Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Планҳои панҷсолаи тараққии хоҷагии халқи РСС Тоҷикистон

Планҳои панҷсолаи тараққии хоҷагии халқи РСС Тоҷикистон

Планҳои панҷсолаи тараққии хоҷагии халқи РСС  Тоҷикистон, шакли асосии планкашии иҷтимоию иқтисодии тараққии рес­публика, ҷузъи таркибии системаи планҳоест, ки планҳои дарозмуддат, миёна (панҷсола) ва ҷории хоҷагии, халқро дарбар мегирад. Планҳои тараққии хоҷагии халқ дар ҳаёти халқи советӣ роли басо бузург бозидаанд. Онҳо дар давраи гузариш аз капитализм ба сохти нави беистисмор, сохтмони ҷамъияти сотсиалистии мутараққӣ, барпо кардани базаи моддию техникии  коммунизм омили ҳалкунандаанд.

Партияи Коммунистӣ ва Давлатӣ Советӣ баъди ба охир расидани давраи барқароркунии хоҷагии халқи мамлакат (1921—25) ба таҳияи лоиҳаи плани панҷсолаи 1-ум шурӯъ намуданд. ҳангоми тартиб додани планҳои панҷсола, пеш аз ҳама, перс­пектива ва проблемаҳои тараққиёти тамоми мамлакат ва дар айни замон манфиату талаботи дар як респуб­ликаи иттифоқӣ ба инобат гирифта мешавад. Аз ни рӯ, планҳои панҷсолаи республикаҳои бародар Партия қисми узвии планҳои тараққии хоҷагии халқи СССР мебошанд. Соли 1927 дар асоси директиваҳои Съезди 15 ВКП(б) ба тартиб додани плани панҷсолаи 1-уми тараққии хоҷагии халқи СССР (1928—32) шурӯъ карданд. Вазифан асосии панҷсола гузоштани таҳкурсии иқтисодии сотсиализм буд.

25 ноябри 1928 ҳукумати Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон лоиҳаи плани панҷсолаи 1-уми тараққии хоҷагии халқи рес- публикаро муҳокима карда, маъқул донист ва онро Конференсияи 2-юми вилоятии партиявии Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон  (феврали 1929) тасдиқ намуд. План ба «афзудани суръати тараққии зироат», хусусан пахтакорӣ, вусъат додани коллективонии хоҷагии қишлоқ диққати махсус дод. Маҳсулоти умумии хоҷагии қишлоқи республика дар панҷсола мебоист аз 65 миллион сӯм то 112 миллион сӯм меафзуд. Ҳангоми тартиб додани план шароити хоси Тоҷикистонро ба инобат гирифта, пеш аз ҳама, ба бунёди чунин соҳаҳои саноат, монанди сузишворӣ, хурокворӣ, бофандагӣ, сохтмон, ривоҷ додани нақлиёту роҳсозӣ эътибор доданд. Плани панҷсо­лаи 1-ум ба сохтмони маданӣ. баланд бардоштани дараҷаи некӯаҳволии меҳнаткашон низ диққати ҷиддӣ дод. ’ Қаpopҳои Съезди 1-уми муассисони Партияи Коммунистии Тоҷикистон. (1930) дар сафарбар намудани омма ба иҷрои вазифаҳои панҷсолаи 1-ум роли бузург бозид. Плани панҷсолаи 1-ум, ки пеш аз мӯҳлат, дар 4 солу се моҳ иҷро гардид, дар Пленуми январии (1933) Комитети Марказии ВКП(б) ҷамъбаст карда шуд. Меҳнаткашони тоҷик дар панҷсолаи 1-ум ба муваффақиятҳои калон ноил гардиданд: аз нисф зиёди деҳқонони яккадаст дар 2200 ТОЗ ва артелҳои хоҷагии қишлоқ муттаҳид шуданд, 19 МТС (1284 трактор) таъсис ёфт, пахтакорӣ хеле ривоҷ ёфт. Соли 1932 ҳосили умумии пахтаи республика аз 38,6 ҳазор тонна (1928) то 50,6 ҳазор тонна афзуд. Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон ба манбаи асосии истеҳсоли пахтаи дарознахи СССР табдил ёфт. Индустрикунонии мамлакат ба саноати сотсиалистки серсоҳаи Тоҷикистон асос гузошт, просесси ташаккули синфи коргари миллӣ авҷ гирифт. Дар панҷсолаи 1-ум як қатор муас­сисаҳои калони замонавӣ, аз ҷумла Комбинати шоҳибофии Хуҷанду, Фаб­рикаи шоҳибофии Душанбе, якчанд аводҳои пахтатозакунӣ, комбинатҳои консерви Хуҷанду Конибодом, кони нави ангишти «Первомайская»-и Шӯроб, якчанд стансияҳои на чандон кало­ни электрӣ ва ғайра сохта шуданд. Дар колхози Қаромазор тадқиқ ва истеҳсоли маъданҳои ранга оғоз ёфт. Соли 1929 роҳи оҳани Душанбе — Тирмиз ба кор да­ромад, ба сохтмони ҳазорҳо километр родҳҳои нақлиёти автомобилӣ, аз ҷумла роҳи Уш — Хоруғ асос гузошта шуд. Дар натиҷаи револютсияи маданӣ дар Тоҷикистон даҳҳо мактабҳои нави советӣ ва муассисаҳои маданию маърифатӣ кушода шуданд, мубориза барои маҳви бесаводӣ авҷ гирифт. Январи 1934 Съезди 17 ВКП(б) шуда гузашт, ки он гузоштани таҳкурсии иқтисодии сотсиализмро таъкид намуда, «Дар бораи плани панҷсолаи 2-юми та­раққии хоҷагии халқи СССР» (1933— 37) қарор қабул кард.

Плани панҷсолаи 2-юми тараққии хоҷагии халқи Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (1933—37)-ро Съезди 2-уми Партияи Коммунистии (б) Тоҷикистон (январи 1934) муҳокима намуд. Дар план ба масъалаҳои пешрафти соҳаи саноат, равнақи минбаъдаи муассисаҳои мавҷуда, аз ҷумла пурра ба кор даровардани комбинати полиметаллии Қаромазор, ба итмом расонидани сохтмонп ГЭС-и Варзоб, роҳсозӣ, ба истифода додани конҳои нави Шӯроб диққати ҷиддӣ дода мешуд. Дар солҳои 1933—37 пурра ба итмом расонидани коллективонии хоҷагии қишлоқи республика, аз ҷиҳати ташкилию хоҷагӣ мустаҳкам намудани колхозҳо пешбинӣ шуда буд. Дар панҷсолаи 2-юм маблағи умумии хароҷоти бюҷети Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон ба 360,8 миллион сӯм расид (соли 1933 140,2 миллион сӯм буд). Аз ин маблағ 62,9 миллион сӯм барои ривоҷи саноат ҷудо карда шуд. Плани панҷсолаи 2-юм ба мустаҳкам намудани базаи энергетикаи хоҷагии халқ низ аҳамияти калон дод. Соли 1937 ГЭС-и Варзоб ба истифода дода шуд, то охири панҷсола бошад, боз як қатор стансияҳои электрии районӣ ба кор даромаданд. Дар районҳои шимоли Тоҷикистон муассисаҳои замонавии маъдан ва сӯзишворӣ (кони нави Шӯроб. конҳои нефти «КИМ» ва «Нефтобод», кони Консой), дар Ду­шанбе аввалин заводи механикии ба номи С. Ордоникидзе (1933) ба кор даромаданд; 8 заводи пахтатозакунии республика соли 1937 31,4 ҳазор тонна маҳсулот бароварданд. Соли 1937 саноати шоҳибофӣ 700 ҳазор метр матоъ истеҳсол кард, муассисаҳои хӯрокворӣ (заводҳои консерви Ленинобод, Исфара, Кис­такӯз, 18 заводи нонпазӣ ва ғайра) ба маблағи 52,3 миллион сӯм маҳсулот баро­варданд, ки ин нисбат ба 1932 6 маротиба зиёд буд. Дар намоишгоҳи умумиҷаҳонӣ (1937, Париж) консерв- ҳои меваи Ленинобод мукофоти дараҷаи якумро гирифт. Дар давраи панҷсолаи 2-юм низ саноати кооперативии маҳаллӣ ривоҷ ёфт. 38% (47 миллион сӯм) маҳсулоти умумии са­ноати республикаро саноати кооперативии маҳаллӣ медод. То охири панҷсола бештар аз 7 ҳазор километр роҳи автомобилгард сохта шуд. Дар рафти индустрикунонии сотсиалистӣ синфи коргари тоҷик меафзуд, камол меёфт. Соли 1937 шумораи коргарони тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ аз 63 ҳазор нафар гузашт. Дар коллективҳои коргарӣ ҳаракати стахановӣ ва навоварон пайравони зиёде пайдо кард. Ин ҳаракат дар бобати пеш аз мӯҳлат ва пурсамар иҷро кардани вазифаҳои панҷсола, баланд бардоштани маданияти истеҳсолот роли калон бозид.

Дар панҷсолаи 2-юм коллективонии хоҷагии қишлоқи республика (ғайр аз Бадахшони Кӯҳӣ) бомуваффақият анҷом ёфт, сохти колхозӣ ғалаба кард. Дар Тоҷикистон то тобистони 1937 3862 хоҷагиҳои коллективӣ ташкил шуданд, ки 89,9%- хоҷагиҳои деҳқононро дарбар мегирифтанд. Колхозҳо 98,3% замини корами мавҷударо кишт мекарданд. Базаи техникии зироати Тоҷикистон аз 45 МТС (3217 трактор ва дигар техникаҳои хоҷагии қишлоқ) иборат буд. Яке аз комёбиҳои барҷастаи ин давраи халқи тоҷик ободонии водии Вахш аст. Дар ин ҷо якчанд колхозу совхозҳо ба вуҷуд омаданд, ки дар афзудани истеҳсоли пахтаи маҳиннахи советӣ роли ҳалкунанда бозиданд. Соли охири панҷсола Тоҷикистон ба Ватан 1784 сентнер «тиллои сафед» фурӯхт. Соҳаҳои дигари хоҷагии қишлоқ— чорводорӣ, ғаллакорӣ, току боғдорӣ, кирмакдорӣ низ рӯ ба тараққӣ ниҳоданд. Револютсияи маданӣ ға­лаба кард. Ба эҳтиёҷоти маорифи халқи Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон  дар панҷсолаи 2-юм 447,5 миллион сӯм харҷ карда шуд, 241 мактаби нав ба кор шурӯъ намуд. Солҳои 1937—38 дар республика 4224 мактаби маълумоти умумӣ амал мекард, 8144 муаллимон ва 221 ҳазор нафар хонандагон буданд, қариб 800 ҳазор кас савод баровард. Дар 5 донишкадаи олӣ ва 28 техникум 4,6 ҳазор нафар студентон таҳсил менамуданд. Адабиёт, санъат, матбуот, илм ва нигаҳдории тандурустӣ рӯ ба инкишоф ниҳод, некӯаҳволии меҳнаткашон боз як дараҷа баланд шуд. Ҳамин тавр, ба туфайли иҷрои плани панҷсолаи 2-юм дар Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, чун дар тамоми мамлакат, ҷамъияти сотсиалистӣ асосан барпо карда шуд. Тоҷикистон ба республикаи индустриалию аграрӣ табдил ёфт. Натиҷаи музаффариятҳои халқи тоҷик дар сохтмони сотсиализм дар Конститутсияи нави Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, ки онро Съезди 6-уми Советҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (1 марти 1937) қабул кард, равшан инъикос ёфт.

Плани пандсолаи 3-юм (1938 —42)-ро Съезди 18-уми Вакилони Комитети Партиявии (б) (мар­ти 1939) тасдиқ кард. Партия таъкид кард, ки дар ин панҷсола ба итмом расонидани сохтмони сотсиа­лизм вазифаи таъхирнопазири халқи советӣ аст.

Съезди 5-уми Партияи Коммунистӣ Тоҷикистон (феврали 1939) тезисҳои Комитети Марказии Вакилони Комитети Партиявии ВКП(б)-ро оид ба пла­ни панҷсолаи 3-юми тараққии хо­ҷагии халқи СССР якдилона маъқул дониста, вазифаҳои азими дар назди республика истодаро муқаррар кард. Мувофиқи плани панҷсолаи З-юм ба хоҷагии халқи республика 388 миллион сӯм маблағ ҷудо карда шуд. Қисми асосии ин маблағ ба ривоҷи минбаъдаи саноати вазнин, хусусан муассисаҳои маъдану сӯзишворӣ (Консой, Такалй, Такоб, Шӯ­роб), сохтмони стансияҳои электрӣ (Варзоби Поён, Хоруғ), заводҳои нави пах- татозакунӣ, комбинатҳои бофандагӣ, саноати маҳаллӣ равона карда шуд. Дар панҷсола барои тараққии хоҷагии халқи республика 40 миллион сӯм ҷудо карда шуд. План доир ба инкишофи мао­рифи халқ, нигаҳдории тандурустӣ, муассисаҳои маданию маърифатӣ, баланд бардоштани дараҷаи моддию маишии меҳнаткашон як қатор тадбирҳо пеш ниҳод. Синфи коргарӣ то­ҷик ташаббуси заводи «Красный проле­тарий»^ Москваро (1939), ки шиори пеш аз мӯҳлат иҷро намудани плани панҷсолаи навбатиро ба миён гузошт, дастгирӣ карда, ба мусобиқаи умумииттифоқӣ ҳамрод шуд. Ҳаракати навоварон ва зарбдорони меҳ- нати сотсиалистӣ бисёр муассисаҳои саноатӣ, сохтмон ва нақлиётро фаро гирифт ва ин боиси бомуваффақият ва босуръат иҷро шудани вазифаҳои навбатии панҷсола гардид. Саноати республика соли 1940 нисбат ба 1937 бештар аз 72%’ ва нисбат ба 1913 8,8 маротиба зиёд маҳсулот баровард. Истеҳсоли ангиштсанг аз 18 ҳазор тонна (1937) ба 204 ҳазор тонна, нефт аз 28,4 ҳазор тонна ба 30 ҳазор тонна расид. Соли 1940 дар Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон 62,1 миллион кВт қувваи электр истеҳсол карда шуд, ки ин нисбат ба 1037 се маротиба зиёд буд. Дар пандсолаи З-юм сектори сотсиа­листӣ дар хоҷагии қишлоқ пурра ҳукмфармо гардид. То тирамоҳи 1939 ба колхозҳо (3093 колхоз) 97% ҳамаи хоҷагиҳои деҳқонон аъзо шуданд ва замини кишти республикаро қариб пурра соҳибӣ карданд. Қудрати техникаи хоҷагии халқ хеле афзуд. 51 МТС 3844 трактор ва дигар агрегатҳо дошт. Колхозчиёни тоҷик соли 1939 дар маъракаи сохтмони азими Канали Калони Фарғона фаъолона иштирок намуданд. Дар сохтмони қисми тоҷикистонии ин канал (125 километр) 50 ҳазор кас кор кард. Соли 1940 Канали Шимоли Фарғона, Канали Ҳисор, дар Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ водии Вахш як­чанд каналҳои нав ба кор дарома­данд ва дар натиҷа киштзори рес­публика (807,1 ҳазор гектар) хеле вусъат ёфт. Меҳнаткашони тоҷик ба туфай- ли авҷи мусобиқаи оммавии сотсиа­листӣ, меҳнати шуҷоатмандона пла­ни ба давлат фурӯхтани пахтаро барзиёд иҷро карда, аз ҷиҳати ҳосилнокӣ дар мамлакат ба ҷои якум баромаданд. 1488 нафар пешқадамони хоҷагии қишлоқ, 305 колхоз, 65 фермаи чорводорӣ, 3 МТС ва боз дигар коллективҳои рес­публика ба гирифтани дипломҳои ғолиби Намоишгоҳи умумииттифоқии хоҷагии қишлоқ мушарраф гардиданд. Муваффақиятҳои фронти хоҷагӣ барои беҳтар гардидани некӯаҳволии одамони советӣ замина муҳайё намуд. Масалан, соли 1940 бо роҳи савдои давлатӣ ва кооперативӣ ба аҳолӣ зиёда аз 1 миллиард сумина мол фурӯхта шуд. Солҳои 1938—41 дар Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон аз ҳи- соби пули давлат 233 ҳазор метр2 манзилгоҳ сохта шуд. Мактабҳою до- нишкадаҳо, муассисаҳои тандурустию маърифатии нав ба истифода дода шуданд, илм, санъат, адабиёт, матбуот, спорт бо қадамҳои устувор пеш рафт.

Aммо сохтмони осоиштаи одамони советиро ҳуҷуми аҳдшиканонаи Гер- манияи фашистӣ боздошт. Хоҷагии халқи мамлакат ба шароити давраи ҷанг мутобиқ гардонда шуд. Баъд аз ҷанг халқи советӣ аз  нав ба сохтмони осоишта шурӯъ кард. Душ­ман ба хоҷагии халқи мамлакатамон зарари беҳад калон расонда буд. Ҳазорҳо шаҳру деҳот хароб гардида буданд. Маблағи умумии зарари моддии СССР қариб 2600 миллиард сӯм буд.

Партияи коммунистӣ программаи мукаммали аз нав барқарор кардани хоҷагии халқи мамлакатро татриб дода одамони советиро ба иҷрои он сафарбар намуд. Вазифаҳои азими барқароркунӣ дар плани панҷсолаи 4-ум (1946—50) муайян кар­да шуд. Лоҳаи планро Сессияи 1-уми Совети Олии СССР (18 марти 1946) тасдиқ кард.

8 августи 1946 Совета Олин Pеспубликаи Cоветии Сотсиалистии Тоҷикистони плана нави барқароркунӣ ва тараққии хоҷагии халқи республикаро маъқул ёфт. Қарори Ҳукумати Советӣ аз моҳи сентябр 1945 «Дар бораи таракқии минбаъдаи пахтакорӣ дар Pеспубликаи Cоветии Сотсиалистии Тоҷикистони ба плани инкишофи пахтакорӣ асос гузошт, ки он боз бештар вусъат додани замини кишти «тиллои сафед» ва баланд бардоштани ҳосилнокиро пешбинӣ мекард. Коллективҳои саноатӣ, сохтмон, нақлиёт ва алоқаи республика таҳти роҳбарии ташкилотҳои партиявӣ ба иқрои вазифаҳои плани панҷсолаи 4-ум шурӯъ намуданд. 3аводи ба номи С. Орҷоникидзеи Душан­бе, Комбинати шоҳибофии Ленинобод, кони Консой, заводҳои пахтатозакунии Курғонтеппаю Кӯлоб плани соли 1946-ро пеш аз мӯҳлат иҷро карданд. Солҳои 1946—50 дар Тоҷикистон як қатор муассисаҳои нави саноатӣ (заводҳои пахтатозакунии Пролетару Уяли, 3аводи механикии Конибодом, фабрикаи трикотажии Душанбе ва ғайра) ба кор даромаданд. Соли 1950 боркашонии автомобили нисбат ба 1940 86%, пассажиркашонӣ 2,6 маротиба афзуд. Шумораи коргарон, инжене­рон ва техникҳо нисбат ба давраи пешазҷангӣ 21% афзуда, соли 1950 ба 171,2 ҳазор нафар расид (соли 1947 ба дараҷаи пешазҷангӣ расида буд). Дар давраи панҷсола замини кишти пах­та 31% афзуда, ба 126 ҳазор гектар расид. Ҳосили умумии пахта назар ба дав­раи тореволютсионӣ 3,3 маротиба аф­зуд. Дар республика 6 МТС-и нав бунёд гардид. Соли 1950 дар хоҷагии қишлоқ 4111 трактор кор мекард (соли 1940 3884 трактор буД). Суръати электронии зироати республика хеле авҷ гирифт. Дар ин панҷсола 75 стансияи нави электрии колхозӣ сохта шуд. Иқтидори стансияҳои электрии деҳот нисбат ба 1940 3,2 баробар афзуд.

Дар панҷсолаи 4-ум аҳволи моддию маишии меҳнаткашон беҳтар гардид. Нархҳои чаканаи давлатии молҳои сермасриф се бор паст карда шуд. Маоши коргарон, хизматчиён ва даромади колхозчиён афзуд. Дар ин панҷсола ба тадбирҳои иҷтимоию маданӣ 327,3 миллион сӯм сарф шуд. Ҳукумати республика барои пешрафти минбаъдаи маорифи халқ, нигаҳдории тандурустӣ, маданият, тайёр кардани мутахассисони хоҷагии халқ, ободонии шаҳру деҳот тадбирҳои ҷиддӣ андешид. Соли 1948 дар шаҳри Душанбе нахустин мактаби олӣ—: Университети давлатии Тоҷикистон ба номи Владимир Илич Ленин кушода шуд.

Съезди 19-уми Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС (октябри 1952) директиваҳои плани панҷсолаи 5-ум (1950—55) -ро тасдиқ нам уд. Дар асоси ин директиваҳо плани панҷсолаи тараққии хоҷагии халқи Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон тартиб дода шуд. Дар ин план тараққии ҳамаи соҳаҳои саноати республика истеҳсоли маъдан, сӯзишворӣ, бофандагӣ, хӯрокворӣ, масолеҳи бинокорӣ ва инчунин тадбирҳои ҷиддии ривоҷу равнақи хоҷагии қишлоқ, инкишофи ҳаёти маънавии меҳнаткашон, баланд бардоштани дараҷаи некӯаҳволии халқ, шурӯъ намудан ба таълими ҳатмии ҳафтсола пеш­бинӣ шуда буд. Синфи коргари тоҷик барои пеш аз мӯҳлат иҷро намудани программаи панҷсолаи 5-ум ба мусобиқаи сотсиалистии умумииттифоқӣ ҳамроҳ шуда, ба комёбиҳои қо­били тақдир ноил гардид. Даҳҳо коллективҳои меҳнатӣ (заводҳои пах­татозакунии Қурғонтеппаю Шаҳртуз, Комбинати бофандагии Душанбе, Комбинати шоҳибофии Ленинобод ва ғайра) дар бобати баланд бардоштани самаранокии меҳнат, сарфаи масолеҳи ашёи хом, афзоиши махсулоту бехҳтар кардани сифати он ташаббус нишон доданд. Дар панҷсолаи 5-ум маблағгузорӣ ба саноатӣ республика нисбат ба панҷсолаи 4-ум се маро­тиба афзуда, ба 253,9 миллион сӯм ра­сид. Дар Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон бештар аз 40 муассисаю сехҳои нав ба кор дарома­данд, аксари муассисаҳои мавҷуда такмил дода шуданд. Электронии хоҷагии халқ авҷ гирифт. Стансияи сеюми Варзоб, Стансияи Шаршара (Вахш) ва як қатор стансияҳои электрии муассисаҳои саноатӣ ба истифода дода шуданд. Соли 1955 истеҳсоли қувваи электр нисбат ба 1950 1,7 маротиба (296 миллион килоВат) афзуд. Ҳаҷми умумии маҳсулоти саноат дар охири панҷсолаи 5-ум нис­бат ба 1940 277,% ва нисбат ба 1928 2473% зиёд шуд. Дар панҷсолаи 5-ум ба туфайли бартараф кардани душвориҳои объективӣ ва нуқсонҳои субъективӣ (вайрон шудани прин­сипи ҳавасмандонии моддии колхоз­чиён, нарасидани кадрҳои баландихтисос ва ғайра) ба пешрафти нави зиро­ати сотсиалистӣ замина тайёр карда шуд. Дар тараққии минбаъдаи хоҷагии қишлоқи мамлакат, аз он ҷумла Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, қарорҳои Пленуми сентябри» (1953) Комитети Марказии Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС роли калон бозиданд. То охири панҷсола майдони кишт 36 ҳазор гектар афзуд, барои обёрӣ (ирри­гасия) 432 миллион сӯм сарф карда шуд. Соли 1955 Тоҷикистон ба давлат 400,3 ҳазор тонна пахта супурд. Соҳаҳои дигари хоҷагии қмшлоқ— чорводорӣ, кирмакдорӣ, боғдорӣ низ босуръат тараққӣ карданд. Ҳаёти маънавии халқи тоҷик боз ҳам бештар нашъунамо ёфт: даҳҳо мактабу муассисаҳои илмӣ ва маърифатӣ сохта шуданд, санъат ва адабиёти шаклан миллию мазмунан сотсиалистии тоҷик ба муваффақиятҳои калон ноил гардид. 14 апрели 1951 Филиали тоҷикистонии Академияи Фанҳои СССР  ба Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон табдил дода шуд. Панҷ­солаи 5-ум дар бунёди базаи моддию техникии сотсиализми мутараққӣ марҳалаи ҳалкунанда гардид.

Директиваҳои плани панҷсолаи 6-уми тараққии хоҷагии халқи СCCP (1956—60)-ро Съезди 20-уми Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС (феврали 1956) тасдиҷ кард. Лоиҳаи директиваҳои плани панҷсолаи 6-умро Съезди 10-уми Партияи Коммунистии Тоҷикистон (январи 1956) муҳокима карда, якдилона маъқул донистанд ва роҳи тараққиёти республикаро дар панҷсолаи нав муайян намуд. Плани панҷсола ба охир расонидани сохтмони стансияҳои электрии обии пуриқтидори Қайроққум (дар дарёи Сир) ва Шаршара (дар канали Вахш), cap кардани сохтмони ГЭС-и Сарбанд (дар дарёи Вахш) ва минбаъд тараққӣ додани дигар соҳаҳои саноат, хоҷагии қишлоқ ва маданияти, республикаро пешбинӣ намуд. Танҳо дар ду соли аввали панҷсола ба саноати республика 612 миллион сӯм сарф шуд. Дар ин муддат 32 объекти са­ноатӣ, аз ҷумла яке аз азимтарин ГЭС-ҳои Осиёи Миёна — ГЭС-и Қайроққум («Дӯстии халқҳо»), ду агрегати ГЭС-и Шаршара ба кор да- ромад. Соли 1958 дар Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон 859,8 миллион  килоВатт қувваи электр (соли 1950 170 миллион килоВатт буд) истеҳсол карда шуд, фабрикаҳои пойафзоли Ленинобод, мебелсозии Душанбе, заводҳои равғанкашии Қурғонтеппаю Конибодом ба кор даромаданд. Ба мусобиқаи со­тсиалистӣ 93,5%’ коргарону хизматчиёни Тоҷикистон ҷалб карда шу­данд.

Съезди 11-уми Партияи Коммунистии Тоҷикистон (январи 1958) меҳнаткашони республикаро ба ҳалли вазифаҳои навбатии панҷсолаи ҷорӣ сафарбар намуд. Коллективҳои муассисаҳои саноатӣ, сохтмон, нақлиёт ва алоқа ӯҳдадориҳои сотсиалистии худро пеш аз мӯҳлат ва барзиёд иҷро мекарданд. Аксарияти кул­ли муассисаҳои саноатии республика плани панҷсолаи 6-умро бомуваффақият иҷро карданд, самаранокии меҳнат 16% зиёд шуда, ҳаҷми умумии маҳсулоти ҳамаи соҳаҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон соли 1960 нисбат ба 1945 581%* ва назар ба 1913 37,5 баробар афзуд. Солҳои 1956—60 хоҷагии қишоқ ҳам ба муваффақиятҳои калон ноил гардид. Дар натиҷаи корам шудани заминҳои навкорами Дашти Дилварзин колхозҳои нави пахтакорӣ ба вуҷуд омаданд ва фотеҳони муходири Мастчоҳ соли 1956 ҳосили баланди пахта рӯёнданд. Ҳамон сол Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон барои тараккии пахтакорӣ ба гирифтани ор­дени Ленин мушарраф гардид. Соли 1957 пахтакорони тоҷик 40-солагии Револютсияи Октябрро бо ҳосили 434,4 ҳазор тонна «тиллои сафед» ҷашн гирифтанд. Дар панҷсолаи 6-ум азхудкунии 50 ҳазор гектар замини Мирзочӯл оғоз ёфт, навбати аввали стансияҳои насосии Хоҷабоқирғон, Сомғор ва Дилварзини вилояти  Ленинобод ба истифода дода шуд. Дар панҷсолаи 6-ум барои пешравии минбаъдаи хоыагии қишлоқ МТС-ҳо аз нав таш­кил ва колхозҳои нисбатан майда ба хоҷагиҳои калони пуриқтидор (ба ҷои 2685 колхозҳои хурд 434 хоҷагиҳои пуриқтидори серсоҳа ташкил ёфтанд) муттаҳид карда шуданд. Интелли­генсияи тоҷик (соли 1957 44,3 ҳазор нафар мутахассисони дорои маълумоти олӣ ва миёна) дар иҷрои вазифа- ҳои панҷсолаи 6-ум дар сохтмони ҷамъияти сотсиалистии мутараққӣ саҳми арзанда гузошт. Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик, ки апрели 1957 дар Москва баргузор шуд, дар ҳаёти мадании республика воқеаи муҳим мебуд.

Январи 1959 Съезди 21-уми Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС рақамҳои контролии тараққии хоҷагии халқи СССР-ро барои солҳои 1959—65 тасдиқ кард. Лоиҳаии ин ҳуҷҷат ба муҳокимаи умумихалқӣ гузошта шуд. Халқи советӣ онро якдилона маъқул донист. Съезд ғалабаи пурра ва қатъии сотсиализмро дар мамлакати мо қайд намуда, дар плани ҳафтсолаи нав равнақи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ва дар ин асос боз ҳам беҳтар намудани ҳаёти моддию маънавии одамони советиро пешбинӣ кард. Дар рақамҳои контролӣ ба прогресси минбаъдаи техникӣ, беҳтар кардани структураи хоҷагии халқ ва соҳаҳои алоҳидаи он, ба масъалаи оқилона ҷо ба ҷо гузоштани қувваҳои истеҳсолкунанда, тезонидани сохтмони стансияҳои пуриқтидори электрӣ ва саноати химия, тараққии минбаъдаи хоҷагии қишлоқ, баланд бардоштани дараҷаи некӯаҳволии меҳнаткашон эътибори ҷиддӣ дода шуд.

Съезди ғайринавбатии 12-уми Партияи Коммунистии Тоҷикистон (январи 1959) дар асоси рақамҳои контролӣ тараққии республикаро дар ҳафтсола муқаррар кард. Дар тӯли ҳафт сол барои тарақии хоҷагии халқ ва маданияти республика бештар аз 1 миллиард сӯм сарф карда шуд, ки он ба тамоми хароҷоти дар солҳои Ҳокимияти Советӣ кардашуда баробар буд. Дар саноати Тоҷикистон бунёди як қатор соҳаҳои тамоман нав — мошинсозӣ, электротехни­кӣ, химия, сохтмони азамати элект­рӣ — ГЭС-и Норак (иқтидораш 2,7 миллион килоВатт) муқаррар карда шуд. Пла­ни ҳафтсола суръати баланди тараққии ҳамаи соҳаҳои саноат, хоҷагии қишлоқ, бунёди иншоотҳои калони обёрӣ, инкишофи илму маърифат, баланд бардоштани дараҷаи ҳаёти моддию мадании меҳнаткашонро пешбинӣ кард. Меҳнаткашони республика ба иҷрои плани ҳафтсола шурӯъ наму­данд. Дар корхонаҳо ва саҳроҳои колхозӣ, муассисаҳои илму маданият ҳаракати меҳнати коммунистӣ, мусобиқаи оммавии сотсиалистӣ авҷ гирифт. Дар заводу фабрикаҳо ташаббуси хуби меҳнатии В. Гаганова ва Ю. Вечерова ҳарҷониба дастгирӣ карда шуд. Мавҷи мусобиқаи умумихалқӣ, хусусан дар рӯзҳои тайёрӣ ба кушода шудани Съездп 22-уми Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС (1961) басо вусъат ёфт: шумораи иш- тирокчиёни мусобиқа дар саноат зиёда аз 100 ҳазор нафар буд. То соли 1903 дар Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон 170 муассисаю сехҳои нави бо техникаи  замонавӣ ҷиҳозонидашуда, аз ҷумла навбатҳои якуму дуюми комбинатҳои хонасозӣ, бофандагӣ ва равғанкашии Душанбе, Комбинати қолинбофии Қайроққум, заводи ширу Комбинати гӯшти Ленинобод ва ғайра ба кор даромаданд. Заводи мошинсозии «Тоҷиктекстилмаш»-и Душанбе, заводҳои |электромеханикии Исфараю Адрасмон, Заводи трансформатори Қурғонтеппа аввалин дастгоҳҳои автомати бофандагӣ ва асбобҳои электрӣ истеҳсол намуданд. Робитаҳои иқтисодии республика бо тамоми мамлакат мустаҳкамтар гардид. Молҳои саноати Тоҷикистон ба даҳҳо мамлакатҳои Осиё, Европа ва Африка экспорт карда шуданд. Хаҷми умумии маҳсулоти ҳамаи соҳаҳои саноати республика дар охири ҳафтсола нисбат ба соли 1913 63,7 баробар афзуд. Дар давоми ҳафтсола дар хоҷагии қишлоқ ҳам дигаргуниҳои куллӣ рӯй дод: заминҳои кишти пахта ба туфайли корҳои зиёди ирригасионии хеле васеъ, ба­заи моддию техникии колхозу совхозҳо (13617 трактор) мустаҳкамтар гар­дид, шакли нави ташкили меҳнат (бригадаҳои комплексии тракторӣ- саҳроӣ) ҷорӣ шуд, дар чорводорӣ баъзе тағйироти куллӣ ба амал омад ва Тоҷикистон дар давоми ҳафтсола ба Ватан 3,5 миллион тонна «тиллои сафед» супорид. Дар натиҷаи тараққии саноату зироат, афзоиши даромади миллӣ зиндагонии меҳнаткашон боз ҳам беҳтар шуд. Давлати Советӣ ба­рои амали гардондани тадбирҳои иҷ- тимоию маданӣ аз нисф зиёди бюҷет (соли 1963 185,7 миллион сӯм) -ро сарф кард. Мувофиқи қонун «Дар бораи мустаҳкам намудани алоқаи мактаб бо ҳаёт ва инкишофи минбаъдаи маорифи халқ дар Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистони системаи маълумоти миёнаи махсус ва олӣ аз ав ташкил карда шуд. Солҳои 1959—65 қариб 600 ҳазор кас, яъне дар чаҳорумин каси Тоҷикистон бо ягон намуди таълим машғул буд. То соли 1963 донишкадаҳоро 30 ҳазор нафар мутахассисон хатм карданд. Даҳаи адабиёти рус дар Тоҷикистон (октябри 1960), ҳафтаҳои ада­биёти тоҷик дар Республикаи Советии Сотсиалистии Украина, Республикаи Советии Сотсиалистии  Туркманистон ва Республикаи Советии Сотсиалистии Қирғизистон, сафари арбобони ма­данияти ӯзбеку озар ба республика аз мустаҳкам шудани дӯстии ленинии одамони советӣ шаҳодат меди- ҳанд. Меҳнаткашони тоҷик қарордҳои таърихии Съезди 23-уми КПСС (1966) ва Съезди 16-уми Партияи Коммунистии  Тоҷикистон. (1966), инчунин Пленумҳои марти ва сентябрии (1965) Комитети Марказии КПСС-ро гарму ҷӯшон маъқул дониста, барои татбиқ намудани онҳо ба ҳаёт муборизаро вусъат доданд. Аз соли 1967 муассисаҳои саноати республика ба системаи нави плангирӣ ва ҳавас- мандонии иқтисодӣ гузаштанд, ки ин ба хеле баланд шудани самаранокии меҳнат мусоидат намуд.

Дар давоми панҷсолаи 8-ум (1966—70) ҳаҷми истеҳсоли маҳсуло­ти саноати республика 1,5 баробар, аз он ҷумла истеҳсоли қувваи электр 2,1, маҳсулоти саноати машинсозӣ ва электротехника 2,3, саноати сабук 1,4, саноати хурокворӣ 1,5 баробар афзуд. Ҳосилнокии меҳнат назар ба ҳафт соли гузашта ду баробар аф- зуд. Дар тӯли панҷсола зиёда аз 100 муассисаи саноатӣ, сехҳо ва участкаҳои истеҳсоли бунёд карда шуданд, ки Заводи нуриҳои нитрогендори Вахш, Заводи яхдонҳои «Помир», заводи «Гидроизол» (дар Ҳисор), Комбинати маъдантозакунии Анзоб аз қабили онҳоянд. Солҳои 1966—70 маблағгузории асоси ба хоҷагии халқ якҷоя бо маблағҳои колхозҳо 2 миллиард 750 миллион сӯмро ташкил дод, ки ин назар ба планҳои панҷсолаи пешина хеле зиёд аст. Дар давоми панҷсола дар хоҷагии қишлоқи республика низ тағйироти азим ба амал омад. Ба давлат зиёда аз план 287,6 ҳазор тонна пахта, 105 ҳазор тонна ғалла, 15 ҳазор тонна гӯшт, 32,4 ҳазор тонна шир фурӯхта шуд. Соли 1970 меҳнат­кашони саҳроҳои колхозӣ ба давлат 726,5 ҳазор тонна пахта фурӯхтанд; Дар давоми панҷсола зиёда аз 54 ҳазор гектар замини нави об ба истифода дода шуд, системаи обёрии калонтарини республика Ёвон — Обикиик ба кор даромад, қариб 200 ҳазор гектар чарогоҳ обшор гардид. Дар давоми панҷсола даромади реалии меҳнаткашон ба ҳисоби дар сари аҳолӣ 33%, имтиёзу ёрдампулиҳое, ки аҳолӣ аз фондҳои ҷамъиятии истеъмол мегирифтанд, 167 баробар афзуд; 620 ҳазор кас ё худ чаҳоряки аҳолии республика хонаҳои нав гирифта, шароити маҳаллин худро беҳтар карданд. Халқи тоҷик дар соҳаи маорпи, санъат, адабиёт ва илм низ ба комёбиҳои калон ноил гардид. Соли 1970 дар Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон 960,4  ҳазор нафар, яъне дар сеюмин сокини республика бо ягон намуди таълим фаро гирифта шуда буд. Дар донишкадаҳои олӣ ва омӯзишгоҳҳо зиёда’ аз 80 ҳазор донишҷӯён мехонданд. Панҷсолаи 8-ум дар пешрафти умумии хоҷагии халқ ва маданияти республика, дар анҷоми сохтмони со­тсиализми мутараққӣ марҳалаи муҳимме гардид. Директиваҳои плани панҷсолаи 9-ум (1971 —76)-ро Съезди 24-уми КПСС (1971) муайян кард. Дар лоиҳаи директиваҳо, ки онро Съезди 47-уми Партияи Коммунистии Тоҷикистон (феврали 1971) якдилона маъқул донист, 37— 40% зиёд кардани ҳаҷми маҳсулоти саноат ва дар айни замон таъмин намудани суръати баландн тараққиёти электроэнергетика, металлургияи ранга ва мошинсозӣ пешбинйӣшуда буд. Плани панҷсола вазифа гузошт, ки истеҳсоли қувваи электр дар республика 2,1 баробар зиёд карда, дар охири панҷсола ба 6,8 миллиард килоВатт расонида шавад. Дар ин муддат агрегатҳои аввалини ГЭС-и Норак, агрегати сеюми Стансияи электрии олавии Ёвон ба истифода дода шуд, сохтмони ГЭС-и Хоруғ ва дигар объектҳои энергетикӣ анҷом ёфт. Програм­маи тараққиёти хоҷагии қишлоқи республика ҳам хеле калон буд. Соли 1975 бояд 760 ҳазор тонна пахта, аз ҷумла 290 ҳазор тонна пахтаи маҳиннах истеҳсол карда мешуд. Мустаҳкам намудани базаи хӯроки чорво ва дар ин асос зиёд на­мудани истеҳсоли гӯшт, шир, тухм ва маҳулоти дигар дар соҳаи чорво- дорӣ низ вазифаи муҳимтарин ҳисобида мешуд. Дар панҷсола ба тараққии минбаъдаи хоҷагии халқи республикаамон 3,9 миллиард сӯм ҷудо кар­да шуд, ки ин назар ба панҷсолаи пештара 44% зиёд буд. Баланд бардоштани дараҷаи зиндагонии халқ дар панҷсолаи ҷорӣ дар маҳди аввал меистод. Дар ин муддат дарома­ди реалӣ ба ҳисоби ҳар cap аҳоли тақрибан 30%-, ҳаҷми неъматҳои моддӣ ва хизматрасонии бепул, ёрдам­пулӣ ба аҳолӣ аз ҳисоби фондҳои ҷамъиятии истеъмол 1,4 баробар афзуд, музди меҳнати миёнаи коргарон ва хизматчиён ба ҳисоби миёна 20— 22%- ва колхозчиён 30—35% зиёд шуд. Потенсиали саноату энергетика боз ҳам афзуд. Соли 1974 стансияҳои элект­рии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон 3864 миллион килоВаттсоат (соли 1948—621 миллион килоВаттсоат) қувваи электр истеҳсол карданд. Дар панҷ сол ба­рои тараққии саноат 1151 миллион сӯм сарф шуд, фондҳои асосӣ қариб 1,8 баробар афзуданд. Соли 1975 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноат нисбат ба 1970 бештар аз 38% зиёд шуд.

Мувофиқи директиваҳои Съезди 24-уми Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС Комплекси минтақавию истеҳсолии Тоҷикистони Ҷанубӣ ба вуҷуд омад, ки асоси онро сохтмони ГЭС-и Норак, 3аводи алюминийи Тоҷикистон, 3аводи электрохимиявии Ёвон ташкил медоданд. Дар ин панҷсола се агрегати ГЭС-и Норак, ГЭС-и Хоруғ, навбати якуми 3аводи алюминийи Тоҷикистон, Комбинати маъдантозакунии Анзоб, Комбинати сурбу руҳи Адрасмон ба кор андохта шуданд, сохтмони бештар аз 200 километр роҳи оҳани Тирмиз — Қурғонтеппа ва газопроводи шаҳри Ду­шанбе анҷом ёфт. 140 участкаю сехҳои истеҳсолӣ ба таври комплексӣ механиконида ва автоматонида шу­данд. Самараи истеҳсолоти ҷамъиятӣ афзуд. 61%’ афзоиши маҳсулоти са­ноат аз ҳисоби баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат ба даст оварда шуд. Дар панҷсолаи 9-ум (1971—75) барои тараққии хоҷагии қишлоқи республика 1276 миллион сӯм сарф карда шуд, ки ин нисбат ба панҷсолаи 8-ум 1,5 маротиба зиёд буд. Ҳаҷми маҳсулоти умумӣ назар ба панҷсолаи 8-ум 33,8% афзуд, ҳол он ки дар план 28% пешбинӣ шуда буд. Пахтакорони рес­публика марраи 800 ҳазор тоннагии «тиллои сафед»-ро сарбаландона фатҳ намуда, дар давоми 5 сол ба давлат зиёда аз план бештар аз 450 ҳазор тонна пахта фурӯхтанд, Плани ҳосил намудан ва ба давлат фурӯхтани картошка, сабзавот, мева, пилла, гӯшт, шир, тухм ва пашм низ барзиёд иҷро гардид. 63 ҳазор гектар замини обӣ ба кор андохта, 148 ҳазор гуктар чарогоҳ бо об таъмин карда шуд. Умуман дар солҳои Ҳокимияти Со- ветӣ дар Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон  қариб 1000 иншооти гидротехникӣ бунёд ёфт.

Суръати баланд ва устувори тараққиёти иқтисодиёти советӣ барои иҷрои программаи иҷтимоии партия имкониятҳои хуб фароҳам овард, минбаъд беҳтар шудани вазъи моддию зиндагонии меҳнаткашони республикаро таъмин кард. Дар панҷсолаи 9-ум даромади миллӣ 33% ва фондҳои ҷамъиятии истеъмол 64 % афзуднд. Ҳаҷми минималии нафақаи коргарон, колхозчиён, хизматчиён, нафақаи пиронсолӣ ва инвалидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, оилаи хизматчиёни ҳалокшудаи ҳарбӣ, инчунин ёрдампулӣ ба оилаҳои серфарзанд зиёд шуд. Дар зарфи панҷ­солаи 9-ум донишкадаҳои олӣ ва миёнаи республикаро бештар аз 65 ҳазор нафар мутахассисон хатм кар­данд. Соли 1974 шуморам китобхонаҳо аз 401 (1940) ба 1352 ва клубҳо аз 502 ба 1172 расид. Савдо, хӯроки уму­мӣ ва хизматрасонии маишӣ боз ҳам инкишоф ёфт. Ҳаҷми хизматрасонии маишӣ 1,7 (дар деҳот 2) баробар афзуд. Соли 1975 гардиши мол дар Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон  1631,5 миллион сӯмро ташкил кард, ки ин нисбат ба 1970 42,4% зиёд буд.

Съезди 25-уми Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС (1976) про­граммаи азими сохтмони коммунизмро муайян кард. Вай роҳҳои асосии тараққиёти хоҷагии халқи СССР-ро (1976—80) дар панҷсо­лаи 10-ум муайян намуд. Панҷ­солаи 10-ум дар назди Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон вазифаҳои хеле калон гузошт. Дар ин панҷсола ҳаҷми маҳсулоти саноат 40—44% зиёд, сохтмони Комплекси минтақавию истеҳсолии Тоҷикистони Ҷанубӣ давом дода шуд. ГЭС-и Норак як сол леш аз мӯҳлат пурра ба кор даромад, сохтмоии ГЭС-и пуриқтидори Роғун оғоз ёфт. 80 корхонаю сех, аз он ҷумла чор корпуси электролиз ва сехи анодҳои пухтаи 3аводи алюминии Тоҷикистон, корхонаҳои калони Заводи электрохимиявии Ёвон, 5,6 миллион метр3 манзилгоҳ, бисёр объектҳои маданию маишӣ сохта шудаанд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсу­лоти саноатӣ соли 1980 назар ба 1940- ум 18 баробар афзуд. Агар соли 1937 дар республика ҳамагӣ 24,8 миллион килоВаттсоат қувваи электр истеҳсол карда шуда бошад,’ пас соли 1980 истеҳсоли он ба 13,6 миллиард килоВатт-соат расид. Соҳаҳои саноат, энергетика, металлур- гияи ранга, мошинсозӣ, саноати хи­мия, сабук ва хӯрокворӣ босуръат тараққӣ карданд. Фондҳои асосии истеҳсолии республика қариб 44%, аз он ҷумла дар саноат 60,5%, сохтмон 25,8% ва хоҷагии қишлоқ 36,9% афзуданд.

Дар панҷсолаи 10-ум меҳнаткашони деҳот ҳам комёбиҳои калон ба даст оварданд. Беш аз 55 ҳазор гектар замини обӣ ба кор андохта шуд. Истеҳсоли миёнаи солонаи ғалла 45%, картошка 32%’, сабзавот 29%, зироатҳои полизӣ 66%, пӯсти қарокули 11%, чорвою мурғ 20%, шир 30%, тухм 56% афзуд. Пахтакорони тоҷик дар панҷсолаи 10-ум ба Ва­тан ҷамъ 4 миллион 531 ҳазор тонна пахта фурӯхтанд. ки 1 миллион 388 ҳазор тоннаи он пахтаи маҳиннах аст. Соли 1980 То- ҷикистон ба давлат беш аз 1 миллион тонна пахта фурӯхт. Xоҷагии қишлоқи республика соли 1980-ум 2371 автомобили боркашу махсус, 3041 трактор. 230 комбайни ғалладарав. 750 мошини пахтачинӣ, 1370 тухмипошак ва дигар техникаи хоҷагии қишлоқ гирифт.

Дар ҳамин давра даромади пулии аҳолии республика 28,7%, музди ко­ри миёнаи ҳармоҳаи коргарону хиз­матчиён 5,1%, даромади колхозчиён аз хоҷагии ҷамъиятӣ 20%, фондҳои ҷамъиятии истеъмол 28,4%* зиёд шуд. Ёрдампулӣ ва имтиёзҳо аз фондҳои ҷамъиятй 1,6 миллиард сӯм афзуданд. Барои 100 ҳазор талаба мактаб, барои 16 ҳазор бача муассисаҳои томактабии бачагона, инчунин даҳҳо беморхона, поликлиника, ма­газин, хонаҳои хизмати маишӣ ва объектҳои дигар сохта шуданд. Ҳаҷми хизмати маишӣ 1,6, аз он ҷумла дар деҳот беш аз 1,8 баробар аф­зуд. Соли 1980 қариб 90 корхонаю иттиҳодияи калон ба аҳолӣ хизмати маишӣ расониданд.

Съезди 26-уми Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС (1981) роҳҳои асосии тараққиёти иқтисодӣ ва сотсиалии СССР-ро дар солҳои 1981— 85 ва дар давраи то соли 1990 муайян намуд. Лоиҳаи онро Съезди 19-уми Партияи Коммунистии Тоҷикистон (январи 1981) якдилона маъқул донист. Панҷсолаи 11-ум дар назди Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон низ вазифаҳои хеле калон гузошт. Дар ин панҷсола бояд ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ 24—27% зиёд карда, сохтмони Комп­лекси минтақавию истеҳсолии Тоҷикистони Ҷанубӣ давом дода шавад. Дар 3аводи алюминийи Тоҷикистон иқтидорҳои нав ба кор медароянд, сохтмони 3аводи электрохимиявии Ёвон, стансияҳои электрии обии Роғун ва Бойғозӣ вусъат меёбад. Дар соли 1985 истеҳсоли энергияи электр ба 16 миллиард килоВаттсоат расонида мешавад. Истеҳсоли матоъҳои пахтагии дар зарфи панҷ сол 1,3 баробар меафзояд. Ҳаҷми маблағгузорӣ ба хоҷа­гии халқи республика қариб ба 5 миллиард сӯм, аз ҷумла корҳои сохтмону монтаж тақрибан ба 3,3 миллиард сӯм мерасад. Дар панҷсола хоҷагии қишлоқи рес­публика боз ҳам тараққӣ мекунад. Ҳосилнокии меҳнати хоҷагии қишлоқ дар сек­тори ҷамъиятӣ 22—24% меафзояд. Истеҳсоли миёнаи солонаи пахта дар панҷсола бояд ба 910—920 ҳазор тонна аз он ҷумла пахтаи маҳиннах ба 315—320 ҳазор тонна расад. Истеҷсолӣ миёнаи солонаи гӯшт 23%, шир 16%’ зиёд карда мешавад. Дар рес­публика дар панҷсолаи ҷорӣ обёрӣ кардани 50—55 ҳазор гектар замин ва да- вом додани истифодаи заминҳои дашти Данғара пешбинӣ шудааст. Дар панҷсолаи 11-ум ба баланд бардоштани дараҷаи некӯаҳволии халқ диққати ҷиддӣ дода мешавад. Даромади реалӣ ба сар то сари аҳолӣ дар зарфи панҷ сол 16—18% меафзояд. Музди миёнаи моҳонаи кори коргарону хизматчиён 13—16% зиёд шу­да, дар охири панҷсола моҳе ба 190– 195 сӯм мерасад. Даромади колхозчиён аз хоҷагии ҷамъиятии колхозҳо ба ҳисоби миёна 20—22% зиёд мешавад. Муомилоти моли чаканаи савдои давлатӣ ва кооперативӣ дар республика 29—32% меафзояд. Ҳаҷми адои хизмати маишӣ тақрибан 1,5, аз он ҷумла дар деҳот 1,6 баробар зиёд мегардад.

Дар панҷсолаи 11-ум дар респуб­лика аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои пулҷудокунӣ ба истифода додани 6,3 миллион метрэ биноҳои истиқоматӣ пеш- бинӣ шудааст.

Дар тӯли панҷсолаҳои сохтмони азими сотсиализм халқи советӣ таҳти роҳнамоии Партияи Коммунистӣ ба комёбиҳои беназир ноил гардид. Дар мамлакати мо сотсиализми мутараққӣ бунёд карда шуд.

Ҳоло меҳнаткашони республикаамон таҳти роҳбарии Партияи Ком- мунистии Точикистон баҳри бошарафона иҷро намудани вазифаҳои плани панҷсолаи 11-ум мубориза бурда истодаанд. Г. X- Ҳайдаров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …