Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Планҳои панҷсолаи тараққии хоҷагии халқи СССР

Планҳои панҷсолаи тараққии хоҷагии халқи СССР

Планҳои панҷсолаи тараққии хоҷагии халқи СССР, шакли асосии кашидани плани тараққии иҷтимоию иқтисодии мамлакат, қисми таркибии системаи планхои дарозмуддат, миёнамӯҳлат (панҷсо­ла) на планҳои ҷории хоҷагии халқ, мебошад. (Нигаред Планкашии хоҷагии халқ). Планҳои панҷсола мақсади плани дарозмуддатро аниқтар карда, муҳлати иҷрои мунтазами онро муайян мекунанд, барои аз ҷиҳати техникию иқтисодӣ пурра асоснок кардани вазифаҳое, ки дар солҳои минбаъда дар назди хоҷагии халқи .мамлакатамон истодаанд, тадбирҳо пешбинӣ мекунанд. Ҳар як плани панҷсола вазифаи асосии иқтисодӣ дорад, ки ба ҷиҳатҳои хоси ҳамин давра мувофиқат мекунад ва дар тараққии хоҷагию сиёсии мамлакат зинаи наве мебошад. Давлати Советӣ тавассути планҳои панҷсола захираҳоро ба ҳалли вазифаҳои барпо кардани базаи моддӣтехникии комму­низм ва баланд бардоштани дараҷаи накӯаҳволии моддии халқ равона мекунад.

Ҳангоми тартиб додани планҳои панҷсола, пеш аз ҳама, ба талаботи қонунҳои объектвии иқтисодии со­тсиализм мувофиқ будани онҳо — ба комёбиҳои ҳозиразамон ва перспективаҳои инкишофи илму техника, ба талаботи ҷамъият ва имкониятҳои реалии қонеъ гардонидани ин талабот асос ёфтани планҳо таъмин карда мешавад. Дар планҳои панҷсола суръату таносуб, ҳаҷми истеҳоолу сохтмони асосии соҳаҳо ва территорияҳои алоҳида, вазифаҳои кор кар­да баромадан ва ҷорӣ намудани техникаю технологияи нав дар хоҷагии халқ инкишофи консентрасия, такмилу васеъ намудаии махсусгардониву кооперативонии истеҳсолот, оқилона ҷобаҷокунии қувваҳои истеҳсолкунанда, инкишофи робитаҳои иқтисодии берунӣ (махсусан бо мамлакатҳои аъзои СЭВ), тадбирҳои ба­ланд бардоштани дараҷаи моддию мадании зиндагонии халқи советӣ ва ғайра муайян карда мешававд.

Талабҳои муҳимтарини планҳои панҷсола инҳоянд: дар асоси тезонидани суръати прогресси техникӣ ва беҳтар истифода намудани захираҳои моддию молиявӣ ва меҳнатӣ ба­ланд бардоштани истеҳсолоти чамъиятӣ, паст кардани арзиши аслии маҳсулот, афзоиши ҳосилнокии меҳнат, истифодаи пурраи иқтидори истеҳсолӣ, кам кардани сарфи ашёи хом, сӯзишворӣ, масолеҳ ба воҳиди маҳсулот, муттасил ‘беҳтар намудани сифат, тезонидани суръати сохтмони объектҳои нав ва ба истифода до­дани онҳо.; ҷиҳатҳои миллӣ ва дигар хусусиятҳоро ба ҳисоб гирифта, та­раққии комплексии хоҷагии республикаҳои иттифоқӣ ва ноҳияҳои иқтисодиро таъмин кардан. Супориши планҳои панҷсола рафти тараққии иқтисодиёти мамлакат, дигаршавии талаботи ҷамъият ба ин ё он маҳсу­лот, захираҳои молиявию моддиро ба ҳисоб гирифта дар планҳои солонаи хоҷагии халқ муайян карда ме­шавад.

Планҳои панҷсоларо бо супориши Партияи Коммунистӣ ва Ҳукумати Советӣ органҳои планкашии давла­тӣ, маъмурию истеҳсолӣ ва муассисаҳои илмӣ тартиб медиҳанд ва он аз ду марҳала иборат аст: 1) муай­ян кардани роҳҳои асосии тараққии хоҷагии халқи мамлакат дар давраи планкашӣ. Вазифаи асосии он му­айян кардани проблемаҳои асосӣ ва муҳимми давраи планкашӣ ва нишон додани роҳу воситаҳои ҳалли ин проблемаҳо; 2) дар асоси Директиваҳои тасдиқнамудани съезди Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС тартиб додани плани панҷсолаи тараққии хоҷагии халқи Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР ва тақсими супоришҳои солонаи вазоратҳои Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР, республикаҳои иттифоқӣ ва ноҳияҳои иқтисодии мамлакат.

Аз охирҳои соли 1928 хоҷагии халқи Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР дар асоси планҳои панҷсолае, ки идеяҳои ленинӣ ва нуқтаҳои назарии планкашии перспективӣ, сиёсати иҷтмоию иқтисодии Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС-ро таҷассум мекунанд, тараққӣ меёбад. Ҳар як плани панҷсола дар тараққии иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва техникии мам­лакат давраи муҳим буда, дар таносуб ва структураи истеҳсолоти ҷамъиятӣ пешравии сифатан навест.

Плани панҷсолаи  якум(1929—32) дар асоси Директиваҳои Съезди 15-уми Вакилони Комитети Партиявии(б) (1927) тартиб дода шуд ва онро Съезди 5-уми умуиттифоқии Советҳо (1929) тасдиқ намуд. Вай давоми мантиқӣ ва инкишофи идеяи плани даррозмуддати ГОЭЛРО буд. Вазифаи асосии плани панҷсола аз бунёди таҳкурсии иқтисодиётй сотсиалистӣ, минбаъд маҳдуд кардани унсурҳои капиталистӣ дар шаҳру деҳот, мустаҳкам наму­дани қобилияти мудофиавии мамла­кат иборат буд. План вазифа ва тад­бирҳои аз мамлакати аграрӣ ба давлати мутараққии саноатӣ табдил до­дани Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР, коллективонии қисми зиёди хоҷагиҳои деҳқононро пешбинӣ кард.

Қисми асосии планро программаи сохтмон ташкил дод, ки он ба таъмини пешравии ҷиддии техникаи истеҳсолот, ташкил ва ҷобаҷокунии он равона шуда буд. Ҳаҷми умумии маблағи плани панҷсолаи якум 7,8 миллиард сӯм ва нисбат ба 11 соли гузашта (1918—28) 2 баробар зиёд буд. Нисфи маблағи умумӣ ба тараққии саноат (бештар аз 75% он ба соҳаҳои индустрияи вазнин) ва нақлиёт пешбинӣ шуда буд.

Якчанд супоришҳои истеҳсолӣ ва сохтмони плани панҷсолаи 1-ум — сохтани базаи 2-юми ангишту ме­таллургия дар Урал ва Сибир дар съезди 16-уми партия пурра ва аниқ карда шуданд.

Манбаъҳои асосии маблағгузории асосӣ фоида ва даромади рентаи кор- хонаҳои давлатию кооперативӣ буд. Барои иҷрои программаи сохтмон ҳиссаи андӯхт дар даромади миллӣ зиёд карда шуд: аз 21,3%’ (1928) то 26,9% (4932). Мусобиқаи сотсиалистӣ барои пеш аз муҳлат иҷро намудани супоришҳои панҷсола вусъат ёфт. Дар натиҷа ин плани панҷсола дар 4 солу 3 моҳ иҷро шуд.

1500 корхонаи наву калони саноатии давлатӣ ба кор андохта, якчанд соҳаҳои нав — трактору автомобил, дастгоҳу. асбобсозӣ, истеҳсолӣ алю­минию саноатӣ авиасия ва химия аз нав сохта шуданд. Дар металлургияи сиёҳ, — соҳаи хеле муҳимми саноати вазнин, ки ба индустрикунонии мамлакат асос шудааст, соҳаҳои электрометаллургия, истеҳсоли хӯлаҳои сахту бадошт, пӯлоди хушсифат ба вуҷуд омаданд. Саноати нефт ва дигар. ‘Соҳаҳои саноати вазнин куллан аз нав сохта шуданд.

Днепрогэс-л ба номи Владимир Илич Ленин, стансиҳои электрии олавии районии Зуево, Челябинск, Сталинград ва Белоруссия ба кор даромаданд. Дар шарқи Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ базаи 2-юми ангишту металлургия—Комбинати Урало-Кузнеск сохта шуд. Комбинати ме­таллургии Кузнеск ва Магнитогорск, дар Донбасс, Кузбасс ва Караганда конҳои калонтарини ангишт, заводи тракторсозии Сталинград, Харков, заводҳои автомобилсозии Москва, Горкий, комбинатҳои селлюлозаи коғази Кондопогаю Вишерск, 3аводи нуриҳои нитрогендори Березники, Комбинати меланжи Иваново, 3аводи 1-уми подшипниксозии давлатии Москва ва корхонаҳои зиёде бино ёфтанд.

Даромади миллии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР тақрибан 2 баробар, истеҳсолоти саноатӣ бештар аз 2 баробар, ҳосилнокии меҳ- нат дар саноат 41 % афзуд. Дар структураи саноат ва тамоми соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат пешравии калон ба амал омад. Таносуби маҳсулоти гурӯҳи «А» дар ҳаҷми умумии маҳсулоти ҳама соҳаҳои саноат аз 39,5% (1928) ба 53,4% (1932) ра- сид. Маҳсулоти мошинсозӣ ва коркарди металл 4 маротиба зиёд шуд. Соли 1932 тақрибан 78% замини кишт ба колхозу совдозҳо ва дигар хоҷагиҳои давлатӣ тааллуқ дошт, ки 84%-и маҳсулоти ғаллаи мамлакатро медоданд.

Дар давоми панҷсола бо мақсади иҷрои плани ГОЭЛРО корҳои асосӣ анҷом дода шуданд. Программаи сохтмони стансияҳои электрӣ, ки дар план пешбинӣ шуда буд, барзиёд иҷро гардид. Иқтидори стансияҳои электрии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР дар ин солҳо қариб 2,5, истеҳсоли қувваи электр 2.7 ба­робар афзуд.

Дар натаҷаи индустронии сотсиа­листии мамлакат ва коллективонии хоҷагии қишлоқ  базаи маданӣ хеле васеъ ва шумораи ‘коргарону мутахассисони баландихтисос зиёд шуд. Солҳои хониши1932/33 шумораи хонандагони мамтабҳои олӣ нисбат ба солҳои 1927/28-ум 3 баробар талабагони техникумҳо зиёда аз 3 маротиба, миқдори хонандагони мактабҳои ибтидоӣ 2 баробар зиёд шуд.

Дар натиҷаи иҷрои супоришҳои панҷсолаи 1-ум таҳкурсии иқтисо­диёти сотсиалистӣ — индустрияи пуриқтидори вазнин ва хоҷагии уишлоқи коллек- тивии механиконидашуда бунёд гардид, ки ин устувор гардидани моликияти сотсиалистӣ будани воситаҳои истеҳсолотро нишон медод. Дар мамлакат бекорӣ аз байн рафт, рӯзи кории 7-соата ҷорӣ шуд.

Хусусан, ҳаёти хоҷагию мадании республикаҳо  ва вилоятҳо хеле пеш рафт. Истеҳсоли маҳсулот дар Иттифоқи Советӣ 2 маротиба ва дар республикаҳо ва вилоятҳои миллӣ бошад, 3,5 баробар афзуд. Роҳи тезонидани суръати индустронии республикаҳою вилоятҳои миллӣ дар панҷсолаҳои минбаъда низ давом дода шуд.

Плани панҷсолаи дуюм (19.33—37)-ро Съезди 17-уми Вакилони Комитети Партияи(б) (1934) тасдиқ намуд. План вазифаҳои муҳимми иҷтимоию иқтисодии зеринро ба миён гузошт: тамоман барҳам додани унсурҳои капиталистӣ, пурра бартараф намудани сабабҳои истисмори одам аз тарафи одам, ба охир расонидани сохтмони базаи техникии ҳамаи соҳаҳо. Дар натиҷаи иҷрои план ҷамъияти сотсиалистӣ, базаи моддию техникии сотсиализм асосап барпо карда шуд, структураи нави синфии ҷамъияти сотсиалистӣ таркиб ёфт, ҳамкории бародаронаи халқҳои Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР мустаҳкам гардид.

Системаи хоҷагии сотсиалистӣ ҳукмрон гардид. Таносуби сектори сотсиалистӣ дар истеҳсоли фондҳои мамлакат 99%, аз он ҷумла дар ис­теҳсоли фондҳои давлатӣ 90% -ро ташкил кард. Қариб 95%-и аҳолӣ дар хоҷагиҳои сотсиалистӣ кор мекард ва бо он алоқаи зич дошт. Соли 1937 хоҷагии сотсиалистӣ 99%-и даромади миллй, 99,8%-и маҳсулоти умумии саноат ва 98,5%-и маҳсулоти умумии хоҷагии қишлоқро истеҳсол кард. 100%’ муомилоти моли чаканаро савдои давлатӣ ва кооперативӣ ташкил мекард. Ун­сурҳои капиталистии шаҳру деҳот тамоман барҳам хӯрданд. Даромади миллӣ назар ба соли 1932 2,1, маҳсулоти саноат 2,2, аз он ҷумла маҳсулоти мошинсозӣ 2,8, маҳсулоти саноати химия 3 баробар афзуд. Истеҳсоли қувваи электр 2,7 маротиба зиёд шуд. Соҳаҳои саноати сӯзишворӣ дар заминаи базаи мустаҳками техники тараққӣ карданд. Баробари дучанд шудани истеҳсоли ангишти мамлакат истеҳсоли он дар Кузбасс 2,6 маро­тиба афзуд. Истеҳсоли нефт умуман 37%, дар Бошқирдистону Қазоқистон тақрибан 4 баробар афзуд.

Миқдори маҳсулоти саноат дар ҳачми умумии маҳсулоти саноат ва хоҷагии қишлоқ аз 70,2% (1932) ба 77,4% (1037) расид. 80%-и маҳсулоти саноатро кор­ҳонаҳои наве доданд, ки дар сол­ҳои панҷсолаҳои 1-ум ва 2-юм сох­та шудаанд. Боркашонии нақлиёти роҳи оҳан дар давоми панҷсола зиёда аз 2 маротиба афзуд. Ҳосилнокии меҳнат дар саноат 90%- афзуд, ки ин натиҷаи баланд шудани дараҷаи тех­никӣ ва истифодаи босамари техникаи нав буд. Коллектнвонии хоҷагии қишоқ ба охир расид ва сохти колхози барпо карда шуд. Охирҳои соли 1937 дар хоҷагии қишлоқ 456 ҳазор трактор ва тақрибан 129 ҳазор комбайн кор мекард. Маҳ­сулоти хоҷагии қишлоқ 1,3 баробар, аз ҷумла ҳосили умумии зироати ғалладона 1.7, пахта 2 баробар зиёд шуд. Соли 1937 киштзори зироати хоҷагии қишлоқ ба 135,3 миллион гектар расид. Истеҳсоли молҳои истеъмолии халқ 2 баробар афзуд.

Ба туфайли иҷрои программаи сохтмони панҷсолаи 2-юм ҳаҷми маб- лағгузории асосӣ 19,9 миллиард сӯмро ташкил дод, ки назар ба панҷсолаи 1-ум 2,3 баробар зиёд буд. 4500 корхонаи калони саноатии давлатӣ ба истифода дода шуд. Корхонаҳои калонтарини сохташуда инҳоянд: заводҳои мошинсозии вазнини Уралск на Краматорск, заводҳои вагонсозии Уралск ва тракторсозии Челябинск, заводҳои металлургии Кривой Рог, Новолипеск, Ковотулск, «Азовстал» ва «Запорожстал», комбинатҳои бофандагии Тошкент, матоъҳои пахтагини Барнаул ва якчанд корхонаҳои дигар. Программаи сохтмони роҳи оҳан иҷро гардид, иншоотҳои калони нақлиёти обӣ — Канали Беломору Бал­тика ва Канали ба номи Москва ба кор даромаданд. Стансияҳои элект­рии олавии райони Дубровка, Но­вомосковск, Кемерово, Среднеуралск ва стансияҳои электрии обии Ниж­несвирск, Рионск, Канакёрск ба истифода дода шуданд. Соли 1935 навбати якуми метрополитени Москва ба кор андохта шуд.

Сохтмони манзил ва иҷтимоию ма­данӣ хеле вусъат ёфт. Дараҷаи мод­дию мадании ҳаёти меҳнаткашон баланд гардид. Таълими ибтидоии умумӣ ҷорӣ карда шуд, маълумоти умумӣ, миёнаи махсус ва олӣ инкишоф ёфт. Ба ташаккули интеллигенсияи нави советӣ, ки ва синфн коргар ва деҳконон баромадаанд, диққа- ти калон дода шуд, просесси револютсияи маданӣ давом мекард. Соли 1934-ум 40% донишҷӯёни мактабҳои олӣ хатмкунамдагони рабфакҳо бу­данд. Миқдори театрҳо, кино, клубҳо ва китобхонаҳо, шифохонаҳо ва хонаҳои истироҳат хеле афзуд.

Плани панҷсолаи сеюм (1938—42)-ро Съезди 18-уми Вакилони Комитети Партиявии(б) (1939) тасдиқ намуд. Дар ин панҷсола пешбинӣ шуда буд, ки Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР бояд аз рӯи истеҳсоли маҳсулот ба дар сари аҳолӣ ба мамлакатҳои ин­дустриалии мутараққии капиталис­тӣ баробар шавад ва аз он пеш гузарад. Дар қарорҳои съезд гуфта ме- шуд, ки СССР асосан сотсиализмро барпо намуда, ба давраи анҷоми сохтмони ҷамъияти сотсиалистӣ ва тадриҷан аз сотсиализм ба комму­низм гузаштан қадам гузошт. Азбаски вазъияти байналхалқӣ му­раккаб буд, дар план на танҳо масъ- алаҳои баланд бардоштани иқтидори индустриалӣ, мустаҳкам кардани сох­ти колхоазӣ, баланд бардоштани да­раҷаи моддии зиндагии оммаи халқ, инчунин масъалаи минбаъд баланд бардоштани иқтидору қобилияти мудофиавии мамлакат ба вуҷуд овардани захирадҳои калони давлатӣ низ пешбинӣ шуданд.

Дар 3 соли аввали панҷсола маҳ­сулоти умумии ҳама соҳаҳои сано­ат 45% ва мошинсозӣ зиёда аз 70% афзуд. Дар зарфи сеюним соли панҷ­сола (1938 ва нимсолаи аввали 1941) маблағгузорӣ ба хоҷагии халқ 21 миллиард сӯмро ташкил дод, 3000 корхонаи нави калони саноатии давлатӣ ба истифода дода шуд. Стансияҳои электрии олавии районки(Кураховск, Қуввасой ва Ткварчели, стансияҳои электрии обод Угличу Комсомол ба кор даромаданд. 3аводҳои металлургии Новотагил ва Петровск-Забайкалский, заводҳои мисгудозии Средне- Уралск ва Балхаш, 3аводи коркарди нефти Уфимский, 3аводи автомобили камлитражи Москва, 3аводи сементи Енакиева, комбинатҳои селлюлозаю коғази Сегежаю Мариес сохта шуданд. Шумораи коргарону хизматчиёни хоҷагии халқ аз 11,4 миллион (1928) ба 31,2 миллион (1940) расид. Муассисаҳои касбҳои техникии навъи умумӣ ташкил шуданд, ки барои ҳа­маи соҳаҳои истеҳсолот ва хизмати маишӣ кадрҳои баландихтисос тайёр мекарданд. Охири солҳои 30-юм таълими 7-сола асосан ҷорӣ шуд. Миқдори донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус хеле афзуд. Ас­пирантураи назди мактабҳои олӣ ва институтҳои тадқиқоти илмӣ хеле инкишоф ёфт.

Ҳуҷуми аҳдшиканонаи Германияи фашистӣ (июни 1941) ба Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР кори иҷрои бомуваффақияти планҳои панҷсолаи 3-юмро халалдор кард. Иқтидори иқтисодии рӯзафзуни мамлакат, ки натиҷаи иҷрои планҳои панҷсолаи 1-ум ва 2-юм буд, талабаи оламшумули таърихии халқи советиро бар душмани пурзӯр таъ- мин кард. Чунончи, соли 1940 фондҳои асосии истеҳсолии хоҷагии халқ нисбат ба соли 1928-ум 2,4, даромади миллӣ зиёда аз 5, маҳсулоти умумии саноат 6,5, аз ҷумла истеҳсоли воситаҳои истеҳсолот 10 баробар афзуд. Маҳсулоти умумии хоҷагии қишлоқ 32% зиёд шуд, соли 1940 киштзори зироати хоҷагии қишлоқ аз 113 миллион (1928/ ба 150,6 миллион гектар расид. Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР ба туфайли афзалияти суръати тараққии иқтисодиёташ дар арафаи Ҷанги 2-юми ҷаҳон (1939— 45) аз рӯи ҳаҷми истеҳсоли маҳсу­лоти саноат дар Европа ҷои 1-ум ва дар ҷаҳон ҷои 2-юмро ишғол кард. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ақибгоҳ ва баъдҳо дар нодияҳои аз фашистони истилогар озодшудаи мамлакат тараққии иқтисодиёти советӣ дар асоси планҳои солона, семоҳа ва моҳона ба роҳ монда шуд.

Солҳои ҷанг (аз 1 июли 1941 то 1 январи 1946) 3500 корхонаи нави калони саноатӣ бино ва 7500 корхона аз нав барқарор карда шуд.

Баъди ба охир расидани ҷанг плани панҷсолаи чорум (1946— 50) тартиб дода шуд ва онро моҳи марти 1946 Совети Олии СССР тасдиқ намуд.. Ин панҷсола барқарор кардани районҳои вайроншудаи мам­лакат, ба дараҷаи пешазҷангии та­раққии саноат ва хоҷагии қишоқ расидан ва минбаъд дар ин асос беҳтар кардани зиндагии халқи советиро вазифаҳои асосии хоҷагию сиёсӣ донист. Супоришҳои плани панҷсола пеш аз муҳлат иҷро гардиданд. Иқтидори ис- теҳсолии мамлакат пурра барқарор шуд ва хеле афзуд. Соли 1950 маҳсуло­ти умумии саноат назар ба соли 1940-ум 73%, фондҳои асосии истеҳсолӣ 24%, даромади миллӣ 64% зиёд шуд. Маблағгузории асосии хоҷагии халқ 48 миллиард сӯмро ташкил дод. Мошинсозӣ ва саноати химия, соҳаҳои ашёи хоми саноат тараққӣ карданд, базаи моддию техникии хоҷагии қишлоқ мус­таҳкам гардид.

Дар давоми панҷсола якчанд корхонаи нави калони саноатии давлатӣ сохта ва 6200 корхонаи солҳои ҷанг вайроншуда барқарор карда шуданд. Стансияҳои электрии олавии районии Нижнетуринск, Щёкино, стан­сияҳои электрии обии Фарҳоду Храмск, Нива-ГЭС Ш, 3аводи металлур­гии Закавказия, Комбинати сурбу руди Уст-Каменогорск ба кор даромаданд. 3аводи турбинасозии Калуга, заводҳои дастгоҳи вазнинсозии Коломнаю Рязан ва автомобилсозии Ку­таиси маҳсулот доданд. Газопроводҳои Саратов — Москва, Кохтла-Ярве — Ленинград, Дашава — Киев сохта ба истифода дода шуданд. Сохтмони иншоотҳои калонтарини энергетикӣ, каналҳо ва системаҳои нави обёрӣ, ба вуҷуд овардани минтақаҳои бешазор дар ноҳияҳои дашти мамлакат cap шуд.

Илми советӣ ба муваффадиятҳои калон ноил гашт, дар соҳаҳои гуногуни илму техника кашфиёт ва ихтироъҳои бузург карда, барои ба­ланд бардоштани дараҷаи зиндагии халқ тадбирҳои ҷиддӣ андешида шу­данд. Дар шаҳру посёлкаҳои коргарнишин зиёда аз 100 миллион метр2 (дар деҳот 2,7 миллион метр2) хонаҳои истиқоматӣ сохта шуданд. Системаи кар­точка ба молҳои истеъмолии халқ (1947) бекор карда шуд, нархи уму­мии ин молҳо тақрибан 2 баробар паст фуромад. Дар ҳама ҷо гузаштан ба таълими ҳатмии 7-сола cap шуд.

Съезди 19-уми  Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС (1952) чунин вазифаҳои асосии плани панҷсолаи панҷум (1951—55)-ро муайян кард: дар асоси инкишофи саноати вазнин ва суръати баланди афзоиши маҳсулнокии меҳнати чамъиятӣ минбаъд ҳам тараққӣ додани ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ; беҳтар кардани сифат ва навъи маҳсулот. План программаи васеи баланд бардоштани дараҷаи зиндагии халқро пешбинӣ намуд.

Дар натиҷаи иҷрои план даромади миллӣ 71%, фондҳои асосии истеҳ­солии хоҷагии халқ 62%, маҳсулоти саноат 85 %\ маҳсулоти хоҷагии қишлоқ 21% афзуд. Ба сохтмони якчанд соҳаҳои нави мошинсозӣ, инчунин энергияи атом замина гузошта шуд. Ҳаҷми маблағтузории асосӣ ба 90%’ расид. Маҳсулоти мошинсозӣ ва металлкоркунӣ назар ба соли 1950-ум 2,2 баробар, ҳосилнокии меҳнати 1 коргари са­ноат 49%’ зиёд шуд. Супоришҳои бештар истеҳсол кардани молҳои ис­теъмолии халқ барзиёд иҷро гардид. Хусусияти муҳими плани панҷсолаи 5-ум ба ҳам наздик шудани суръати инкишофи истеҳсолӣ воситаҳои ис­теҳсолот ва истеҳсоли молҳои истеъмолӣ буд. Агар дар панҷсолаи 4-ум суръати афзоиши маҳсулоти гурӯҳи «А” аз суръати афзоиши маҳсулоти гурӯҳи «Б»- 36% баланд бошад, пас дар панҷсолаи 5-ум ин рақам 4% шуд. Барои тараққӣ додани хоҷагии қишлоқ тадбирҳои муҳим анде­шида шуданд. Соли 1955 киштзор аз 146,3 миллион гектар (1950) ба 186 миллион гектар расид. Зироати заминҳои навкорам ва бекорхобида, аз кадр таъмин кар­дани колхозҳо, баланд бардоштани мавқеи принсипи ҳавасмандии моддии колхозчиён ва дигар тадбирҳо афзоиши истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқро таъмин намуданд.

3200 корхонаи нави калони сано­атии давлатӣ сохта шуд. Стансияҳои электрии олавии районни Приднепровск, Черепет, Кузбасси Ҷанубӣ, Серово ва Урали Ҷанубй ба кор даромаданд. Соли 1954 аввалин дар ҷаҳон стансияи электрии атомӣ ба кор даромад. Стансияҳои электрии обии Кама, Горкий, Симлянск, Каховка, Усть-Камевогорск, Мингечаурск, Гюмуш ба истифода дода шуданд. Комбинати металлургии Орско-Халллово, 3аводи металлургии Череповеск, ком­бинатҳои калийи Березники, нефткоркунии Новокуйбишевск ва ғайра сох­та шуданд. Сохтмони Канали киштигарди Волгаю Дон ба номи Владимир Илич Ленин ба охир расид. Музди меҳнати реалии коргарону хизматчиён 39%, даромади деҳқонон ба ҳисоби 1 коргар 1,5 баробар афзуд. Ҳамкории иқтисодӣ бо мамлакатҳои сотсиалистӣ, махсусан дар доираи СЭВ хеле вусъат ёфт.

Иҷрои планҳои панҷсолаи 4-уму 5-ум имкон дод, ки аз дараҷаи пеш- азҷангии тараққии иқтисодии мам­лакат хеле пеш равем. Соли 1955 арзиши ҳамаи фондҳои асосии истеҳсолӣ назар ба соли 1940-ум 2 баробар ва даромади миллӣ 2,8 маротиба афзуд.

Вазифаи асосии иқтисодии пла­ни панҷсолаи шашум (1956— 60) аз он иборат буд, ки дар заминаи бештар тараққӣ додани саноати вазнин, прогресси бемайлони техникӣ, афзоиши ҳосилнокии меҳнат, инки­шофи минбаъдаи хоҷагии халқ, алалхусус соҳаҳои прогрессивии саноат, тараққии хоҷагии қишлоқ ва дар ин асос дараҷаи баланди некӯаҳволии моддии халқ таъмин карда шавад. Дар  панҷсолаи 6-ум даромади миллӣ 54%, маҳсулоти умумии саноат 64%, маҳ­сулоти хоҷагии қишлоқ 32% зиёд шуд. Ҳаҷми умумии маблағгузорӣ аз 91,1 миллиард сӯм (панҷсолаи 5-ум) ба 170,5 миллиард сӯм расид, ё 87% афзуд. Соҳаҳои на­ви истеҳсолот — дастгоҳсозӣ, радио­техника ва электротехника, истеҳсоли молҳои маишӣ ва асбобҳои рӯзгор (яхдон, мошинҳои ҷомашӯй ва ғайра) ба вуҷуд омаданд. Ҳосилнокии меҳнати 1 коргари саноат 37%, сохтмон 54% ва нақлиёти роҳи оҳан 48% афзуд. Ҳаҷми муомилоти моли чакана 57 зиёд шуд. Программаи азими зироати заминҳои навкорам ва бекорхобида давом дода шуд. Соли I960 за- мини кишт ба 203 миллион гектар расид.

Дар тӯли солҳои 1956—58-ум 2690 корхонаи калони саноатии давлатӣ ба истифода дода шуд, сохтмони Стансияи электрии обии Волга ба номи Владимир  Илич Ленин ба охир расид ва хати баландшиддати электргузаронии ГЗС-и Волга — Москва ба кор даромад. Стансияҳои электрии обии Иркутск, Новосибирск, Қайроққум, Тнибули, Арзни ва стансияҳои элект­рии олавии районки Том — Усинск, Верхпетагил ба кор даромаданд. 3аводи хӯлаҳои бадошти Серов, заводҳои нефткоркунии Новогорковск ва Вол­гоград, Комбинати химияи Саратов ва дигар корхонаҳо ба истифода дода шуданд. Соли 1950 газопроводи Став­ропол — Москва ба кор даромад.

Зарурати ҳалли чанд проблемаҳои муҳимми аз доираи плани панҷсола берунмондаи хоҷагии халқ, дарёфти воситаҳои иловагӣ барои сохтмони иҷтимоию маданӣ, инчунин кашфи конҳои самарабахши сарватҳои табиӣ тақозо намуданд, ки супоришҳои 2 соли охири панҷсолаи 6-ум дигар карда ва плани ҳафтсола (1959—65) тартиб дода шавад. Съез­ди 21-уми ғайринавбатии  Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС (1959) тараққӣ додани қувваҳои истеҳсолкунандаи ҳама соҳаҳои иқтисодиёт, хеле зиёд намудани иқтидори иқтисодии мамлакат, муттасил баланд бардоштани дараҷаи некӯаҳволии халқро вазифаи асосии ин план донист. Махсусан ба тараққии соҳаҳои хеле самарабахши истеҳсолот диққати ҷиддӣ дода шуд. Про­граммаи васеи прогресси техникӣ ва минбаъд баланд бардоштани дараҷаи консентрасия, махсусгардонӣ ва кооперативонии истеҳсолот, танзими музди меҳнат, вусъат додани сохтмони манзил пешбинӣ шуд.

Аз рӯи нишондиҳандаҳои асосӣ план иҷро гардид. Соли 1965 даромади миллӣ назар ба соли 1958-ум 53%,, фондҳои асосии истеҳсолӣ 91%, аз он ҷумла дар саноат 2 баробар, истеҳсоли маҳсулоти саноат 84%, хоҷагии қишлоқ 15% зиёд шуд. Ҳосилнокии меҳнат дар хоҷагии халқ 40%, саноат 42%, хоҷагии қишлоқ 30% ва сохтмон 53% афзуд. Маблағгузорӣ ба хоҷагии халқ 281 миллиард сӯм, яъне назар ба солҳои 1918— 5 8-ум 22,2 миллиар сӯм зиёд буд.

5470 корхонаи калони саноатии давлатӣ, аз ҷумла стансияҳои элект­рики олавии районии Белово ва На­зарово (Сибир), Троиский ва Нива (Урал), Конаковои вилояти Калинки ва ғайра сохта шуданд. Стансияҳои элект­рии атомии Нововоронежу Белоярск ба кор даромаданд. Дар ин муддат Стансияи электрии обии Братск (калонтарин дар ҷаҳон), ҳамчунин стансияҳои электрии обии Воткинск, Днепродзержинск, Бухтарминск, Кро­менчуг, Киев, заводҳои металлургии Сибири Ғарбӣ ва Караганда, комбинатҳои маъдантозакунии Качканар дар Урал, титану магнийи Уст-Ка­меногорск, шинасозии Барнаул, хи­мики Щёкино, комбинат калийи Со­лигорск, заводҳои суперфосфати Сумгаити, Чорҷуй, Гомел ва ғайра сохта шуданд. Газопроводи Бухоро — Урал гузаронида шуд.

Метрополитени Ки­ев ба кор даромад. Доир ба зиёд кар­дана музди минимаалии коргарону хиаматчиён тадбирҳои муҷим андешида шуданд. Андоз аз музди меҳнатии ками зиёди коргарону хизматчиён бекор ё кам карда шуд. Барои колхозчиён нафақа муқаррар гардид. Ҳаҷми минималии нафақа зиёд, рӯзи корӣ ва ҳафтаҳои кори кӯтоҳ, хизматрасонии тиббӣ, маданӣ ва маишии аҳолӣ беҳтар шуд. Даромади реалӣ ба ҳисоби як коргар 33%, аз ҷумла даромади колхозчиён 49% афзуд. Ҳаҷми муомилоти моли чакана 1,6 маротиба зиёд шуд. 558 миллион метр* манзил, инчунин дар колхозҳо 3510 ҳазор хона сохта шуд. Соли 1959 таълими умумии ҳатмии 8-сола ҷорӣ гардид. Шумораи коргарони баландихтисос, мутахассисони        дорои маълумоти олию миёна, инчунин миқдори кор­мандони илмӣ хеле афзуд.

Плани панчсолаи ҳаштум (1966—70) аз рӯи Директиваҳои Съезди 23-юми Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС (1966), инчунин қарорҳои пленумҳои октябри (1964), мартӣ ва сентябри (1965) Комитети Марказии Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС тартиб дода шуд, ки дар онҳо программаи дарозмуддати та­раққии иқтисодиёти мамлакат пешбинӣ шуда буд. Ҷиҳати муҳимтарини ин программа гузаштан ба принсини идоракунии соҳавии хоҷагии халқ, ҳавасмандгардонии ҳарҷонибаи иқтисодии инкишоф ва такомули ис- теҳсолот мебошад. Вазифаи асосии иқтисодии панҷсола аз он иборат буд, ки ба туфайли истифодаи комёбиҳои илму техника, тараққии индустрналии ҳамаи истеҳсолоти ҷамъиятӣ, самарабахшии истеҳсолот, хеле тараққӣ додани саноат, суръати ба­ланду устувори тараққини хоҷагии қишлоқ ва болоравии қатъии дараҷаи зиндагии халқ таъмин карда шавад. Хусусияти муҳими ин план дар як вақт тезонидани суръати тараққии иқтисодиёти мамлакат ва баланд бардош­тани дараҷаи зиндагии меҳнаткашон буд. Дар план вазифаи ҷорӣ кардани таълими миёнаи умумӣ гузошта шуд.

Супоришҳои асосии панҷсола аз рӯи якчанд нишондиҳандаҳои асосӣ иҷро шуданд: даромади миллӣ ба ҷои 38,4%-и план 41,5%, даромади ре­алӣ ба ҳар сари аҳолӣ 33% (дар план 30%), истеҳсоли маҳсулоти са­ноат 50,5% (дар план 47—50%) аф­зуд. Суръати афзоиши маҳсулоти хоҷагии қишлоқ тез шуд. Истеҳсоли солонаи ин соҳа ба ҳисоби миёна 21% (дар панҷсолаи гузашта 12%) зиёд гардид. Фондҳои асосии истеҳсоли хоҷагии халқ 48% афзуд. Коэффисиент навкунии ин фондҳо 44%, дар хоҷагии қишлоқ, бошад, 54%-ро ташкил дод. Ҳаҷми маб­лағгузорӣ ба сохтмони асосӣ назар ба солҳои 1961—65-ум 43%, суръати афзоиши ҳосилнокии меҳнати ҷамъятӣ 37% (дар панҷсолаҳои гузашта 29%) зиёд шуд.

1900 корхона ва объектҳои калони саноатӣ, аз ҷумла Стансияи элект­рии обии районии Преднепровск, 3аводи трубасозии Волжск, печҳои домнагии зарфияташон 27СО—3000 метр3, фабрикаҳои калобаи рангаи Донеск, три­котажии Волгоград, Шахтёрск, Лениногорек, пойафзоли Волгограду Череповес ва ғайра сохта шуданд. Сохт­мони системаи ягонаи энергетии қисми европоии Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР ба охир расид. Системаи энергетии муттаҳидаи Си­бири Марказӣ сохта шуд. Омилҳои интенсивӣ дар афзоиши даромади миллй мавцеи калон доштанд, ки ин ба афэудани досил ионии меҳнат, камшавии масолеҳталабии маҳсулот, беҳтар истифода кардани фондҳои асосии истеҳсолӣ дар соҳаҳои гуногун таъсир расонд.

Плани панҷсолаи нуҳум (1971—75) аз рӯи Директиваҳои Съезди 24-уми Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС (1971) тартиб дода шуд ва онро худи ҳамон сол сессияи Совети Олии Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР тасдиқ намуд. Вазифаи асосии панҷсола дар асоси суръати баланди таракқии ис- теҳсолоти сотсиалист, беҳтар карда­ни маҳсулнокии он ва тезондани суръати афзоиши ҳосилнокии меҳ­нат хеле баланд бардоштани дара­ҷаи моддию мадании зиндагии халқ буд.

План программаи мукаммалу ҳарчонибаи афзоиши дараҷаи некӯаҳволии моддию мадании меҳнаткашон, бо роҳи зиёд кардани ҳаққи меҳнат ва музддиҳӣ аз ҳисоби фондҳои истеъмолии ҷамъият зиёд намудани даромади аҳолӣ, беҳтар намудани шароити манзил, беҳтар кардани таъминоти моддии оилаҳои серфарзанд, нафақахӯрону студентон, ташкили дурусти меҳнати занони кӯдакдор, зиёд кардани соҳаҳои хизматрасонӣ, инкишофи системаҳои нигаҳдории тандурустӣ, истироҳати муташаккилонаи меҳнаткашон, тараққии ҳаматарафаи маорифи халқ, ва маданияти сотсиалистӣ, анҷом до­дани гузариш ба маълумоти миёнаи умумӣ, наздик намудани дараҷаи зиндагии аҳолии шаҳру деҳотро пешбинӣ намуд. Дар план ба тараққии соҳаҳои нав — мошинсозии соҳаи атом, истеҳсоли воситаҳои автоматонӣ ва техникаи ҳисоббарор диққати калон дода шуд. Шакли нави мусобиқаҳои сотсиалистӣ — планҳои истикболӣ ба вуҷуд омад.

Дар давоми панҷсола (1971—75) даромади миллӣ 28%, маҳсулоти са­ноатӣ 43%, ҳаҷми солонаи маҳсулоти хоҷагии қишлоқ нисбат ба панҷсолаи гузашта ба ҳисоби миёна 15% афзуд. Ба хоҷагии халқ бештар аз 500 милиард сӯм пешбинӣ шуд. Фондҳои асосии истеҳсолӣ 1,5% афзуд. Тақрибан 1700 корхона ва объектҳои саноатӣ, инчунин шумораи зиёди сеху соҳаҳои корхонаҳои амалкунанда ба кор даромаданд. ГЭС-и Красноярск (иқтидораш 6 Гит), 3аводи автомобилҳои са- букрави Волга, аввалин дар ҷаҳон стансияи электрии атомии дорои нейтронҳои босуръат, дар 3аводи ме­таллургии Кривой Рог печи домнагии зарфияташ 5009 метр3 сохта шуданд. Сохтмони комплекси корхонаҳои истеҳсолкунандаи автомобилҳои боркаш (КамАЗ), магистрали роҳи оҳани Байкалу Амур (БАМ) ва бисёр корховаю объектҳои калони дигар cap шуд.

Истеҳсоли зиёда аз 15 ҳазор навъи маҳсулоти саноатӣ ба роҳ монда шуд. Дараҷаи техникӣ ва сифати маҳсулот, аз ҷумла молҳои истеъмолии халқ баланд гардид, қисми зиёди маҳсулот Нишони давлатии сифат гирифт. Структураи истеҳсолоти саноатӣ беҳтар гардид. Соли 1975 ҳиссаи маҳсулоти мошинсозӣ, саноати химия ва электроэнергетика назар ба 31%-и соли 1970 то 35% зиёд шуд. Дар ин солҳо истеҳсоли нуриҳои минералӣ 1.6 баробар афзуда, соли 1975-ум ба зиёда аз 90 миллион тонна расид. Зифти сунъӣ ва пластмасса 49%, нахҳои химиявӣ 42%, асбоб ва воситаҳои автоматонӣ бештар аз 2, воситаҳои техникаи ҳисоббарор 4,3, дастгоҳҳои металлбурӣ 2,8 баробар афзуд. Истеҳсоли энергияи электр ба 1039 миллиард килоВатт-соат, пӯлод 141 миллион тонна,   семент 122 миллион тонна, нефт 491 миллион тонна, газ 289 миллиард метрэ расид. Дар тараққии истеҳсоли молҳои истеъмолии халқ пешравиҳои куллӣ ба даст омад. Ис­теҳсоли матоъҳои пахтагин ба 6635 миллион метр2, пойафзоли чармин 698 миллион ҷуфт, соат 55 миллион, радиоприёмнику радиола 8376 ҳазор, яхдонҳо 5606 ҳазор, автомобилҳои сабукрав 1201 ҳазор (ё 3,7 баробар); расид.

Истеҳсоли молҳои химияи маишӣ 42%, масолеҳи хӯрокворӣ 37%- афзуд. Барои ҷорӣ кардани снстемаҳои гуногуни авто­матикидоракунӣ ва ташкили марказҳои ҳисоббарор корҳои зиёде анҷом дода шуданд. Дар охирҳои панҷсола зиёда аз 2328 системаи ав­томатии идоракунӣ (АСУ) ва 2600 маркази ҳисоббарор кор мекард. Ба- робари афзоиши истеҳсоли маҳсуло­ти саноатӣ сифати онҳо беҳтар ва истеҳсоли навъҳои нави маҳсулот ба роҳ монда шуд. Дар ин солҳо 14,2 ҳазор навъи нави маҳсулоти саноатӣ аз худ ва барои омма истеҳсол кар­да шуд, 5,8 ҳазор намунаи кӯҳнаи маҳ­сулот аз истеҳсолот баромад. Ба 23,3 ҳазор навъи маҳсулот Нишони давлатии сифат дода шуд. Барои баланд бардоштани дараҷаи моддӣ ва мадании зиндагии аҳолӣ тадбирҳои зиёде андешида шуданд. Даромади реалӣ ба ҳар сари аҳолӣ 24% афзуд, музди меҳнати бештар аз 75 миллион кас зиёд гардид. Аз ҳисоби зиёд кардани нафақа, ёрдампулӣ ва стипендия да­ромади тақрибан 40 миллион кас зиёд шуд. Пардохти пешазмӯҳлати облигасияҳои заёмҳои давлатӣ оғоз ёфт. Даромади миллӣ ба ҳар сари аҳолӣ зиёда аз 19%’ афзуд. Дар 544 миллион метр* манзил сохта шуд, ки дар натиҷаи ин шароити зипдагии тақрибан 45 миллион кас беҳтар гардид. Маълумоти миёнаи умумӣ ҷорӣ шуд.

Дар тараққии хоҷагии республикаҳои иттифоқӣ муваффакиятҳои калон ба даст омад. Иқтисодиёти ноҳияҳои шимоли мамлакат рӯ ба тараққӣ ниҳод. Соҳаҳои энергетикии саноат, саноати металлургияи сиёҳу ранга, химия, ҷангал, коркарди чӯб, селлюлозаю коғаз, хоҷагии қишлоқ мисли соҳаҳои ғаллакорӣ, пахтакориву чорводории ин районҳо бо суръати баланд тараққӣ карданд. Дар Сибири Fapбӣ базаи калонтарини нефт сохта шуд. Сохтмони азими БАМ оғоз ёфт ва анҷоми он барои тараққии минбаъдаи иқтисодиёти Сибири Шарқӣ ва Шарқи Дур истифодаи захираҳои бои табиӣ зами­наи мустаҳкамест.

Плани панҷсолаи даҳум (1976—80) дар асоси роҳҳои асосии тараққиёти хоҷагии халқи СССР тартиб дода шуд ва онро Съезди 25-уми Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС тасдиқ намуд. Вазифаи асосии панҷсолаи 10- ум собитқадамопа пеш гирифтани роҳи Партияи Коммунистӣ дар бобати дар заминаи таракқиёти динамикӣ ва мутаносиби истеҳсолоти ҷамъиятӣ ва зиёд кардани самараи он, тезондани прогресси илмию техникӣ, ба­ланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат, дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ҳамаҷониба беҳтар намудани сифати кор баланд бардоштани дараҷаи моддию мадании халқ буд.

Панҷсолаи 10-ум давраи нави муҳимми барпо кардани базаи моддию техникии коммунизм, такмили муносибатҳои ҷамъиятӣ ва ташаккули одами нав, тараққии тарзи зиндагии сотсиалистӣ ҳисоб меёфт. Ин давраи пурзӯр кардани интенсивонии истеҳсолоти ҷамъиятӣ, истифодаи пурраи имкониятҳои хоҷагии халқ барои афзунгардонии сарватҳои миллӣ, барои мустаҳкам наму­дани иқтидори иқтисодӣ ва қобилияти мудофиавии мамлакат буд. Дар панҷсолаи 10-ум низ, мисли панҷсолаҳои гузашта, ба минбаъд ҳам тараққӣ додани соҳаҳои гуногуни саноат, хоҷагии халқ диққати ҷиддӣ дода шуд. Истеҳсоли маҳсулоти са­ноат дар панҷсола 35—39%, аз ҷумла воситаҳои истеҳсолот 38—42% ва молҳои истеъмолӣ 30—32%, ҳосил­нокии меҳнат дар саноат 30—34% зиёд гардид.

Ҳосилнокии меҳнати коркунони саноат аз ҳисоби про­гресси илму техника хеле афзуд. Дар давоми солҳои 1976— 78 истеҳсоли зиё­да аз 10 ҳазор навъи маҳсулоти саноат ба роҳ монда шуд. Охирҳои соли 1980 фонди асосии истеҳсолот аз 1 триллион сӯм гузашт. Истеҳсоли энергияи электр ба 1295 миллиард килоВатт-соат расид, сохтмони стансияҳои электрии олавӣ ва атомӣ давом дода, стансияҳои электрии олавии Экибастуз, Канско-Ачинск сохта шу­данд. Кори барпо намудани систе­маи ягонаи энергетии Сибир ва Осиёи Миёна бо сохтани хатҳои электр- гузарони 500, 750 ва 1150-волта да­вом ёфт. Ҳосилнокии меҳнат дар соҳаи электроэнергетика 27—29% афзуд. Соли 1980 истеҳсоли нефт (якҷоя бо кондесати газ) ба 603 миллион тонна расид. Ҳосилнокии меҳнат дар саноати нефт 28—30% афзуд. Дар саноати нефткоркунӣ ҳаҷми коркарди нефт 25—30%, истеҳсоли бензинҳои сероктан, сӯзишвории дизели, равғанҳои аълосифат зиёд шуд. Соли 1980 истеҳсоли газ ба 435 миллиард метр’* расид, 35 ҳазор километр газопровод ба кор андохта, истифодаи комплексии сис­темаи ягонаи таъмини газ дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР ба вуҷуд оварда шуд. Ҳосилнокии меҳнати ин соҳа (43—45% афзуд. Охири панҷсола истеҳсоли ангишт ба 716 миллион тонна расид. Конҳои мавҷудаи ангишт тараққӣ ва корҳои зудтар барпо намудани комплекси сӯзишвории энергетикии Канско- Ачинск вусъат ёфт.

Дар саноати сабук истеҳсоли маҳ­сулот 26—28%’ афзуд. Соли 1980 истеҳ­соли матоъ ба 10,7 миллиард метр2, маснуоти трикотажӣ ба 1623 миллион адад ра­сид. Истеҳсоли матои нобофта 3,4— 3,5, қолину пояндоз 2,1 баробар, ис­теҳсоли хелҳои нави газвор, либос, маснуоти трикотажӣ ва дузандагӣ, пойафзол, маснуот аз мӯинаи табиӣ ва сунъӣ ва навъҳои онҳо афзуд. Истеҳсоли молҳои маданию рӯзгор 1,6 баробар зиёд шуд. Миқдори яхдонҳои як ва серкамераи зарфияташон то 300 литр, кондисионерҳо, телевизорҳои ранга ва сайёр, радиою ра­диола, мошиндор гуногуни рӯзгор афзуд.

Xоҷагии қишлоқ, талаботи аҳолиро аз хӯрок­ворӣ ва саноатро аз ашъёи хом қонеъ гардонда, боз ҳам тараққӣ кард. Ҳаҷми миёнаи солонаи истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқ назар ба панҷсолаи гузашта 14—17% афзуд. Соли I960 маҳ­сулоти хоҷагии қишлоқ 121,2 миллиард сӯмро ташкил намуд, ки он аз истеҳсоли миёнаи солонаи панҷсолаи 9-ум 13% зиёд аст. Соли 1960 ғаллакорон ба анбори мамлакат 189,1 миллион тонна ғалла рехтанд. Деҳқонон солҳои 1961—65 ба давлат соле 130,3 миллион тонна ғалла, 4,99 миллион  пахта додаанд, ин нишондиҳандаҳо солҳои 1976—80 мувофиқаи ба 205; 8,93 миллион тонна расид. Соли 1980 истеҳсоли солонаи пахта ба 9,96 миллион тонна, лаблабӯи қанд ба 79,6 миллион тонна расонда шуд. Мелиоратсияи замин беҳтар гардид; 4 миллион гектар замин обёрӣ, 4,7 миллион гектар замин хушконда, 37,6 миллион гектар чарогоҳ обшор карда шуд. Маблағгузорӣ ба хоҷагии қишоқ ба 170 миллиард  сӯм расид. Дар давоми панҷ сол хоҷагии қишлоқ 1,8 миллион трактор, 1,3 миллион автомобили боркаш, қариб 540 ҳазор комбайни ғалладарав, 1580 присепи трактор гирифт. Соли 1980 хоҷагии қишлоқ 111 миллиард  килоВатт-соат энергияи электр истеъмол намуд, парки тракторҳо ба 2562 ҳазор, парки автомобилҳои боркаш ба 1596 ҳазор адад, миқдори нурин минералӣ ба 82 миллион тонна, заминҳои обӣ ва хушконида бошад. ба 35 миллион гектар расид.

Нақлиёт барои қонеъ гардонидани талаботи хоҷагии халқ ва аҳолӣ, беҳтар намудани алоқаҳои нақлиётии байни ноҳияҳои иқтисодии мамлакат соҳаи муҳим аст. Дар давоми панҷсола ҳақми боркашонии ҳамаи навъҳои нақлиёт тақрибан 30%*, пассажиркашонии нақлиёти истифодаи умум 23% афзуд. Бештар ба тараққии нақлиёти роҳи оҳан ва беҳтар кардани кори он диққат дода шуд. Дар давоми панҷсола 3,5 ҳазор километр роҳҳои нави оҳан сохта, нақлиёти баҳрӣ, дарёӣ, трубопроводӣ, автомобилӣ ва ҳавоӣ такмил дода шуд. Соли 1980 ҳаҷми боркашонии нақлиёти трубопро­воде (нефт ва маҳсулоти он) 1196,8 миллиард, нақлиёти автомобилии хоҷагии халқ 432,3 миллиард, нақлиёти ҳа­воӣ (якҷоя бо почта) 3.09 миллиард тонна-киллометрро ташкил намуд. Агар ҳаҷми боркашонии ҳамаи намудҳои нақлиёти истифодаи умум соли 1970 3829, 2 миллиард тонна-километр ва пассажиркашонии ҳамаи намудҳои нақлиёти истифодаи умум 553,1 пассажир-километр бошад, пас соли 1980 ин нишондиҳанда мутобиқан 6165,3; 891,1 буд. Соли 1980 миқдори корхонаҳои алоқа (почта, телеграф ва телефон) аз 11 ҳазор (1913) ба 91 ҳазор расид. Охири соли 1980 дар мамлакат ҷамъ 29,1 миллион аппарати теле­фон кор мекард.

Иқтисодиёти ҳамаи республикаҳои иттифоқию автономӣ низ хеле тараққӣ кард. Суръати афзоиши ҳаҷми умумии маҳсулоти саноати Республикаи Советии Сотсиалистии  Тоҷикистон соли 1978 нисбат ба соли 1913-ум 138 баробар ва нисбат ба соли 1970-ум 51 маротиба афзуд. ‘

Дар давоми панҷсолаи 10-ум про­граммаи азими тараққии иҷтимоӣ ва боз ҳам беҳтар кардани зиндагии халқ иҷро гардид. Дар панҷсола музди миёнаи кори коргарон ва хизматчиён 16—18% зиёд шуда, дар охири панҷсола ба 168,9 сӯм расид. Даромади колхозчиён низ аз ходҷагии ҷамъиятии колхозҳо ба ҳисоби миёна 24—27%, ёрдампулӣ ва имтиёздиҳӣ ба аҳолӣ аз ҳисоби фондҳои ҷамъиятии истеъмол 28—30% зиёд шуд. Даромади реалии коргарону хизматчиён ба ҳисоби як коркун соли 1980 нисбат ба соли 1940-ум 4 баробар, даромади реалии колхоз- чиён 6,9 маротиба афзуд. Соли 1980 да­ромади реалӣ ба ҳисоби дар як кас нисбат ба соли 1979-ум 3,5% зиёд шуд. Агар музди кори коргарону хизматчиёни соҳаҳои хоҷагии халҳ соли 1965- ум 90,5 сӯм бошад, пас соли 1980 вай ба 168,9 сӯм расид. Музди миёнии кор бо якҷоягии ёрдампулӣ ва имтиёзҳо аз фондҳои ҷамъиятии ис­теъмол соли 1980 ба 232,8 сӯм расид. Муомилоти молӣ савдои чаканаи давлатӣ ва кооперативӣ 27—29%, ҳаҷми адои хизмати маишии аҳолӣ 1,5 баробар, аз ҷумла дар деҳот 1,7 баробар зиёд гардид.

Солҳои 1976—80 сохтмони манзил хеле инкишоф ёфт. Дар панҷсолаи 10-ум ба масоҳати умумии 530 миллион метр* манзил сохта шуд ва ин имкон дод, ки шароити манзили 50 миллион кас беҳтар карда шавад. Солҳои 1980-ум 80%-и сокинони шаҳрҳо дар квартираҳои алоҳида зиндагӣ мекарданд. Давлат ба соҳаи тандурустӣ соли 1940- ум 0,9 миллион сӯм сарф карда бошад, пас соли 1978 ин маблағ ба 13,5 миллиард сӯм расид. Дар Республикаҳои Советии Сотсиалистиӣ СССР аз се як қисми духтурони ҷаҳон (соли 1980-ум 995,6 ҳазор) кор мекунанд, ба ҳар 10 ҳазор кас тақрибан 36 нафар духтур рост омад. Соли I960 шумораи умумии катҳои беморхонаҳо ба 3,3 миллион расид, дар шаҳру деҳот, посёлкаҳо амбулато­рияю) поликлиника, дорухона ва касалхонаҳои нав сохта шуданд.

Сис­темаи маорифи халқ мувофиқи прогресси илму техника ва замон минбаъд инкишоф ёфт. Барои камаш 7 миллион  нафар талаба, аз ҷумла дар деҳот барои тақрибан 4,5 миллион нафар хонанда мактабҳои нави маълумоти умумӣ сохта шуданд, қабул ба омӯзишгоҳҳои касбҳои техникӣ 2 ба­робар зиёд ва тавассути ин система 11 миллион нафар коргарони ихтисоснок тайёр карда шуд. Алҳол 77%-и сту- дентони рӯзхони мактабҳои олӣ ва 72%-и хонандагони омӯзишгоҳҳои миёнаи махсус стипендия мегиранд. Дар соли хониши 1979/80 дар мак­табҳои СССР 100,2 миллион нафар мехонд. Мактабҳои олӣ ва миёнаи махсусро худи ҳамин сол 2092 ҳазор нафар хатм карданд. Дар давоми солҳои панҷсола 9,9 миллион нафар мутахассисони дорои маълумоти олӣ ва миёнаи мах­сус тайёр карда шуданд.

Ба туфайли иҷрои программаҳои панҷсолаи 10-ум иқтидори сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳарбии Давлатӣ Советӣ афзуд, дунёи маънавии одами со­ветӣ боз ҳам бойтар, тарзи зиндагии сотсиалистӣ устувор гардид.

Плани панҷсолаи 10-ум аз планҳои панҷсолаи гузашта бо он фарқ мекард, ки ҳачму миқёси корҳо хеле калон буд, ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ мунтазам тараққӣ кард, программаи азими иҷтимоӣ иҷро, баланси хоҷагии халқ беҳтар, структураи идоракунӣ мукаммал ва сиёсати аграрии партия амалӣ гардид. Ин панҷсолаи сифат ва Самара буд.

Плани панҷсолаи ёздаҳум аз»рӯи роҳҳои асосии тараққиёти иқтксодӣ ва иҷтимоии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР дар солҳои 1981—85 ва дар давраи то соли 1990 тартиб дода шуд ва онро Съезди 26-уми Пратияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС тасдиқ намуд. Вазифаи асосии панҷсолаи  11-ум минбаъд ҳам баланд бардоштани дараҷаи некӯаҳволии одамони советӣ дар асоси тараққиёти бардавому пуравҷи хоҷагии халқ, тезонидани прогресси илмию техникӣ ва гузаронидани иқтисодиёт ба роҳи ривоҷу равнақи босуръат, оқилонатар ва дурусттар истифода бурдани нерӯи истеҳсолии мамлакат, ҳарҷониба сарфа кардани ҳамаи захираҳо ва беҳтар намудани сифати кор мебошад.

Дар пандсолаи 14-ум тараққиёти ҳаматарафаи ҳама соҳаҳои саноат пешбинӣ шудааст. Истеҳсоли маҳсу­лоти саноат дар панҷ сол 26—28%, аз он ҷумла воситаҳои истеҳсолот 26—28% ва молҳои истеъмолӣ 27— 29% меафзояд. Ҳосилнокии меҳнат дар саноат 23—25% баланд бардошта мешавад. Дар электроэнерге­тика соли 1985 ба 1550—1600 миллиард килоВаттсоат, аз он ҷумла дар стансияҳоиои электрии атомӣ ба 220—225 миллиард килоВатт-соат ва стансияҳои электрии обӣ ба 230— 235 миллиард килоВатт-соат расонидани энергияи электр пешбинӣ шудааст. Сохтмони стансияҳои электрии олавӣ давом дода, навбати якуми хатти электрии ҷараёни доимии Экибастуз — Марказ (шиддаташ 1600 киловатт) ва хатти элект­рии ҷараёни тағйирёбандаи Экибас- туз— Урал (шиддаташ 1150 киловатт) ба кор андохта мешаванд. Ҳосилнокии меҳнат дар соҳаи электроэнергети­ка 18—20%’ меафзояд. Соли 1985 истеҳ­соли нефт (якҷоя ба конденсати газ) ба 6(20—645 миллион тонна мерасад. Са­ноати истихроҷи нефт дар ноҳияҳои Сибири Ғарбӣ, Республикаи Советии Сотсиалистии Қазоқистон  ва шимол. Қисми европоии мамлакат босуръат тараққӣ меёбад, конҳои нави нефт ба кор медароянд. Соли 1985 истеҳсоли газ ба 600—640 миллиард метр3 расонида. газопроводи пуриқтидори ба дара­ҷаи баланд автоматиконида ва барои истифодаи магистрали эътимоднок сохта мешавад. Ҳосилнокии меҳнати ин соҳа 33—35% меафзояд. Охири панҷсола истеҳсоли ангишт ба 770— 800 миллион тонна мерасад. Дар Кузбасс барпо намудани иқтидорҳо, сохтмони объектҳои комплексҳои сӯзишворию энергетикии Канско-Ачинск ва Экибастуз вусъат меёбад.

Дар саноати сабук истеҳсоли маҳсулот 18—20%* зиёд мешавад. Ис­теҳсоли молҳои маданию рӯзгор ка­маш 1,4 баробар зиёд шуда, сифати онҳо хеле беҳтар мегардад.

Дар хоҷагии қишлоқ барои тараққиёти бо­суръат, афзун гардонидани самараи ҳамаи соҳаҳо, бештар истеҳсол кар­дани маҳсулот ва беҳтар гардидани сифати онҳо диққати ҷиддӣ дода мешавад. Дар давоми панҷсола ис­теҳсоли миёнаи солонаи маҳсулоти хоҷагии қишлоқ 12—14%’, ҳосилнокии меҳнат дар хоҷагии ҷамъиятӣ 22—24%- ме­афзояд. Истеҳсоли миёнаи солонаи ғалла ба 238—243 миллион тонна, пахта ба 9,2 – 9,3 миллион тонна, лаблабӯи қанд 100— 103 миллион тонна, гӯшт ба 17—17,5 миллион тонна, шир ба 97—99 миллион тонна, тухм камаш ба 72 миллиард дона, пашм ба 470—430 ҳазор тонна мерасад. Мелиорасияи замин инкишоф меёбад:) 3,4—3,0 миллион гектар замини обӣ ва 3,7—3,9 миллион гектар зами­ни хушконда ба кор андохта, дар биёбонҳо, нимбиёбонҳо ва кӯҳсор 26—28 миллион гектар чарогоҳ, обшор карда мешавад. Xоҷагии қишлоқ соли 1985 камаш 115 миллион тонна нуриҳои минералӣ, 5 миллион тонна моддаҳои иловагии химиявии хӯроки чорво, 650—680 ҳазор тонна воситаҳои самарабахши муҳофизати растанӣ, дар панҷсола 1870 ҳазор трактор, 1450 ҳазор автомобили боркаш, 600 ҳазор комбайни ғалладарав ва дигар техникаи хоҷагии қишлоқ мегирад. Бо энергияи электр таъмин будани меҳнат дар хоҷагии қишлоқ 1,4—1,6 баробар зиёд мешавад.

Дар давоми панҷсола зиёд кардани самара ва баланд бардоштани сифати кори системаи нақлиёт пешбинй шудааст. Солҳои 1981—85 ка­маш 5 ҳазор километр роҳи оҳани дуюм ба истифода дода, беш аз 6 ҳазор километр роҳи оҳан электриконида, зиёда аз 15 ҳазор километр роҳи оҳан бо блокировкаи автоматӣ ва сентрализасияи диспетчери тадхи- зонида, Камаш 3,6 ҳазор км роҳи оҳани нав сохта мешавад. Боркашонии нақлиёти роҳи оҳан 14—45%, пассажиркашонӣ 9%, ҳосилнокии меҳнат 10—12% меафзояд. Нақлиёти баҳрӣ, дарёӣ, трубопроводӣ, автомобилӣ ва ҳавоӣ такмил меёбад. Боркашонии нақли­ёти автомобилии истифодаи умум 1,4 баробар, пассажиркашонии автобусҳои истифодаи умум 16— 18%, пассажиркашонии нақлиёти ҳавоӣ тақрибан 1,3 баробар зиёд мегардад. Дар давоми панҷ сол масофаи ка­налҳои байнишаҳрии телефон тақрибан 1,8 баробар дароз карда мешавад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …