Маълумоти охирин
Главная / Илм / Петрология

Петрология

Петрология (аз юн. рetros — санг ва …логия), илм оид ба пайдоиш, таркиб ва ҷойгиршавии ҷинсҳои кӯҳӣ. Петрология бо тектоника, минера­логия ва илми оид ба сарватҳои зеризаминӣ зич алоқаманд буда, ба инкишофи онҳо ҳисса мегузорад.

Дар СССР қисме аз олимон (Ф. Ю. Левинсон-Лессинг, Д. С. Белянкин ва дигарон) чунин мешуморанд, ки мафҳумҳои Петрология ва Петрография ба ҳаммуродифанд: дигарон (А. Н. Заваритскин) ба петрография танҳо тавсифи ҷинсҳои кӯҳӣ, ба Петрология бошад, қисми генетикӣ ва сохти назариявии онро, ки ба тавсифи петрографию тадқиқи эксперименталӣ асос ёфта­аст, нисбат медиҳанд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …