Маълумоти охирин

Пейзаж

Пейзаж (франсия рауsage, аз раys— мамлакат, маҳал), тасвири манзараи табиат дар адабиёти бадеӣ. Пейзаж дар асари бадеӣ мақоми баланд дошта, вобаста ба нияти эҷодии нависанда вазифаҳои гуногуни услубӣ, ғоявӣ ва эстетикиро ба ҷо меорад. Пейзаж  барои равшантар дарк кардани моҳияти бадеии асар фикру андеша, ҳолати рӯҳӣ ва хислатҳои қахрамон ёрӣ мерасонад. Нависанда ба воситаи Пеёзаж манзараҳо, воқеаҳо ва рафтору кирдори одамонро барҷаста ва пуртаъсир тасвир менамояд.

Масалан, ҷараёни об дар повести «Одина»-и Айнӣ сусту беҳаракат, дар романи «Дохунда»-и ӯ тезу шиддатдор тасвир шудааст, ки ин ба ҳолати қаҳрамонон мувофиқ буда, рӯҳияи онҳоро ифода мекунад. Манзараи зебои баҳори кӯҳистон («Одина») ба ҳолати рӯҳии Одина созгор омада, фароғати ӯро дар оғӯши табиат нишон медиҳад. Вале тасвири ҳавои сарду барфомези тирамоҳ  (дар охири повест) манзараи ҳузнангези вафоти Одинаро боз ҳам ҳузнангезтар намоён меку­над. Гоҳо, баръакс, манзараи зебои табиат дар муқобили воқеъи мудҳиш ё фикру ҳиссиёти ғамангезе омада, ба дилҳо сабукӣ меорад.

Пейзаж аҳамияти эстетикӣ дорад. Вай ба асари ба­деӣ, латофат, самимият, ҷозиба ва таъсири хос мебахшад. Дар асарҳои классикони адабиёти форс-тоҷик (достонҳо, ташбиби қасидаҳо ва ғайра) табиат бо рангҳои гуногун тасвир шудааст ва хонанда аз он завқи эстетикӣ ва лаззати бадеӣ мегарад.

Ад.: Ҳ о д и з о д а Р., Ш у к у р о в М.,

А б д у ҷ а б б о р о в Т., Фарҳанги истилоҳоти адабиётшиносӣ. Д., 1968; Б о б о е в  Ю., Муқаддимаи адабиётшиносӣ, Д , 1974,

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …