Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Планкашии молиявӣ

Планкашии молиявӣ

Планкашии молиявӣ, қисми таркибии планкашии хоҷагии халқ дар замони сотсиализм; ба нишондиҳандаҳои плани хоҷагии халқ асос меёбад ва дар айни замон ба ташаккули он фаъолона таъсир расонда, таносуби оптималии тақсимоти захираҳои молиявиро мукаррар ва ба соҳаҳои муҳимму самарабахш равона мекунад. Вазифаҳои асосии Планкашии молиявӣ муайян намудани ҳаҷм ва манбаи ташаккули фондҳои маблағ барои таъмин намудани хароҷоти тараққии иқтисодиёт, тезонидани прогресси илмию техникӣ ва боз ҳам пурратар конеъ гардондани талаботи моддию мадании аҳолӣ; ошкор намудани захираҳои иловагии аф­зоиши истеҳсолот ва пардохти пул; риояи сарфакорӣ дар истифодаи за­хираҳои меҳнатӣ ва пулӣ; таъмини ягонагии тамоми системаи планҳои молиявӣ; ташкили иҷрои планҳои молиявӣ.

Планкашии молиявӣ ба баланд бардоштани самаранокии истеҳсолоти чамъиятӣ, такмили структураи он нига- ронида шудааст ва бо назорати молиявии фаъолияти корхонаҳо (иттиҳодия) ва ташкилотҳо зич алоқаманд аст. Зинаҳои гуногуни системам молиявӣ планҳои молиявии худро тартиб медиҳанд. Планҳои молиявӣ аз инҳо иборатанд. баланси даромад ва хароҷоти корхонаҳои дав­латӣ, иттиҳодия ва вазоратҳо; планҳои молиявии колхозҷо ва дигар таш­килотҳои кооперативӣ, инчунин ташкилотҳои чамъиятӣ; сметаи муассисаҳои бюҷет; бюҷети давлатии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР (нигаред Планкашии бюҷет); бюҷети давлатии суғуртаи иҷтимоӣ; плани молиявии моликияти давлатӣ ва суғуртаи шахсӣ; плани молиявии умумии хоҷагии халқ. ки координасиям захираҳои тамоми планҳои молиявӣ, мувофиқати муҳимтарин соҳаҳои плани хоҷагии халқро таъмин ме­намонд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …