Маълумоти охирин
Главная / Биология / ПНЕВМОТОРАКС

ПНЕВМОТОРАКС

pnevmotoraks

ПНЕВМОТОРАКС (аз юн. pneuma — вазиш, ҳаво ва thorax — сина), ҳолатест, ки дар натиҷаи дар сатҳи плевра (пардаи серозие, ки девораи ковокии байни шуш ва қафаси синаро мепӯшонад) ҷамъ шудани ҳаво ё газ ба амал меояд. Пневмоторакс  дар одамони синну солашон гуногун рӯи дода метавонад. Аз ҷиҳати пайдоиш Пневмоторакс ҷароҳатӣ, спонтанӣ  (худ аз худ пайдошаванда) ва сунъӣ мешавад. Пневмоторакси ҷароҳатӣ аз ҷароҳатнокшавии қафаси сина, бронхҳо ва шуш ба вуҷуд меояд. Вай шаклҳои пӯшида ва кушода дорад. Ҳангоми Пневмоторакси пӯшида, агар дар плевра ҳаво кам ҷамъ шавад, иллат ҳис намешавад ва агар ҳаво бисёр ҷамъ шавад, функсияи шуш вайрон шуда, беморӣ вазнин мегардад. Дар вақти Пневмоторакси кушода плевра сахт ҷароҳат ёфта, функсияи ҳавогирии шуш қатъ мегардад ва бемор нафас гирифта наметавонад, фишори хун паст мешавад. Пневмоторакси спонтанӣ худ аз худ дар натиҷаи ногаҳон осебёбии бофтаҳои шуш ҳангоми эмфиземаи шуш (ҷароҳати шуш, ки дар он аз меъёр зиёд ҳаво ҷамъ мешавад), кафидани халтачаҳои аз зардоб пури шуш ва ғайра ба вуҷуд меояд. Дар ин маврид қафаси сина сахт дард мекунад. Пневмоторакси сунъӣ усули муолиҷа буда, ҳангоми он ба мақсади тазйиқ додани шуш ба сатҳи плевра ҳаво мефиристанд; соли 1882 духтури италиявӣ К. Форланини пешниҳод кардааст. Пневмоторакси сунъиро аксар дар ҳолатҳои вазнини сили шуш истифода мебаранд. Плеврит ва гемопневмоторакс, ки аз ворид шудани хун ба сатҳи плевра ба вуҷуд меояд, боди Пневмоторакс мебошанд.

Муолиҷа: ҳангоми Пневмоторакси пӯшида ба плевра сӯзан зада ҳавои дохили онро мекашанд. Дар мавриди Пневмоторакс кушода бошад, ҷароҳатро фавран баста, ба зери пӯст морфин, камфора, кофеин ва ғайра мефиристанд ва онро ҷарроҳӣ мекунанд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …