Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Пёйве Ян Волдемарович

Пёйве Ян Волдемарович

Пёйве Ян Волдемарович (3. 8. 1906, деҳаи Семенсево, ҳозира райони Торопеки вилояти Калинин—1976, Мо­сква), агрохимики советӣ, акад. АФ ССОР (1966), акад. АФ РСС Латвия (1946), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиа­листӣ (1969), Аъзои КПСС аз соли 1940. Соли 1929 Ака­демияи хоҷагии қишлоқи Мо­сква ба номи К. А. Тимирязевро хатм кард. Солҳои 1931 —1944 дар Институти тадқиқоти илмии умумииттифоқии загиркорӣ кор карда аст. Солҳои 1942—1944 директори институти номбурда. 1944-1950 ректори Академиии хоҷаги қишлоқи Латвия, 1951—1959 прези­денти АФ РСС Латвия, 1963 мудири лабораторияи биохимияи микроэлементҳои Институти физиологияи растаниҳои АФ СССР ба номи К. А. Тими­рязев.

Аз соли 1971 академик котиби шӯъ­баи биологияи умумии АФ СССР. Пёйве асосан масъалаҳои химия ва био­химияи микроэлементҳо (бор, мис, молибден ва ғайра, инчунин калий ва аллюминий)-ро тадқиқ кард. Барои тадқиқоти дар соҳаи микроэлементҳо бурдааш лауреати Мукофоти ле­нини (1964) гардид. Дар Съезди 22- юми КПСС номзад ба аъзоии КМ КПСС, дар Съезди 23-юми КПСС аъ­зои КМ КПСС интихоб шуд. Депу­тати Советӣ Олии СССР (даъватҳои 4—7). Рамси Советӣ Миллатҳои Совети Олии СССР (даъватҳои 5—6). Бо 4 ордени Ленин, 5 ордени дигар ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Ас.: Микроэлементы и ферменты, Ри­га, 1960 Биохимия почв. М., 1961.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …