Главная / Илм / Петрохимия

Петрохимия

Петрохимия, як фасли петрографияро гӯянд, ки тарзи тақсимшавии элементҳои химиявиро дар таркиби Ҷинсҳои кӯҳии магмавӣ ва минерал­ҳои ҷинсофарин меомӯзад. Мафҳуми «Петрохимия»-ро соли 1944 олими советӣ А. П. Заваритский дар илм ҷорӣ кардааст. Петрохимия ҳамчун соҳаи мустақил дар заминаи илмҳои петрография ва хи­мия ба вуҷуд омадааст. Мавзӯи тадқиқи Петрохимия таркиби химиявии ҷинсҳои кӯҳӣ аст, ки он бо роҳи таҳлили лабораторӣ муқаррар карда шуда, бо оксидҳо (ба оби фоизи баркаш) ифода меёбад. Системаҳои гуногуни такроран ҳисоб кардани таҳлилҳои химиявӣ ки ҷинсҳои кӯҳӣ, ки алокаҳои қонунии таркиби химиявӣ ва минералии ҷинсҳоро ошкор месозанд, асосҳои методии Петрохимия мебошанд.

Дар СОСР бештар системаи такроран ҳисоб кардани таҳлилҳои химиявии ҷинсҳои кӯҳии магмавӣ, ки А. Н. Заваритский пешниҳод кардааст, истифода бурда мешавад. Дар хориҷа бошад, системаҳои такроран ҳисобкунии гурӯҳи олимони америкоӣ У. Кросс, Ҷ.  Иддингс, Л. Пирсон ва Г. Вашингтон, инчунин геологи швейсарӣ П. Ниггли ва дигарон маъмул аст. Петрохимия бо роҳи муқоисаи хусусиятҳои химиявии комплексҳои табиии ҷинсҳои кӯҳӣ, сабабҳои гуногунии онҳоро ошкору маънидод мекунад, таснифи химиявӣ ва масъалаҳои пайдоши ҷинсҳои кӯҳиро ҳал менамояд. Инкишофи усулҳои петрохимиявии тадқиқот боиси вусъат ёфтани доираи вазифаҳои Петрохимия гардид.

Ад.: Заваридский А. Н., Введение в петрохимию изверженных горных по­род, 2 изд., М.—Л., 1950; Соловьёв С. П., Химизм магматических горных пород и некоторые вопросы петрохимии, Л., 1970.

Дар борамон M. A.

Инчунин кобед

Петрофизика

Петрофизика (аз юн. реtros — санг ва …физика), як соҳаи илми геология, ки хосиятщои физикии …