Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Дарёи ПО

Дарёи ПО

po-river

ПО (Ро), калонтарин дарёест дар Италия. Тӯлаш 652 км, масоҳати ҳавзааш қариб 75 ҳазор км2. Аз кӯҳҳои Алпи Ғарбӣ ибтидо ёфта, асосан аз хамвории Падан ҷорӣ мешавад ва пеш аз ба баҳри Адриатика рехтан делтаи серботлоқеро (масоҳаташ қариб 1500 км2) ба вуҷуд меорад. Шохобҳои чапаш — Дора-Ринария, Дора-Балтеа, Тичино, Адда, Оло калону пуробанд; шохобҳои росташ (калонтарини онҳо дарёи Танаро) одатан камоб буда, аз нишебиҳои шимолии кӯҳҳои Апеннини Тоскапаю Эмилия сар мешаваед. Зуд-зуд обхезиҳо ба амал меоянд. Масалан, обхезиҳои солҳои 1951 ва 1966 ба аҳолӣ зарари калон расонданд. Сарфи миёнаи об дар резишгоҳ 1460 м3/сон. Давраи пуробиаш май- июн ва октябр-ноябр Обовардҳои солонаи дарё 13—15 млн тонна Оби Поро барои обёрии замниҳо истифода мебаранд; дар як қатор шохобҳои чапаш ГЭС-ҳо сохта шудаанд. Дарё то шаҳри Пячентса кпштигард аст. Шохобу каналҳо дарёи Поро бо кӯлҳои калони Комо, Лаго-Маҷоре, Гарда ва ғайра мепайванданд. Дар соҳилҳои По шаҳрҳои Турин, Пячентса, Кремона воқеанд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …