Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Петров Борис Николаевич

Петров Борис Николаевич

Петров Борис Николаевич (11. 3. 1913, Смоленск — 23. 8. 1980, Москва), олими советӣ дар соҳаи идораи автоматӣ, акад. АФ СССР (1900; аъзо-корр. 1953), ноиб – президенти АФ СССР (1979), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1969). Пас аз хатми Институти энергетикии Москва (1939) дар Институти проблемаҳои идоракунии АФ СССР (солҳои 1940—1946 ходими калони илмӣ, 1947—1951 дирек­тор ва аз соли 1951 мудири шӯъба) кор кардааст. Аз соли 1950 мудири кафедраи Институти авиатсионии Москва (аз соли 1948 профессор).

Акад.-котиби Шӯъбаи механика ва просессҳои идоракунии АФ СССР (аз соли 1963), раиси Совет оид ба ҳамкории байналхалқӣ дар соҳаи таджик, ва истифодаи фазоӣ кайҳон «Интеркосмос». Асарҳои илмии Петров ба назарияи танзими автома­тӣ, проблемаҳои информатсионии на­зарияи идоракунӣ, системаҳои идораи автоматӣ бо объектҳои мутаҳаррик оиданд. Аъзои ҳақиқии Акаде­мияи баиналхалқии астронавтика (1971), аъзои якчанд академияҳои ҷаҳон. Лауреат Мукофоти ленинӣ (1966), Мукофоти давлатии СССР (1972). Бо 4 ордени Ленин, ордени Револютсияи Октябр ва дигарон ордену медалҳои советӣ ва хориҷӣ мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …