Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Пиряхи ба номи Абрамов

Пиряхи ба номи Абрамов

АБРАМОВ, пирях дар ҷануби қаторкӯҳи Олой, дар ҳудуди Тоҷикистон ва Қирғизистон (дар саргаҳи дарёи Кук-су). Нуқтаи баландтарини пирях 4960 метр буда, нуқтаи аз ҳама пасттаринаш 3366 метр мебошад. Дарозиаш 9 километр; масоҳаташ 22,76 километри мураббаъ мебошад. Пиряхро нахустин бор соли 1896 С. П. Коржинекий тадқиқ кард.

Ледник-Абрамова

Солҳои 1933 – 34 онро гурӯҳи геологии Экспедитсияи тадқиқоти Помири Тоҷикистон бо сардории А. П. Марковский омӯхт. Аз соли 1967 дар назди пирях пойгоҳи доимӣ кор карда, ҳолати пиряхро меомӯзад. Ба шарафи олим ва генерали рус Александр Константинович Абрамов номгузорӣ шудааст.

Макони пирях дар Харита

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …