Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Петросян Тигран Вартанович

Петросян Тигран Вартанович

Петросян Тигран Вартанович (таваллудаш 17. 6. 1929, Тбилиси), шоҳмотбози советӣ, гроссмейстери СССР ва байналхалқӣ (1952), Устоди Хизматнишондодаи Спорт (1960), журна­лист, номзади илми фалсафа (1968), Чемпиони СССР (1959, 1961, 1969, 1975), ҷаҳон (1963—1966, баъди ғалаба бар М. М. Ботвинник ва 1966—1969, баъди ғалаба бар Б. В. Спасский).

Дар ҳайати командаи яккачини СССР дар олимпиадаҳои шоҳмот солҳои 1958—1976 ва чемпионатҳои Евро­па (1957—1979) ҷои 1-умро гирифт. Аз соли 1958 аъзои Президиуми Федератсияи шоҳмоти СССР; солҳои 1968—1976 муҳаррири нашрияи ҳафтаинаи «64» (иловаи газетаи «Советский спорт»). Соли 1968 дар Ереван китоби Петросян «Шоҳмот ва фалсафа» аз чоп баромад. Бо ордени «Нишони Фахрӣ» ва медалҳо мукофотоннда шудааст.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …