Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Петропаловский Борис Сер­геевич

Петропаловский Борис Сер­геевич

Петропаловский Борис Сер­геевич (26. 5. 1898, Курск — 6. 11. 1933, Ленинград), яке аз ташкилотчиён ва роҳбарони корҳои тадқиқотӣ оид ба техникаи ракетӣ дар ООСР. Аъзои КПСС аз соли 1920. Соли 1915 Корпуси кадетии ба номи Суворовро дар Варшава, сипас курси кӯтоҳмуддати Омӯзишгоҳи артиллерии ба номи Константиновро дар Петроград хатм кард. Солҳои 1918—1919 котиби комитети иҷроияи Совети депутатҳои коргару деҳқони уезди Новоторжск. Аз соли 1919 дар Армияи Сурх.

Бар зидди гвардиячиёни сафед дар фронтҳои Ҷанубӣ ва Ғарбӣ, барои озод кардани Закавказия ва Осиён Миёна ҷангидааст. Соли 1929 Академияп Ҳар­бии техникии ба номи Ф. Э. Дзер­жинскийро (Ленинград), хатм намуда, ба Лабораторияи газодинамикӣ ба кор таъин шуд (солҳои 1930—1931 сардори ҳамин лаборатория). Дар сохтани снарядҳои реактивӣ барои «Катюша» саҳми калон гузошт. Ба танӯраи тарафи нонамоёни Моҳ но­ми Петропавловский дода шудааст.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …