Маълумоти охирин
Главная / Биология / ПНЕВМОСКЛЕРОЗ

ПНЕВМОСКЛЕРОЗ

pnevmoskleroz

ПНЕВМОСКЛЕРОЗ (аз юн. pneumon — шуш ва sklerosis — сахтшавӣ, шахшӯлӣ), нумӯи бофтаҳои пайвасткунандаи шушро гӯянд. Илтиҳоби шуш (пневмония), бронхити музмин, зиқи нафас, грипп, сил, пневмокониозҳо, иллати дил, амрози сироятии кӯдакон (сурхча, сулфакабутак) ва ғайра инкишофи Пневмосклерозро метавонанд. Ҳангоми Пневмосклероз девори бронхҳо тағйир ёфта, ҳаҷми нафаскашии шуш кам мешавад. Бемориҳои брон хоэктазӣ, ноқисии дилу шуш бодҳои Пневмосклероз мебошанд.

Муолиҷа:  истифодаи доруҳое, ки қобилияти гузарони бронхҳоро беҳтар мекунанд, антибиотикҳо, сулфаниламидҳо, гормонҳои кортикостероидӣ, варзиши шифой.

П е ш г и р ӣ: сари вақт муолиҷа намудани газаки шуш, бронхит, муоинаи тиббӣ.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …