Главная / Гуногун / ПОЧТАИ ДИПЛОМАТӢ

ПОЧТАИ ДИПЛОМАТӢ

ПОЧТАИ ДИПЛОМАТӢ, кашондани мактубҳои конвертдор (коғазхалта), ҷомадону борхалтаҳое, ки аз тарафи органҳои ваколатдор сурғуч, мӯҳру имзо гардида, ба онҳо варақаи куръера пур карда шуда, тавас­сути куръер ба ҷои муайян фиристода мешаванд. Адреси дар рӯи Почтаи дипломатӣ навишташуда бояд ба адреси курэрӣ мувофиқат кунад ва дар он аломати шартии «Expedition officale» бояд сабт гардад. Почтаи дипломатӣ мутлақо дахлнопазир аст (моддаи 27, қ. 3, Конвенсияи Вена оид ба муносибатҳои дипломатӣ, 1961), Мувофиқи Конвенсияи Вена аломатҳои дар рӯи. Почтаи дипломатӣ сабтшуда, ки моҳияти онро муайян мекунанд, бояд фақат аз ҳуҷҷату ашёи дипломатии барои истифодаи расмӣ таъиншуда иборат бошанд. Фиристандаи Почтаи дипломати уҳдадор аст қоидаҳои мазкурро қатъиян риоя намояд. Намояндагони расмни давлате, ки ба он Почтаи дипломатӣ фиристода мешавад, фақат аз рӯи аломатҳои фарқкунандаи почта (на бо роҳи кушода хондан ва дидан) бояд му­айян кунанд, ки он Почтаи дипломатӣ аст. Дар Низомномае, ки дар СССР «Оид ба намояндагии дипломатӣ ва консулии давлатҳои хориҷӣ дар территорияи ССCP (аз 23 май 1966) вуҷуд дорад, гуфта мешавад, ки Почтаи дипломатиро дар ҳеҷ гуна шароит кушодан мумкин нест, он бо тафтишу назорат аз сарҳад гузаронида мешавад. Фақат аа рӯи ва­рақаи куръера мувофиқати миқдории он тафтиш мешавад. Аслан Почтаи дипломатӣ бо куръери дипломатӣ фиристода мешавад.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …