Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Петровский Николай Фёдорович

Петровский Николай Фёдорович

Петровский Николай Фёдорович (30. 11. 1837—,19. 11. 1908, Тошкент). кишваршиноси рус, муҳаққиқи Осмиёи Миёна. Баъди хатми Корпуси 2- юми кадетии Москва чанд муддат дар полки гренадёрии Астрахан поручик шуда хизмат кардааст. Петровский аз ноябри 1865 дар аппарати Комитети лавлатӣ аввал ҳисобчӣ, минбаъд ревизори хурд ва ходими канселярия буд. 26 январи 1870 ҳамчун амалдори таъияоти махсус ба Вазорати молия гузашт ва ҳамон сол ба сифати агенти тиҷорат ба Туркистон омад. Петровский мебоист бо иқтисодиёти кишвар, хусусан имкониятҳои тараққиёти соҳаҳои дорои аҳамияти саноатию тиҷоратии истеҳсолоти маҳаллӣ шинос мешуд.

Петровский чун аъзои Шӯъбаи туркистонии ҷамъият оид ба ҳамкории саноат ва тиҷорат соли 1872 ба Бухоро ва Қошғар сафар намуда, дар бораи молҳои ба Бухоро овардашуда ва аз Бухоро (ба Россия) барои фурӯш баровардашуда маълумот ҷамъ овард. Минбаъд дар натиҷаи мухолифат бо Кауфман маҷбур шуд Туркистонро тарк кунад. 1 июни 1882 ӯро ба ВКХ гузаронида дар Қошғар (Синьцзян) консул таъин карданд (аз 14 марти 1895 консули генералӣ). Петровский аз 26 феврали 1896 аъзои Кружоки дӯстдорони археологияи Туркистон буд.

Петровский аввалин шуда, ба ҷамъоварии осори атиқа ва ёдгориҳои қадимаи Осиёи Миёна ва Қошғар шурӯъ карда, муассисаҳои илмии Россияро бо материалҳои нодир бой намуд, ки онҳо минбаъд диққати В. В. Бартолд ва С. Ф. Олденбургро ҷалб карданд. Материалҳои ғуновардаи Петровский (дастхатхӯҳо, ашёҳои қадима) дар Эрмитажи давлатӣ, Музеи Осиё, Музеи Ҷамъияти архе­ологии рус ва ғайра махфузанд. Тадқиқоти Петровский оид ба Осиёи Миёна то ҳол аҳамияти худро гум накардааст. Петровский аъзои фахрии Ҷамъияти географии рус буд.

Ас.: Материалы для торговой стати­стики Туркестанского крал. Отчёт Ми­нистерству финансов агента в Турке­станском крае, в.,    7, Ташкент, 1873;

Шелководство я шелкомотание в Сред­ней Азии, СПб, 18.74; Заметка (О мече­ти Ходжи Ахмеда Ясавн в г. Туркес­тане), Туркестанские ведомости, 1506, М 82.

Ад.: Историография общественных на­ук в Узбекистане, Ташкент, 1974.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …