., Неотложная помощ при острых отравлениях, М., 1977; М а ш- ковский М. Д.. Лекарственлые средства, ч. 2, М., 1977. Ю. Н. Нуралиев.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАҲО

САФЕДАҲО, протеинҳо, моддаҳои органикии калонмолекулаи табииеро гӯинд, ки аз аминокислотаҳо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …