Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Пёйве Александр Волдемарович

Пёйве Александр Волдемарович

Пёйве Александр Волдемарович (таваллудаш  9. 2. 1909, деҳаи Сементсево, ҳозира райони Торопетски вилояти Калинин), геологи советйӣ акад. АФ СССР  (1964; аъзо-корр.  1956). Доктори  илмҳои геология  ва минералогия (1946).         Аъзои КПСС аз соли 1953. Институти иктишофи геологии Москваро хатм кардааст (1930). Солҳои 1929 —1935 дар Институти илмии оид ба нуриҳои минералӣ дар вазифаҳои геолог, геологи калон ва сардори отряд кор кард. Солҳои 1935— 1938 ходоми илмӣ, 1944—1950 ҷонишини мудири шӯъба ва аз 1960 директори Институти геологияи АФ СССР.

Ӯ асосан назарияи геосинклиналҳо, ҳаракатҳои тектоникии уфуқӣ, қонунияти пайдоиши сарватҳои зеризаминии гуногун ва ғайраро тадқиқ карда­аст. Пёйве асосгузори таълимоти чокҳои (кафидаҳои) қаъри замин ва алоқаи онҳо бо магматизму металлогения мебошад. Дар кашфи як қатор конҳои боксит, фосфорит, намаки калий ва тартиб додани харитаи тектоникии Евросиё (масштабаш 1 : 5000000) иштирок кардааст. Ӯ президенти Ко­миссияи иловагии байналхалқӣ оид ба харитаи тектоникии ҷаҳон аст (аз 1972). Пёйве ду карат лауреати Мукофоти давлатия СССР (1946, 1969) ва Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1979) мебошад. Бо ду ордени Ленин, ду ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ордени «Нишони Фахрӣ» ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Ас.: Общая характеристика, классифи­кация и пространственное расположение глубинных разломов. Главнейшие типы глубинных разломов, «Изв. АН СССР. Сер. геологическая», 1956, М 1; Связь адконакопления, складчатости, магма­тизма и минеральных месторождений с глубинными разломами. Главнейшие ти­пы глубинных разломов, хдмон чо, М» 3; Тектоника и магматизм, хамон чо, 1961, л» 3; Океаническая кора геологического прошлого, «Геотектоника»», 1969, № А.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …