Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри ПЛИМУТ

Шаҳри ПЛИМУТ

ПЛИМУТ (англ.Plymouth , айнан— резишгоҳи дарëи Плим), шаҳр ва бандар дар Британияи Кабир, тобеи графии Девошпир. Дар соҳили гул. Ла-Манш, дар назди резишгоҳи дарëи Плим воқеъ аст. Аҳолиаш 251,2 ҳазор нафар (1974). Плимут базаи ҳарбии баҳрӣ, яке аз марказҳои асосии киштисозии мамлакат мебошад. Соҳаҳои дигари саноаташ: бофандагӣ, моҳигирӣ, коркарди металл ва ғайра. Лабораторияи биологии баҳрӣ ва аквариум дорад.

Плимут дар асри 12 бунёд ёфтааст.

plimut

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …