Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПЛИСЕТСКАЯ Майя Михайловна

ПЛИСЕТСКАЯ Майя Михайловна

ПЛИСЕТСКАЯ Майя Михайловна (таваллудаш 20. 11. 1925, Москва), артисткаи балет, Арт. Халқии СССР  (1959). Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1985). Аз соли 1943 солисткаи Театри Калони СССР. Партияи аввалин ва асосиаш—Маша («Щел- купчик»-и П. И. Чайковский, 1944). Плисетская бо ҳаракати пурназокат ва бозарофати худ санъати рақсро ба гармонияи олиаш расондааст («Қуи миранда» ба мусиқии К. Сен-Санс). Партияҳои иҷрокардааш ҳаяҷонбахш, пуртаъсир, дорои драматизму психологизми амиқанд: Китри («Дон Кихот»-и А. Минкус), Одетта-Одиллия («Кӯли қувони П. И. Чайковский), Кармен («Кармен-сюита» ба мусиқии Ж. Бизе ва Р. Щедрин), Меҳмонабону («Достони муҳаббат»-и А. Меликов). С. 1972 ҳамроҳи Н. И. Рыженко ва В. В. Смирнов — Голованов балети Р. Шедрин «Анна Каренина»-ро (аз рӯи асари Л. Н. Толстой) ба саҳна гузошт ва партияи асосӣ — Анна Каренинаро худаш иҷро кард. Ба бисёр мамлакатҳои Европа ва Америка сафари ҳунарӣ кардааст. Лауреати Мукофоти ленинӣ (1964), Мукофоти байналхалқии ба номи Г. Павловаи университети рақси Париж (1962). Бо ордени Ленин ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …