Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Планк Макс Карл Эрнст Людвиг

Планк Макс Карл Эрнст Людвиг

Планк Макс Карл Эрнст Людвиг (23. 4. 1858, Киль —4. 10.1947, Гёттин­ген), физики назариётчии немис, асосгузори назарияи квантӣ. Аъзои Академияи Фанҳои Берлин (1894, солҳои 1912—43 котиби он). Президенти Ҷамъияти император Вилгелм (аз 1948 Ҷамъияти М. Планк), аъзо-корреспондент Академияи Фанҳои Петербург (1913), аъзои фахрии Академияи Фанҳои Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР (1920) ва аъзои ҷамъияти подшоҳии Лондон (1920).

Корҳои илмии ӯ ба термоди­намика ва гарми- афканӣ оиданд. Қонуни      2-юми термодинамикаро асоснок кард ва Қонунҳои термодинамикаро барои ҳалли бисёр масъалаҳои физикаю химия татбиқ намуд. Соли 1900 кванти таъсир (собитаи Планк)-ро ба фи­зика дохил кард ва дар асоси ғояи квантҳо қонуни афканишотро дарёфт, ки ба номи ӯ маъмул шудааст. Корҳои баъдинаи Планк ба баъзе соҳаҳои назарияи шуоъафканӣ, механи­каи релятивистӣ, термодинамика, фалсафаи табиатшиносӣ оиданд. Ақидаҳои позитивистии В. Оствалд, Э. Мах ва дигарро танқид кардааст. Принсипи сабабиятро яке аз рукн- ҳои асосии табиатшиносӣ медонист.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …