Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПЕЗОМЕТР

ПЕЗОМЕТР

pezometr

ПЕЗОМЕТР (аз юнонӣ piezo — мефишурам ва …метр), олатест, ки аз таъсири фишорҳои гидростати­кӣ тағйир ёфтани ҳаҷми моддаҳоро чен мекунад. Ченкуниҳои пезометриро барои гприфтани маълумот дар бораи тазйиқпазирӣ (чандирии ҳаҷмӣ)-и моддаҳо, ба­рои тадқиқ кардани диаграммаҳои ҳолат, гузоришҳои фазавӣ ва дигар просессҳои физикавию химиявӣ истифода мебаранд. Пезометрҳо аз рӯи принсипи корашон 2 хел мешаванд. Дар Пезометрҳои навъи якум массаи моддаи тадқиқшаванда М доимӣ буда, ҳаҷми он V бо дигаргун шудани фишор р ва ҳарорат Т тағйир меёбад. Ин навъи Пезометр зарфи деворғафсеро мемонад, ки моддаи тадқиқшавандаро дар он мефишуранд; онро барои муайян кардани тазйиқпазирии газ, моеъ ва ҷисмҳои сахт истифода мебаранд. Дар Пезометрҳои навъи дуюм М тағйир меёбаду ҳаҷми зарф (бо моддаи тадқиқшаванда) не. Дар чунин Пезометрҳо тазйиқпазирии моеъоти ғализ ва ҷисмҳои сахтро не, балки фишор )-ро чен карда, баъд бузургии М-ро баъди ҳар як тағйирёбии М (масалан, бо роҳи баркашкунӣ )муаяйян мекунанд. Барои муайян кардани тазйиқпазирии моеъот ва ҷисмҳои сахт дар фишорҳои баланд Ш 108—1010 Н/м2) Пезометрҳои плунжерӣ ё поршениро истифода мебаранд . Дар капали (2) Пезометр фишори ба поршен) таъсиркупанда тавассути муҳит (4) ба моддае, ки тазйиқпазириашро бояд муайян кунем (Э), мегузарад. Аз рӯи қимати ҳаҷм V, ки ба қимати фишор мувофиқ меояд, тазйиупазирии моддаи матлуб муайян карда мешавад.

Дар мавриди фишорҳои р > 109 ——1010 Н/м2 тазйиқпазириро бо усулҳои дигар (масалан, бо усулҳои таҳлили рентгеноструктурӣ) муайян мекунанд. Бо таъсири фишорҳои гидростатикӣ тағйир ёфтани андозаҳои хаттии ҷисмҳоро Пезометрҳои хаттӣ нишон медиҳанд. Истилоҳи Пезометрро ба илм солҳои 20 асри 19 физики англис Ҷ. Пер­кинс ва физики даниягӣ И. X. Эрстед дохил кардаанд. Инкишофи мигбаъдаи пезометрия дар асри 19 дар тадқиқоти илмии олимони рус Г. Ф. Паррот, Э. X. Лентс, Д. И. Мен­делеев, дар корҳои физикҳои Фран­савӣ Э. Пмага ва В. Рено; дар асри 20, дар тадқиқоти физики немим Г. Тамман, физикҳои америкоӣ Т. Ричардс ва П. Бридҷмел инънкос ёфтаанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …