Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Петров Вячеслав Фёдорович

Петров Вячеслав Фёдорович

Петров Вячеслав Фёдорович (26. 9. 1889, Тошкент—6. 3. 1969, Душан­бе), астрономи советӣ, Устоди пахтаи РСС Тоҷикистон (1947), аъзо-корр. АФ РСС Тоҷикистон. (1951), Агрономи  Хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон (1952). Аъзои КПСС аз соли 1941. Соли 1911 Институти хоҷагии қишлоқи Москва (ҳоло Академияи хоҷагии қишлоқи ба коми К. А. Тимирязев)-ро хатм карда, солҳои 1911 —1913 дар кафедраи технологияи хоҷагии қишлоқи институти номбурда кор кардааст. Петров тамоми фаъолияти илмии худро ба равнақу ривоҷи хоҷагии қишлоқи Осиёи Миё­на бахшидааст.

Солҳои 1913—1930 ӯ агрономи идораи зироати кишвари Туркистон (солҳои 1925—1927 ба Эрон фиристода шуд ва дар он ҷо ба равнақи пахтакорйӣ хеле мадад расонд) буд. Соли 1931 ба Тоҷикистон омада то охи­ри умр дар соҳаҳои гуногун кор кард, дар равнақ пахтакории рес­публика саҳми калон гузошт. Соли 1931 директори совхози «Вахш»-и РСС Тоҷикистон, 1932 ҷонишини трести «Тоҷиксовхозпахта», 1933 директори Институти азнавсозии сотсиалистин хоҷагии қишлоқ дар Тоҷи­кистон, 1936 агрономи калони МТС-и ба номи В. И. Чапаеви ҳозира райони Колхозобод, 1937 агрономи ка­лони ӯ правления и пахта, 1941-1943 дар сафи Армияи Сурх, 1913—1946 сарвазири Вазорати давлатии РСС Тоҷикистон.

1946—1949 сарагрономи Вазорати зиро­ати техникии РСС Тоҷикистон, 1947—1951 ҷонишини раиси Президиуми Советӣ Олии РСС Тоҷикистон, 1951—1956 роҳбари шӯъбаи пахтакории АФ РСС Тоҷикистон ва аз соли 1956 сардори шӯъбаи Институти зироати Тоҷикистон. Петров доир ба масъалаҳои гуногуни пахтакорӣ зиёда аз 100 таълифот дорад. 1947— 1959 аъзои Президиуми Совети Олии РСС, Тоҷикистон, Депутат Советӣ Олии РСС Тоҷикистон (даъватҳои 2—4) интихоб шу­дааст. Бо 2 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ордени Ситораи Сурх, орде­ни Ҷанги Ватанӣ (дараҷаи 1), 3 ордени «Нишони Фахрӣ», 4 медал ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шу­дааст.

Ас.: Материалы к истории развития хлопководства в Таджикской республике. <«Тр. АН Таджикской ССР», 1057. т. 79; Посевные качества дражириванных семян хлопчатника аэрохимического дементерования, Сельское хозяйство Таджикиста­на, 1971, № 1,

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …