Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Петрянов—Соколов Игор

Петрянов—Соколов Игор

Петрянов—Соколов Игор Ва­силевич (таваллудаш 18. 6.1907, деҳаи Бол­шая Якшени ҳозира вилояти Горкий), физику химики советӣ, акад. АФ СССР (1966; аъзо- корр. 1953), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1971).

Баъди хатми Университети давлатии Москва (1930) дар Институти физикаю химияи ба номи Л. Я. Кар­лов (аз соли 1908 мудири шӯъба) кор мекунад; дар як вақт (аз соли 1947) профессори Институти технологияи химиявии ба номи Д. И. Менделееви Москва. Асарҳои асосии Петрянов—Соколов ба омӯхтани системаҳои аэродисперсӣ оиданд. Петрянов— Соколов усулҳои нави тадқиқи системаҳои аэродисперсиро пешниҳод кард, шароити дар ин системаҳои ҳосил шудани зарядҳои электрӣ ва ба устувории аэрозолҳо таъсир намудани ин зарядҳо, инчунин қонунҳои филтронии аэрозолҳоро омӯхт; хелҳои нави масолеҳи филтронандаро ҳосил на­муд, ки онҳо аҳамияти саноатӣ доранд; масолеҳи аз гулгулаҳои истеҳсолот ва рӯзгор муҳофизаткунандаро пешниҳод намуд. Петрянов—Соколов аз соли 1964 сармуҳаррири журнали «Химия и жизнь» аст. Лауреати Мукофоти дав­латии СССР (1941), Мукофоти ленинӣ (1966). Бо 3 ордени Ленин, 3 ордени дигар ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …