Главная / Илм / Плантагенетҳо

Плантагенетҳо

Плантагенетҳо (PJantagenets), с у л о л а и А н ж у й, сулолаи шоҳони Англия (1154—«1399). Асосгузораш графи Анжуй Генрихи П. Коми Паз лақаби падари Генрихи П, графи Апжуй Жоффруаи Зебо, ки худ кулохашро бо шохчаи гули товусӣ (номи лотиниаш plan (a genista) зинат дода мегашт, ба вуҷуд омадааст.

Ғайр аз Англия, заминҳои васеи Франсия ҳам дар тасарруфи Генри­хи II ва ворисони ӯ буданд, ки қис­ми зиёди онро Плантагенетҳо ибтидои  асри 13 аз даст доданд. Намояндагони сулолаи Л.: Генрихи II (1154—89), Ричарди I Шердил (1189—99), Иоанни Безамии (1199—1216), Генрихи III (1216—72), Эдуарди 1 (1272—1307), Эдуард» II (1307—27), Эдуарди III (1327—77) Ричарди II (1377—99). Баъди аз тахт сарнагун карда шудани Ричарди II, намояндагони шохаҳои паҳлӯии Плантагенҳо— Ланкастёрҳо (1399—1461) ва Йоркҳо (1461—85) ба тахт соҳиб шуданд.

Дар борамон M. A.

Инчунин кобед

Петрофизика

Петрофизика (аз юн. реtros — санг ва …физика), як соҳаи илми геология, ки хосиятщои физикии …