Маълумоти охирин
Главная / Биология / ПНЕВМОНИЯ

ПНЕВМОНИЯ

pnevmoniya

ПНЕВМОНИЯ (аз юн. pneumon — шуш), газаки шуш, зотуррия, газаки шадид ва музмини алвеолаҳо, бронхиолаҳо ва бофтаҳои пайвасткунандаи шуш. Пневмонияи одамро вирусҳо (вирусҳои грипп, аденовирусҳо, вирусҳои орнитозӣ), бактерияҳо (пневмококкҳо, стафилококкҳо ва ғайраҳо) меангезанд. Аз ҳад зиёд хунукхӯрӣ, назлаи роҳҳои болоии нафас, дарди дандон, сустшавии организм ва ғайра боиси авҷгирии Пневмония мегарданд. Пневмонияи шадид 3 хел мешавад: газаки пардаи шуш (плевройневмония), газаки бронхҳо (бропхонпевмония) ва Пневмонияи вирусӣ. Ҳангоми газаки пардаи ш у ш ҳарораташ: то 39—40°С баланд шуда, сари сина дард мекунад ва бемор сахт месулфад. Дар вақти газа ки б р о н х ҳ о бошад, қисмҳои алоҳидаи шуш иллат меёбанд. Ҳарораташ то 38°С баланд мешавад ва бемор оҳиста — оҳиста месулфад. Пневмонияи в и р у с ӣ аксар дар вақти эпидемияи грипп мушоҳида мешавад. Ҳангоми он бофтаи пайвасткунандаи шуш иллат ёфта, боморӣ кашол меёбад. Плеврит, думмал, коллапс ва ғайра боди Пневмонианд. Дар вақти Пневмонияи музмин просессҳои газакгирии қисмҳои осебдидаи шуш дар ҳар сари вақт авҷ могирад. Духтурони тоҷик барои табобати Пневмонияи стафилококкии бачагон усули ба воситаи пӯст ба шуш фиристодани антибиотикҳоро васеъ истифода мебаранд. Табобати бачагоне, ки ба Пневмонияи музмин гирифторанд,  дар санаторияи «Тангаӣ» (райони Орҷоникидзеобод) гузаронида мешавад.

М у о л и ҷ а: ба беморхона хобонидани бемор; истоъмоли антибиотикҳо, доруҳои сулфаниламидӣ; физиотерапия ва ғайра.

П е ш г и р ӣ: нест кардани манбаи сироят, обутоб додани организм, пурра табобат кардани Пневмонияи шадид ва ғайра.

Ба Пневмания аксар ҳайвоноти ҷавон. гирифтор мешаванд. Вай одатан дар натиҷаи аз ҳад зиёд хунук хурданн ҳайвонот, нафас кашидани моддаҳои муассир, бемориҳои сироятӣ ё инвазионӣ ва ғайра ба вуҷуд меояд. Боди Пневманияи Ҳайвонот газаки фасоддор 6 қарасони (гангрена) шуш мебошад.

Ад.: Молчанов Н. С., Ставсная В. В. Клиника и лечение острых пневмоний, Л., 1971; Злыдников П. Ы., Хроническая пневмония, М., 1974.

А. Я. Орифов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …