Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Планкашии бюҷет

Планкашии бюҷет

Планкашии бюҷет, просесси таҳия, таҳлил, тасдиқу иҷрои бюҷет. Ҷузъи таркибии планкашии хоҷагии халқ аст. Хаҷми захираҳои давлатиро муайян ва истифодаи са­марабахши онро таъмин мекунад, захираҳои моддию молиявиро ба вуҷуд меорад, ба кори дуруст ба роҳ мондани таносуби тақсимоти маблағ байни фонди андӯхт ва истеъмолот, соҳаҳои хоҷагӣ, районҳои иқтисодӣ мусоидат мекунад. Планкашии бюҷет аз тарафи ҳокимияти давлатӣ ва роҳбарияти корхонаю муассисаҳо бо иштироки фаъолонаи меҳнаткашон иҷро меша­вад. Координасияи Планкашии бюҷет ба ӯҳдаи Вазорати молияи Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР мебошад, ки он дар асоси нишондиҳандаҳои плани хоҷагии халқ, плани соҳавӣ ва сметаҳо лоиҳаи бюҷети давлатиро тартиб дода, онро ба муҳокимаи Со­вет Вазирони Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР мегузорад.

Со­вети Вазирони Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР бошад, онро ба Комиссияи планти бюҷетии ҳар ду палатаи Совети Олии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР пешниҳод мекунад. Дар асоси; Қонун дар бораи бюҷети давлатӣ бюҷетҳои рес­публикаҳои иттифоқию автономӣ, бюҷетҳои маҳаллӣ муҳокима ва тасдиқ карда мешавад. Баъд вазоратҳо, идораҳои давлатию комитетҳои иҷроия планҳои молиявӣ ва сметаро барои муассисаю корхонаҳои тобеъ муайян мекунанд. Иҷрои бюҷетро Вазорати молияи Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР дар асоси рӯйхатгирии даромаду хароҷот назорат мекунад. Планикашии бюҷет дар просесси иҷрои бюҷет ҳам қатъ намегардад.

Ҳангоми ошкор кардани афзоиши даромад ба супориши планӣ, ҷойивазкунонин кредитҳои бюҷетӣ ва ғайра тағйирот медароранд. Барои хароҷоти зарурии хоҷагии халк ва тадбирҳои иҷтимоию маданӣ аз ҳисоби захираи фондҳои Совети Вазирони Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР ва Совети Вазирони республикаҳои иттифокӣ маблағ ҷудо карда мешавад. Просесси Планкашии бюҷет бо роҳи алоқаи мустаҳкам бо планҳои истеҳсотӣ, ҷорӣ намудани усулҳои иктисодӣ дар планкашӣ, истифодаи методҳои математикӣ дар механиконии корҳои ҳисоббарорӣ такомул меёбад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …