Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПОЧОҶОНОВ Далер Набичонович

ПОЧОҶОНОВ Далер Набичонович

ПОЧОҶОНОВ Далер Набичонович (таваллудаш 3. 4. 1937, Душанбе), геолог ва минералоги советӣ, доктори илми геологияю ми­нералогия (1976), профессор (1982). Соли

1959 факултети геологияи Университети Дав­латии Москва ба номи Ломоносовро хатм кард. Солҳои 1959—1963 аспиранти Институти геохи­мия ва химияи таҳлилии ба номи В. И. Вернад­скими АФ СССР. Солҳои 1964—1967 котиби илмии Институти химияи АФ РСС Тоҷикистон. Аз соли 1967 инҷониб мудири лабораторияи геохимия ва химияи таҳлилӣ, солҳои 1971—1978 ҷонишини директор оид ба корҳои илмӣ. Почоҷонов ва ҳамкорони ӯ барои дар чинсҳои таҳнишаст муайян кардану консен­тратсияи кларкии металлҳо усулҳои таҳлили рентгеноспектралӣ, полярографӣ ва фотометриро (бо истеъмоли реагентҳои нави органикӣ) истифода мебаранд. Тадқиқоти Почоҷонов ва ҳамкорони ӯ имконият доданд, ки нахустин бор хусусиятҳои асосии элемеитҳои кам омӯхташуда, чун ниобий, тантал, сирконий, гафний, висмут ва ғайра, дар таҳнишастҳо ошкор карда шуда, инчунин як қатор меъёрҳои геохимикӣ барои палеореконструксияҳо пешниҳод карда шавад. Почоҷонов зиёда аз 10 сол ҷонишини раиси шӯъбаи Ҷамъияти Умумииттифоқии химикони ба номи Д. И. Менделеев дар Тоҷикистоп буд. Почоҷонов муаллифи 4 монография ва зиёда аз 200 мақолаи илмист. Бо медали «Барои меҳнати шуҷоатнок.

Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин» ва медали НКХХ СССР, нишони «Ихтироъкори СССР» мукофотонида шудааст.

Ас.: Основные черты геохимии нио­бия и тантала в осадочном процессе,

Д.,         1974; Геохимия меловых красно-цветных отложений Таджикской депрес­сии, М., 1981.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …