Маълумоти охирин
Главная / Биология / ПОДУМҲО

ПОДУМҲО

podumho

ПОДУМҲО (Соllembola), як қатори ҳашаротҳои дараҷаи пастро гӯянд, ки ба зерсинфи аптериготҳо мансуб аст.  Подумқо ҳашароти нахустбебол буда, сохти хеле содда доранд. Андозаашон 0,2—2 (баъзан 5—10) мм. Хелҳои Подумқо ниҳоят бисёр буда, онҳо дар хоку наботот зиндагӣ мекунанд; дар 1 м2 ҷангал, дашт ва алафзор садҳо ҳазор Подумқоро дидан мумкин аст. Подумқо қадимтарин мавҷудот буда, дар тамоми қитъаҳои олам (ҳатто дар Антарктида) зиндагӣ мекунанд. Подумқо боқимондаи наботот, занбӯруғҳои обӣ, обсабзҳо, гулсангҳо, ҷасади мурда ва ғайраро мехӯранд. Онҳо дар хокҳо силшавӣ, гардиши моддаҳо дар табиат ва усули зоологии индикатсия хок роли калон мебозанд. Баъзе Подумқо дар рӯи оби обанбору баҳрҳо ва ғорҳо зиндагӣ мекунанд. Баъзеи дигарашон (масалан  Sminthurus virides) зараррасони зироатҳои лӯбиёгӣ мебошанд. Дар Тоҷикистон зиёда аа 100 намуди Подумқо омӯхта шудааст; дар байни онҳо як қатор намудҳои «арктикию алпӣ», ки ҳам дар ҷазираҳои уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ, ҳам дар кӯҳҳои баланди Помиру Олой дучор мешаванд, инчунин чанде аз намудҳои фаунаи Ҳиндустону Малай ва Ҳимолой мавҷуданд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …