Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Петрушёвский Дмитрий Моисе­евич

Петрушёвский Дмитрий Моисе­евич

Петрушёвский Дмитрий Моисе­евич (13. 9. 1863, деҳаи Кобриновои губ. Киев, ҳозира вилояти Черкас —12. 12. 1942, Қазон), муаррих-медиевисти рус (муҳаққиқи таърихи асрҳои миёнаи Европаи Ғарбӣ), акад. АФ ООСР (1929; аъзо-  корр. 1924), профессори хизматнишондода (1925). Соли 1886 Университети Киевро хатм намудааст. Дар Москва, Варшава, Петербург, Иваново ба муаллимӣ машғул буд. Аз соли 1906 профессори Университети Москва. Соли 1911 ба аломати эътироз аз сиёсати иртиҷоии вазири маорифи халқ Л. А. Кассо университетро тарк намуд. Ба университет соли 1917 баргашт. Солҳои 20 директори Институти таърихи Ассотсиасияи институтҳои тадқиқоти илмии фанҳои ҷамъиятшиносии Россия буд.

Петрушёвский ба равияи иҷтимоию иқтисодии медиевистика нисбат дошта, дар ибтидои фаъолияти илмиаш то андозае зери таъсири ғояҳои материализ­ми таърихӣ монда буд. Петрушёвский дар масъалаи омӯзиши муносибатҳои аграрии Англияи асрҳои миёна кори муаррихи рус П. Г. Виноградовро давом Дод. Дар асари «Шӯриши Уот Тай­лер» (қ. 1—2, 1897—1901) шӯриши деҳқонони Англилро натиҷаи таназзули ҷамъияти феодалӣ ва пайдоиши муносибатҳои иави иқтисодӣ дар деҳоти Англия меҳисобид. Асари дигари Петрушёвский «Очеркҳои таърихи ҷамъият ва давлатҳои асримиёнагӣ» (1907; нашри 5, соли 1922) ба проблемаи пайдоиши феодализм дар Европаи Ғар­бӣ оид аст. «Очеркҳои таърихи иқтисодиёти Европаи асрҳои миёна» (1928) бошад, яке аз асарҳои барҷастаи уст. Петрушёвский як қатор асарҳои роҷеъ ба Англияи асрҳоиои 11—12-ро тарҷума ва нашр кардааст.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …