Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Плантаж

Плантаж

Плантаж, шудгори планта­жии хок (франсавӣ plantage, лотинӣ plan- to—мешиносам), шудгори чуқури замини парвардахона ва ниҳолхонаи ток, дарахту бутта ба воситаи плугҳои махсус. Ҳаигоми Плантаж қабати хокро чуқур (40—75 сантиметр( ва зиёда аз ин) нарм мекунанд ва ин барои инкишофи решаи растанӣ шароити мусоид фаро меоварад.

Барои он ки қабати камҳосили хок ба рӯ набарояд, ба плугҳои плантажи қисмҳои кории иловагии хокро чуқурнармкунандаи пешплуг, корпуси дутарафа, отвал, чуқургараки хок ва ғайраро пайваст мекунанд. Сифати хуби Плантаж барои чуқур шудгор кардани 2—3 қабати хок имконият медиҳад. Ҳангоми Плантах одатан миқдори зиёди нуриҳои орга­никӣ ва минералӣ, оҳак (дар туршхок) ё гач (дар замини шӯрхок) ме- андозанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …