Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри ПОДОЛСК

Шаҳри ПОДОЛСК

ПОДОЛСК, шаҳрест дар вилояти  Москваи РСФСР, маркази райони Подолск. Дар соҳили дарёи Пахра (шохоби дарёи Москва) воқеъ гаштааст. Стансияи роҳи оҳан дар 43 км ҷанубтари Москва. Аҳолиаш 202 ҳазор нафар (1979). Подолск маркази калони саноатии вилояти Москва буда, дар он соҳаҳои гуногуни саноат тараққӣ кардааст. Дар Подолск мошинҳои дарздӯзӣ, дегҳои буғдиҳи, ҳар гуна таҷҳизот (барои корхонаҳои коркарди нефт), кабел, семент ва дигар хел масолеҳи бинокорӣ тайёр карда мешавад. Ёдгории меъмориаш калисои ҷомеи Троитса (1819 —1825). Филиали Институти умумииттнӯифоқии ғоибонаи политехникӣ, 2 техникум ва омӯзишгоҳи тиббӣ мавҷуданд. Хона-музеи В. И. Леннн ҳаст.

podolsk-city

Ҷои ҳозираи Подолск деҳаи Подол (асри 18) буд. Аз соли 1781 ба шаҳри уездӣ табдил ёфт. Дар Подолск оилаи Уляновҳо зиндагӣ карда, ба ин ҷо борҳо В. И. Ленин омадааст. Аз охири асри 19 саноати шаҳр хеле ривоҷ ёфт (заводҳои семент, васли қисмҳои мошини дарздӯзии Зингер ва ғайра сохта шуданд). Шаҳр бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат мукофотонида шудааст (1971).

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …