Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПОДВОЙСКИЙ Николай Илич

ПОДВОЙСКИЙ Николай Илич

podvoyskiy-n-i

ПОДВОЙСКИЙ Николай Илич (16. 2. 1880, деҳаи Кунашовкаи ҳозира райони Нежини вилояти Чернигов —28. 7. 1948, Москва), ходими партиявӣ ва ҳарбии советӣ. Аз оилаи муаллим. Аъзои Партияи Коммунистӣ аз соли 1901. Соли 1894 дар Семинарияи динни Чернигов таҳсил кард. Аз соли 1898 дар ҳаракатҳои револютсионӣ иштирок намуд. Дар Украина, Ярославл, Иваново-Вознесенск, Петербург ва дигар шаҳрҳо пинҳонӣ кори револютсионӣ бурд. Барои фаъолияти револютсиониаш борҳо ҳабс шудааст. Солҳои 1910—1914 дар ташкил намудани газетаи «Звезда» ва «Правда» иштирок дошт. Иштирокчии Револютсияи феврали 1917. Аъзои аввалини Комитети легалии петербургии РСДРП(б), депутати совети Петроград ва роҳбари ташкилоти Ҳарбии назди Комитети петербургии партия, Раиси Бюрои Умумироссиягии ташкилотҳои ҳарбии Фронт ва ақибгоҳи назди КМ РСДРП(б). Яке аз ташкилотчиёни Гвардияи Сурх. Вакили Конференсияи 7-ум (апрелӣ) ва Съезди 6-уми партия. Дар рӯзҳои Шӯриши Октябр раиси КҲР, яке аз роҳбарони штурми Қасри Зимистона буд. Ноябри 1917— марти 1918 комиссари халқӣ оид ба корҳои ҳарбии РСФСР, аз январи 1918 раиси Коллегияи Умумироссиягӣ оид ба таъсис ва ташкили Армияи Сурх. Аз марти 1918 аъзои Совети олии ҳарбӣ, раиси Инспексияи олии ҳарбист. Январ— сентябри 1919 комиссари халқии ҳарбӣ- баҳрии Укранна. Декабри 1919—1923 сардори таълими умумия ҳарбӣ ва қисмҳои махсус. Солҳои 1920—1923 раиси Совети Олии тарбияи ҷисмонӣ ва 1921—1927 раиси Спортинтери. Вакили съездҳои 14—16-уми партия; дар съездҳои 13—15 аъзои Комиссияи марказии назорат интихоб гардид. Аз соли 1935 нафақахӯри шахсӣ. Бо ордени Байрақи Сурх мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …