АБРОРӢ, навъи пиёз. Дар Институти боғдорӣ ва сабзавоткории АИК Точикистон (дар стансияи навъсанҷии Вахш) рӯёнда шудааст (С. Шамсуллоев, Т. Аҳмадов, Б. Сангинов). Дар Тоҷикистон аз соли 2009 мепарваранд. Навъи зудрас (тезпазанда-барвақтӣ) буда, ҳосилашро дар шароити иқлими водии Вахш 10 – 15 апрели ҷамъоварӣ мекунанд.
Давраи нашви Аброрӣ 217 рӯз аст. Даҳаи якуми сентябр кишт карда мешавад (меъёри кишти тухмӣ 14-16 килограмм/гектар). Аз ҳар гектар 280 – 300 сентнер (20-30 тонн) ҳосил медиҳад. Дар таркиби Аброрӣ 9,3% моддаҳои хушк, 5,6% қанд, 9,9 мг% витамини С мавҷуданд.
Н. Камолов.