Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Пётти Уилям

Пётти Уилям

Пётти (Реtty) Уилям (26. 5. 1623, Рамси, Хэмпшир—16. 12. 1687, Лон­дон), иқтисодчии англис, асосгузори иқтисоди сиёсии классикии буржуазӣ. Дар университетҳои Лейден, Париж ва Оксфорд маълумоти тиббӣ гирифтааст. Қобилияти дониши ҳаматарафа дошт: соли 1647 мошини нусхабардорро ихтироъ кард, 1649 доктори физика, 1651 профессори анатомия ва мусиқӣ гардид. Пётти заминдори калон ва идоологи буржуазияи англис буд. Асарҳои асосии Пётти: «Рисолаи андоз ва андозғундорӣ» (1662), «Сухан ба оқилон» (1665), «Анатомияи сиёсии Ирлан­дия» (1672), «Арифметикаи сиёсӣ» (1683) ва айра. Агар дар таълифоти аввалини Петти таъсири ғоявии меркан­тилизм мушоҳида гардад, дар асар­ҳои мннбаъдаи ӯ, алалхусус дар «Чанд сухан оид ба пул» (1682), ин таъсир ба назар намерасад.

Петти бар хилофи меркантилистҳо, ва муҳити мубодила, балки муҳити истеҳсолотро манбаи боигарй меҳисобид. Петти инкишофи иқтисодии ҷамъиятро ба қонунҳои объективӣ вобаста медонист, агарчи қонунҳои ҷамъиятӣ, иқтисодӣ ва табиатро аз ҳам ҷудо намекард ва онҳоро абадиву тағйирнопазир мешуморид. Петти— аввалин муаллифи назарияи арзиши меҳнат. Ӯ арзишро ба ду тақсим кард: арзиши дохилӣ («нархи табиӣ») ва нархи бозор. Петти арзиши меҳнати сарфшударо муайян намуда, ба самаранокии меҳнат вобаста будани андозаи арзишро муқаррар кард, вале андозаи арзишро бо замин ва меҳнат чен карда, ба хато роҳ дод. Петти кӯшидааст, масъалан пайдоиши арзиши изо­фаро аз нуқтаи назари арзиши моле, ки барои истеҳсолаш меҳнат сарф шудааст, ҳал намоед.

Ба ақидаи Петти рента шакли умумии арзиши изофа буда, ба таври конкретӣ дар рентаи замин ва рентаи пул (фоиз) зоҳир мешавад. Петти аввалин иқтисодчиест, ки масъалаи рентаи дифференмионалии заминро ба миён гузоштааст. Масъалаи баҳои заминро низ аз нуқтаи назари илмӣ дуруст ҳал карда­аст. Петти агарчи мудохилаи давлатро дар танзими хоҷагии халқ қонунӣ меҳисобид, вале тарафдори ба капи­тали саноатӣ мутеъ гардондани иқтисоди мамлакат буд. Петти ҳангоми таҳлили як қатор масъалаҳои иқтисодӣ ба кушодани моҳияти онҳо наздик шудааст.

Ад.: Ленин В. И., К характеристике экономического романтизма. Поли. собр. соч., т. 2; Афанасьев В. С., Возник­новение классической буржуазной полит­экономии (Вильям Петли) М., 1960; ха- 4 мон му а л л., Этапы развития буржу­азной политической экономии. М.. 197.1.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …