Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПЛЁШКО Семен Иванович

ПЛЁШКО Семен Иванович

ПЛЁШКО Семен Иванович (29. 8. 1903, вилояти Одессаи РССУ —12. 5. 1957, Душанбе), олими соҳаи чорводорӣ, доктори илмҳои хоҷагии қишлоқ (1949), акад. АФ РСС Тоҷикистон (1951). Аъзои КПОС аз соли 1932. Институти хоҷагии қишлоқи Полтаваро хатм кардааст (1927). Солҳои 1927—1940 мутахассиси соҳаи хукпарварӣ, ходими илмии Институти иқтисодиёти х. қ. (Москва), ҷонишини директор оид ба корҳои илмии Стансияи таҷрибавии Кавкази Шимолӣ, Стансияи таҷрибавии вилояти Сиёҳзамини Марказӣ, мудири кафедраи чорводории Коммунаи олии мактабҳои хоҷагии қишлоқ (дар шаҳрҳои Петрозаводск ва Тираспол). Плëшко ба Тоҷикистон — Базаи тоҷикистонии АФ СССР (соли 1940) омада, аввал котиби илмӣ, баъд директори Институти зоология ва паразитология, Институти чорводорӣ шуда кор кардааст. Солҳои 1946—1953 мудири сектори хӯроктайёркунӣ, аз соли 1953 академик-котиби Шӯъбаи илмҳои табиатшиносии АФ РСС Тоҷикистон буд. Плëшко, оид ба масъалаҳои таркибу ғизонокии хӯрокиҳои чорво ва хӯроктайёркунӣ 55 мақолаҳои илмӣ ва илмии оммавӣ таълиф кардааст. Бо 2 ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиумп Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Ад.: Корма Таджикистана, Д.. 1957; Кормолые црифермские севообороты, «Сельское хозяйство Таджикистана 1963,- № 4; Новые кормовые культуры яа богарных землях Таджикистана, «изв. атт Таджикской ССР», Отд. биол. наук, в. 6, 1964.   В. Н. Литвинов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …