Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Петропавловск

Петропавловск

Петропавловск, шаҳр, марка­зи вилояти Қазоқистони Шимолии РСС Қазоқистон. Дар соҳили рости дарёи Ишим воқеъ гардидааст. Аз Петропавловск ба ҷиҳатти роҳи оҳан Селиноград — Қарағанда — Моинти — Чу мегузарад. Аҳолиаш 207 ҳазор нафар (1979).

Соҳаҳои саноаташ: мошинсозӣ ва коркарди металл (а- дҳои мошинсозӣ, муҳаррику механизмҳои гуногун, масолеҳи изолятсионӣ), саноати сабук (фабрикаҳои дӯзандагӣ ва пойафзол, заводи чарм), хӯрокворӣ (комбинатҳои гӯшт, орд, заводи шир), истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ. Институти педагогӣ, филиали Институти политехникии Урал, театри драма, фи­лармония, музеи кишваршиносӣ до­рад. Петропавловск соли 1752 ҳамчун қалъа бунёд ёфтааст. Аз соли 1807— шаҳр.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …