Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Планкашии хоҷагии халқ

Планкашии хоҷагии халқ

Планкашии хоҷагии халқ, методи асосии амалигардонии сиёсати иқтисодии Партияи Коммунистӣ, ки ба ҳаматарафа баланд бардоштани қувваҳои истеҳсолкунандаи ҷамъият ва пурраю бештар қонеъ гардонидани талаботи моддию мадании халқ равона карда шудааст. Бо ёрии Планкашии хоҷагии халқ давлат мураккабтарин просессҳои меҳнатӣ ҷамъиятиро идора мекунад, истеҳсолот, тақсимот ва мубодилаи неъматҳои моддиро ташкил ва танзим менамояд. Методологиям планкашӣ ба наза­рияи марксистӣ-ленинии_ такрорис- теҳсоли васеи сотсиалистӣ ва истифодаи бошууронаи қонунҳои объективии иқтисодии сотсиализм такя мекунад. Аз рӯн план на мутаносибан инкишоф ёфтани иқтисодиёти сотсиалистӣ қонунияти объективиест, ки аз тарафи истеҳсолоти ҷамъиятӣ муайян карда шудааст.

Планкашии хоҷагии халқ тараққиёти тези иқтисодиётро таъмин намуда, ба дуруст ҷо ба ҷо кардани кувваҳои истеҳсолкунанда, самаранок истифода бурдани комёбиҳои илму техника, сарфакорона ба кор андохтани захираҳои моддӣ, меҳнатӣ ва молиявии ҷамъият имкониятҳои хуб фароҳам меоварад. Планкашӣ қонуни тараққиёти мунтазами хоҷагии халц ва дигар қонунҳои иқтисодии сотсиализм буда. фақат дар шароити моликияти ҷамъиятӣ будани воситаҳои истеҳсолот имконпазир мегардад.

Вазифаи асосии плакашӣ тараққиёти мутаносиби хоҷагии халқ ва қисмҳои ҷудогонаи онро таъмин намудани ва бо ҳамин дараҷаи самаранокии истеҳсолотро баланд бардоштан аст. Ҳангоми тартиб додани планҳои хоҷагии халқ комёбиҳои илм ва техника ба назар гирифта мешаванд. Планҳои тараққиёти хо­ҷагии халқ характери директивӣ дошта, баъд аз тасдиқ шудан ба ҳукми қонун медароянд ва иҷрояшон ҳатмӣ мегардад. Принсипи асосии планкашӣ дар идоракунии хоҷагӣ сентрализми демократӣ мебошад. Дар вақти тартиб додани планҳои хоҷагии халқ ягонагии планкашии ҷорӣ ва планкашии перспективӣ риоя карда мешавад.

Плани давлатӣ ҷиҳатҳои гуногуни хоҷагии халқро дар бар мегирад. Дар план супоришҳои оид ба истеҳсолот, тақсимот, боркашонӣ, ҷорӣ намудани техникаи нав, сохтмони асосӣ, таъмин кардани истеҳсолот бо ашёи хом, супоришҳои соҳаи меҳнат ва музди кор, гардиши мол, таъмини тараққиёти босуръати соҳаҳои муҳимтарин, тараққии республикаҳои иттифоқӣ ва районҳои иқтисодӣ инъикос меёбанд. Ҳамаи ҷиҳатҳо ва қисмҳои хоҷагии халқ бо ҳамдигар узван алоқаманданд. Ин алоқамандӣ бояд дар планҳои тараққиёти хоҷагии халқ низ инъикос ёбад.

Асоси Планкашии хоҷагии халқро аз рӯзҳои аввали ғалабаи Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр гузоштанд. Декабри 1917 Совети Олии Хоҷагии Халқ (ВСИХ) ташкил шуд, ки он аввалин органи планкашии Давлати Советӣ буд. Феврали1920 Комиссияи давлатии электриконии Рос­сия — ГОЭЛРО ташкил ёфт. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ таносубҳои хоҷагии халқ барои таъмин кар­дани зиёдии маҳсулот, бо тезй ама­лигардонии ҷойгиронии минтақави саноат тағйир ёфт. Шакли асосии планҳо дар ин давра планҳои беҳтар оперативонаи кварталӣ, моҳона ва даҳрӯзаи хоҷагии халқ буд. Вазифаҳоро аз рӯи муҳимтарин шаклҳои маҳсулоти ҳарбӣ Комитети давлатии мудофиа (ГКО) барои заводҳо бевосита муайян мекард. Баъди ҷанг дар асоси планҳои панҷсолаи перс­пективӣ вазифаҳои аз нав барқарор намудани хоҷагии халқ, гузаштан ба дараҷаи баланди тараққии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ҳал карда мешуданд.

Дар давоми чор панҷсолаи баъди- ҷангӣ (1946—1965) программаи азими такмили техникии истеҳсолот, афзудани суръати ҳосилнокин меҳнат, баланд бардоштани некуаҳволии халқ амалӣ гардонида шуд. Планкашии хоҷагии халқро бевосита органҳои марказӣ (Госплани Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР, вазоратҳо), Комитетҳои планкашии давлатии респуб­ликаҳои иттифоқию автономӣ, органҳои плании маҳаллӣ — комиссияҳои плании комиҷроияҳои кишварӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва Советҳои районии депутатҳои халқӣ ва аппарати пла­нӣ дар корхонаҳо амалӣ мегардонанд.

Планҳои тараққии хоҷагии халқ характери директивӣ доранд. Ин планҳоро дар сессияҳои Совети Олии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР тасдиқ мекунанд ва иҷрои онҳо на танҳо барои корхонаҳо, балки барои органҳои болоӣ низ ҳатмӣ мегарданд. Дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР барои инкишофи базаи планкашии ҳозиразамони техникӣ, дар навбати аввал бо роҳи истифодаи ҳарҷонибаи ЭВМ (MҲЭ.) кори зиёдеро анҷом медиҳанд. Махсусан қарорҳои Пленуми сентябрии (1965) Комитети Марказии Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС ва съездҳои 24, 25 ва 26-уми партия ба ин басо мусоидат намуданд.

Адабиёт: Материалҳои съезди 26 Пратияи Коммунистии Иттифоуи Советӣ КПСС. Душанбе, 1981; Экономическое планирование в Союз Советских Социалистических Республик СССР, Москва, 1967; Планирование народно­го хозяйства СССР, под редактированием Л. Я. Бер­ри. Москва 1973.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …