Главная / Техника / ПОДШИПНИК

ПОДШИПНИК

podshipnik

ПОДШИПНИК, такягоҳи навард ё меҳвари мошину механизмҳост, ки вазъияти ин қисмҳои чархзанандаро нисбат ба қисмҳои дигар маҳдуд дошта, таъсири бори (нагрузкаи) навардро бевосита қабул намуда, ба равон чарх задани он мусоидат мекунад. Подшипникҳо вобаста ба самти қабули бор радиалӣ, тирӣ ва радиа л ӣ-т и р ӣ мешаванд. Аз рӯи принсипи кор Подшипникҳо ба Подшипникҳои л а ғ ж и ш ва Подшипникҳои ғ е л и ш тақсим мешаванд. Сатҳи такягоҳи Подшипники л а ғ ж и силнидрӣ, копусӣ ё куравӣ буда, он дар шароити соиши хушк (беравған), нимхушк ё равғандор кор карда метавонад. Оддитарин Подшипники лағжиш комаест, ки дар танаи мошин канда мешавад; аксар вақт ба ин кома таҳмон (дар Подшипникҳои ҷудонашаванда) ё втулка (дар Подшипникҳои ҷудошаванда) мегузоранд, ки аз масолеҳи антифриксионӣ (баббит, текстолит, резина ва ғайра) сохта мешавад. Подшипники ғ е л и ш одатан  аз ҳалқаҳои дарунию берунӣ, саққоча ё ғалтакчаҳо ва сепаратор (детале, ки саққову ғалтакчаҳоро дар масофаҳои муайян аз ҳамдигар нигоҳ медорад) иборат аст. Подшипникҳои ғелиш аз рӯи шакли саққову ғалтакчаҳо ва сатҳи кории ҳалқаҳо саққодор, саққодори сферикӣ, ғалтакчадори силиндрӣ, ғалтакчадори конусӣ, ғалтакчадори сферикӣ, ғалтакчадори сфероконусӣ ва ғайра; мувофиқи миқдори саққову ғалтакчаҳо якқатора, дуқатора, бисёрқатора; вобаста ба дараҷоти дақиқӣ оддӣ, мӯътадил, саҳеҳ хеле саҳеҳ, претсизионӣ ва ғайра мешаванд. Подшипникҳои ғелишро аа пӯлодҳои баландсифат тайёр мекунанд. Подшипникҳо дар мошинсозӣ, киштисозӣ, самолётсозӣ ва ғайра истифода мешаванд.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

samosval

САМОСВАЛ

САМОСВАЛ, мошини худрез, автомобил, присеп ё нимприсепи боркашест, ки худ борашро холӣ мекунад. Самосвал барои …