Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Петрозаводск

Петрозаводск

Петрозаводск, шаҳр, пойтахти РАСС Карелия. Бандар дар соҳили кӯли Онега. Увели роҳи оҳан  Аэропорт дорад. Аҳолиаш 234 ҳазор нафар (1979). Петрозаводск муҳимтарин маркази саноатии Карелия мебошад (зиёда аз 1/4 ҳиссаи маҳсулоти саноатии республикаро медиҳад). Соҳаҳои асосии саноаташ: мошинсоэӣ ва коркарди металл. Заводҳои калонтарини Петрозаводск тракторсозӣ (тракторҳо барои саноати ҷангал), мошинҳои коғазбарорӣ, дастгоҳсозӣ ва киштисозӣ. Инчунин фабрикаи абрақ, комбинатҳои хонасозӣ ва тахтабурию мебел дорад. Саноати сабук ва хӯрокворӣ низ ривоҷ ёфтааст. Дар Петрозаводск Филиали карелиягии АФ СССР, университет. филиали консерваториии Ленин­град, институти педагоги, 13 мактаби миёнаи махсус, 2 музей, 4 театр, омӯзишгоҳи мусиқӣ мавҷуданд.

Петрозаводск соли 1703 бо номи «Петровская слобода» бунёд ёфтааст. Аз 1777— шаҳри Петрозаводск. Шаҳр, ки солҳои 1941—1944, дар давраи истилои фашистони немис хеле хароб шуда буд, баъди ҷанг аз нав обод гардид.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …